Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заноне, ки ба нишасти хабарии Зоиров ҳамла карданд, кистанд?


Заноне, ки субҳи 10-уми декабр нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистонро халалдор карданд, мегӯянд, ба ягон ҳизб ё созмон рабт надоранд ва аз ҳеҷ куҷо дастур нагирифтаанд.

Ин гурӯҳи тақрибан 20-нафараи занон, ки ногаҳон бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" вориди толор шуд, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор кард. Ба гуфтаи аксари хабарнигорон, ки дар нишасти матбуотӣ ширкат доштанд, бархе аз занон қаблан дар тазоҳуроти назди сафорати Амрико дар Душанбе дида шудаанд.




Ҳамакнун ин занҳо бо ворид кардани халал ба нишасти матбуотии раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон даъво доранд, ки «Раҳматулло Зоиров дар Украина буда ва алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон гапҳои носазо гуфтааст.» Ин занҳо гуфтанд, аз он нигаронанд, ки Раҳматулло Зоиров аз сиёсати президент Раҳмон норизо аст ва аз ӯ дар хориҷ аз кишвар бадгӯӣ кардааст.

Назокат Алимова, яке аз занҳои эътирозгар дар нишасти матбуотии Зоиров.

Назокат Алимова, яке аз занҳои эътирозгар дар нишасти матбуотии Зоиров.

Бархе аз занон ба ширкатдорони нишаст, яъне хабарнигорон низ дарафтоданд ва бо садои баланд гуфтанд, ки "шумо сафсаттаҳои Раҳматулло Зоировро гӯш накунед."

Ин гурӯҳи занҳо ба кадоме аз ҷониб тааллуқ доштанашонро мушахассан баён накардаанд, аммо гуфтаанд, ки аз тариқи интернет аз нишасти хабарии Зоиров огоҳ шудаанд ва довталабона ба инҷо омадаанд, то аз "сиёсати хирадмандона"-и президент Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ кунанд. Ҳамзамон, онҳо худро мутаалиқи кадом як ҳизбу ҳаракат намедонанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд аз ҷониби кадом як ниҳоди давлатӣ ҳам дастур нагирифтаанд.

Тазоҳуроти ин занҳо ба нишони эътироз аз озодии сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздошт дар Украина дар аввалҳои моҳи апрели соли равон дар назди сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе сурат гирифта буд. Онҳо ҳукумати Амрикоро айбдор мекарданд, ки ба раҳоии Абдуллоҷонов, ки дар Амрико паноҳандагии сиёсӣ дорад, мусоадат намудааст. Тазоҳуроти пуршӯри онҳо дар ҳоле ба вуқӯъ омада буд, ки ҳама гуна таҷаммӯъ ва тазоҳурот дар Тоҷикистон дар нахустин лаҳзаи оғозаш саркӯб ва пароканда карда мешавад. Ҷамъомади занон бо шиорҳои аз пеш омодашуда ин ақидаро дар матбуот ба миён овард, ки тазоҳуроти назди сафорати Амрико наметавонист бе мусоадат ё сукути тарафгиронаи мақомоти давлатӣ ба вуқӯъ пайвандад.

"МО ҲАМДИГАРРО НАМЕШИНОСЕМ"

Назокат Алиева, яке аз он занҳое, ки бо нишони эътироз ба нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров омада буданд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари нишасти матбуотии Зойировро аз интернет фаҳмидааст. Вай дар як суҳбати кутоҳ бо хабарнигори Озодӣ ҳадафи халадор кардани нишасти матбуоти ҷаноби Зойировро чунин шарҳ дод:«Мо ба он хотир омадем, гапзанон кунем, ки ҳамин одам президенти моро дар ҳар куҷо ба ҳар гап нагуяд. Ин тоҷики мо аст. Мо зиндагии осуда дорем».

Озодӣ: Шумо дар куҷо кор мекунед?

Назокат Алиева: «Ман дар як фирма кор мекунам, ба ҳайси бухгалтер».

Озодӣ: Пас дар соати корӣ Шумо ин ҷо чи кор мекунед?

Назокат Алиева: «Ман бонк рафта истода будам, ҳамин гапро шунидаму инҷо омадам».

Озодӣ: Шумо ин занҳоро мешиносед?

Назокат Алиева: «Не, ман инҳоро тамоман намешиносам. Шавҳари ман ҳам дар ҷанг мурд, писарам гурезашуда дар Русия аст. Хайр ҳамин ҷангу ҷанҷол чӣ хел аст?!».

Озодӣ: Шумо ҳамон нафаре ҳастед, ки дар гирдиҳамоии моҳи апрел дар назди сафорати Амрико дар Душанбе иштирок доштед, бале?

Назокат Алиева: «Не. Ман он нафар нестам».

Озодӣ: Чӣ хел? Шумо набудед магар?

Назокат Алиева: «Не ман ягон бор дар он ҷо набудам».



Ин ҳам дар ҳолест, ки мушоҳидаи шоҳидон ва муқоисаи аксҳои хонум Алиева дар шабакаҳои интерент, иштироки у дар тазоҳуроти шаҳрвандон дар назди сафоратхонаи Амрико дар моҳи апрелро тасдиқ мекунад.

"БРИГАДА"-И МИНТИНГЧИЁН?

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди ҳамлаи гуруҳи занон ба нишасти матбуотии Раҳматилло Зойиров шудааст, гуфт, баробари ворид шудани ин гуруҳи занҳо ӯро ҳодисаи эътирози шаҳрвандон дар назди сафорати Амрико ёд омад, ки рузи 5 апрели соли ҷорӣ, баъд аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар Киев, сурат гирифт.

Вай гуфт: «ҳамон вақт ҳам нофаҳмо буд, ки чаро он ҷо рафтанд ва митинг карданд. Имруз ҳам вақте ворид шуданд, ман гуфтам, ин ҷо боз чи гапе мешавад. Мақсад як буд, мехостанд ин нишастро пароканда кунанд, вале онҳо чӣ мехостанд, чӣ мегуфтанд, худашон намефаҳмиданд». Аммо ҷаноби Раҳмонов гуфт, ҳануз норушан аст, ки чаро як гуруҳи занҳо метавонад бидуни мамомният эътироз кунанд, дар ҳоле, ки ҳама гуна таҷаммӯъи беиҷозат дар Тоҷикистон манъ шудааст.

Аммо ин гуруҳи занҳо мегуфтанд, онҳо барои халалдор кардани ин нишаст изоҷат доранд, вале нагуфтанд, ки ин иҷозатро аз кӣ дарёфт кардаанд. Масъулони идораи пулиси ноҳияи Синои пойтахт ва Вазорати корҳои дохилӣ аз иттифоқ афтодани ин ҳодиса изҳори беиттилоӣ карданд. Ва гуфтанд, ки дар ин маврид «чизе намедонанд».

Дар ҳамин ҳол, нозирони умур мегӯянд, истифода аз занҳо дар муҳити сиёсии Тоҷикистон кори нав нест, зеро ҳанӯз аз аввали солҳои истиқлол занҳо бо ҳадафҳои сиёсӣ дар ҳамоишҳои сиёсӣ истифода мешаванд.

Барои муқоиса метавонед ин ҷо видеои тазоҳуроти занон дар назди сафорати Амрико дар Душанберо бубинед.



Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, дар посух ба суоли он ки чаро ин гуруҳи занҳо метавонанд, озодона фаъолият кунанд, дар ҳоле, ки тамоми таҷаммуъ ва ё гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ манъ аст?, афзуд: «аслан наметавон гуфт, ки онҳо пурра озодона фаъолият мекунанд, вале метавон гуфт, ки онҳо аз ҷониби гуруҳ ё ниҳоде роҳнамоӣ ва шояд идора мешаванд. Ҳарчанд барои исботи ин, далеле вуҷуд надорад».

Бо ин ҳама ин таҳлилгари тоҷик гуфт, ки ин ҳодисаи ахир ба фарқ аз гирдиҳамоии гуруҳи занон дар гузашта тафовут дорад. Ҷаноби Дустов гуфт: «гуруҳи занҳое, ки ба ҳукумати шаҳри Душанбе омаданӣ буданд, баъд аз сӯхтани бозори Корвон фикр намекунам, ки онҳо идоваршаванда бошанд. Вале хеле аз вижагиҳои ҳодисаи охир далолат аз он мекунад, ки онҳо идорашаванда мебошанд».

ЗОИРОВ НИШАСТРО ИДОМА ДОД

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро аз соли 1998 Раҳматулло Зоиров ҳуқуқдони тоҷик бар ӯҳда дорад ва дафтари ин ҳизб дар манзили вай воқеъ аст.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қабл аз нишасти хабарӣ ба радиои Озодӣ гуфта буд, тайи ҳафтае, ки ба Украина сафар доштааст танҳо ҳамчун муҳақиқи сиёсӣ тазоҳуроти сиёсӣ дар ин кишварро мушоҳида кардааст.

​Раҳматулло Зоиров, рӯзи 10-уми декабр пас аз бозгашт аз сафари якҳафтаина аз Украина ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай на ҳамчун раиси ҳизби сиёсӣ, балки чун муҳақиқ дар Майдани Украина таҳавулоти сиёсии ин кишварро таҳқиқ кардааст.

«Ончие, ки расонаҳо ва шабакаҳои телевизиони Русия аз ҷараёни тазоҳурот дар Украина пахш мекунанд комилан ба воқеият рост намеояд. То дар ин майдон набошӣ ва бо мардум сӯҳбат накунӣ аз воқеияти аслӣ бохбабар шуда наметавонӣ», мегӯяд Зоиров.

Аммо ба гуфти ӯ «ончӣ мусаллам аст ин аст, ки мардуми Украина мехоҳад зиндагии худро бо иродаи худ бисозад ва таъйин кунад».

Ҷаноби Зоиров меафзояд, ки дар Майдани Укроина бо намояндагони тазоҳуркунандагон ва бо созмонҳои шаҳрвандии ин кишвар мулоқот кардааст ва доир ба сабабҳои аслии ин таҳавулот пурсон шудааст.

Аммо ҷаноби Зоиров аз баёни фикри худ дори ба ҳаводиси Украниа худдорӣ кард ва гуфт, ки дар нишасти хабарие, ки имрӯз ба ин муносибат баргузор хоҳад кард муфассал суҳбат мекунад.

Вай афзуд, ки аз ҷараёни таҳвулоти сиёсии Укроин 2000 дона акс ва ҳудуди 4 соат навори видеоӣ бардоштааст, ки доир ба ин ин ҳодиса рисолаи таҳқиқотӣ хоҳад навишт.

Тазоҳургарони украинӣ баъд аз он ба майдонҳо рехтанд, ки Виктор Янукович, аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро охири моҳи ноябр имзо накард. Тазоҳурот бомдоди рӯзи якшанбеи 1-уми декабр дар шаҳри Киев бо ҳамлаи нерӯҳои вижаи пулис рӯбарӯ шуд ва ба хушунат печид. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина аз иқдоми пулис ибрози норозӣ кард.

Ахиран вожгунии ҳайкали доҳии коммунистон В. И. Ленин ва ба муҳосира гирифта шудани биноҳои маъмурӣ дар маркази Киев аз тарафи гуруҳе аз тазоҳуркунандагон рӯҳияи эътироз ва талаби истеъфои раисиҷумҳури Украина Виктор Януковичро қувват дод. Аммо ҳавои сард ва яхбандон шумораи майдоннишинонро дар хиёбони Истиқлолият камтар кардааст. Ниҳоят раҳбари Украина гуфтааст, бо норозиён вориди муколама хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG