Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо ҳазор нафар дар эътирозҳои Киев ширкат карданд


Рӯзи якшанбе садҳо ҳазор нафар эътирозгарон дар маркази шаҳри Киев гирдиҳам омаданд ва бар зидди тасмими Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина, ки дар мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Аврупо имзо нагузошт, эътироз карданд.

Юлия Тимошенко-нахуствазири зиндонии Украина дар номаи худ хостааст, ки Виктор Янукович аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ин номаро Евгения Тимошенко-духтари вай ба эътирозгарони Майдон қироат кард.

Арсений Ятсенюк аз ҳизби Баткившинаи Тимошенко аз ҳуззор хост, ки ҳамаи биноҳои ҳукуматӣ ва давлатиро дар Киев ба муҳосира бигиранд.

Акнун аз се ҳафта ба ин сӯ майдони Истиқлоли Киев ба маҳали эътирозҳои мухолифон табдил ёфтааст.

Якшанбеи ҳафтаи гузашта дар чунин эътирозҳо ҳудуди 300 ҳазор нафар ширкат ҷустанд ва он бузургтарин тазоҳурот аз замони инқилоби норинҷии соли 2004 дар Украина буд. Рӯзи шанбе Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон дар баробари 20 ҳазор нафар суханронӣ кард ва онҳо хост, ки тазоҳуроти худро барои наздиктар шудан бо Аврупо идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG