Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҷиҳодиҳо” кистанд ва чаро ба Сурия ва Ироқ мераванд?


Дар Қазоқистон пажӯҳише анҷом дода шуд, ки таркиби иҷтимоии “ҷиҳодиҳо” ва сабабҳои ба ҷанги Сурия ва Ироқ рафтани онҳоро ошкор кардааст.

Ҳарчанд аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон ҷавонон барои ширкат дар “ҷиҳод” ба Сурия ва Ироқ мераванд, дар ҳоли ҳозир танҳо дар Қазоқистон як пажӯҳиши илмие сурат гирифтааст, ки таркиби иҷтимоии “ҷиҳодиҳо” ва ангезаҳои пайвастани онҳоро ба ҷиҳод нишон медиҳад.

Доктор улуми сиёсии Донишгоҳи Софияи Булғористон, Татяна Дронзина, ки ҳоло дар Донишгоҳи Миллии Аворуосиё дар Остона дарс медиҳад ва мудири Пажӯҳишгоҳи сулҳ, низоъ ва миёнравӣ дар Академияи «Кокше» дар шаҳри Кокшетауи Қазоқистон аст, саргузашти 35 нафареро таҳқиқ кард, ки 25 тани онҳо ҳамоно дар Сурия дар ҳайати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” меҷанганд. Даҳ нафари боқимондаро ҳамсарон ва фарзандони ҷиҳодиҳо ташкил медиҳанд.

Сарнавишти ин ҷиҳодиҳо аз рӯйи 14 шохис, аз ҷумла демогарфӣ, мазҳабӣ, сатҳи таҳсил, касб ва ғайр омӯхта шудаанд.

Бино бар ин пажӯҳиш, «ҷиҳодиҳои қазоқ» асосан мардони 26-36-солаанд. Ҷавонтарини онҳо 20 сол дорад ва куҳансолтарини онҳо 43 сол. Аксарияти онҳо соҳиби оилаанд ва ду-се кӯдак доранд. Онҳо аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистонанд -- Қарағанда, Остона, Оқтеппа, Алмато, вилоятҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва Павлодар.

Татяна Дронзина

Татяна Дронзина

“Мо гуфта наметавонем, ки онҳо хеле ҷавонанд ва чӣ кардани худро намедонанд. Онҳо мардҳои болиғанд. Инро ҳам гуфтан душвор аст, ки онҳо аз ин ё он минтақаи аз ҳад зиёд мазҳабиянд. Баръакс, ҳатто аз минтақаҳои асосан русишуда, ки гумон мерафт, эми зидди тундгароӣ доранд, низ ҷавонон ба ҷиҳод рафтаанд,” – мегӯяд Татяна Дронзина.

То сафари сурия 9 тан аз 25 ҷиҳодӣ фақат маълумоти миёна доштанд, 6 нафар дар донишгоҳ мехонданд ва се тан дар коллеҷҳои касбомӯзӣ.

Пажӯҳиш ин ақидаро низ ботил кард, ки бекорӣ ва нодорӣ сабаби асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ҷиҳоданд. Се нафари ин 25 тан соҳибкор буданд ва даромади бад надоштанд. Дар байни онҳо як мудири осорхона, муҳандиси муваффақ, кӯҳкан, ронандагон, ошпазон ва ғайра будаанд. Бо вуҷуди ин онҳо, воқеан, аз вазъи иқтисодии худ норозӣ буданд.

Аммо аз ин миён, ба қавли профессор Дронзина, танҳо як нафар дар ҳолати ноилоҷӣ буд, зеро қарзҳои зиёде ба гарданаш бор гашта буданд. Ду ҷиҳодии дигар низ вазъи хуб надоштанд. Яке аз онҳо ҳамсари бемор дошт ва даромадаш асосан барои табобати ӯ сарф мешуд. Дувумӣ маҷбур буд, оилаи бародарашро, ки касалии қанд дошт ва кор карда наметавонист, таъмин намояд.

Пажӯҳиши олими булғор нишон медиҳад, ки камбағалӣ ба сари худ наметавонад роҳ ба сӯйи терроризм бошад, балки муҳим ин аст, ки қашшоқӣ дар зеҳни одамон шакли хосе мегирад ва хулосаҳои онҳоро иваз мекунад.

Дар пажӯҳиши доктор Татяна Дронзина гуфта мешавад, ки ҳамаи ин ҷиҳодиҳо роҳи худро аввал аз хондани панҷ вақт намоз сар кардаанд, сипас риш мондаанд, кори пешинаи худро тарк карда, аз дӯстони қаблии хеш буридаанд. Онҳо занони худро маҷбур кардаанд, ки ҳиҷоб пӯшанд ва бино бар қонунҳои шариат зиндагӣ кунанд.

“Як ҷавон дар Алмато дар мактаби хеле хуб таҳсил мекард ва якбора онро партофт. Вай муносибатҳояшро бо ҳамаи дӯсту шиносҳои пешина қатъ кард. Ин айнин механизми ҷалби сектаҳост. Ҳамин гуна механимзм ҳам дар сектаҳои насронӣ амал мекунад ва ҳам мусулмон. Дигаргуниҳо дар давоми вақт рӯй медиҳанд. Оила ва дӯстон ин тағйирро ҳис карданд, аммо ба он эътибор надоданд. Шояд сабаб дар он буд, ки ҳама солҳои охир ба мазҳабӣ шудани ҷомеа одат доштанд ва инро як раванди мусбат мешумурданд,” -- мегӯяд олим.

Ҳамзамон, дар чунин ҳолат, хешу ақрабои “ҷиҳодиён” ҳеч гуна майли онҳоро ба зӯроварӣ ё хушунат мушоҳида накардаанд. Баръакс, онҳоро ҳамчун шахсони дидадаро, гапшунав, меҳрубон ва омодаи кӯмак қаламдод мекунанд. Баъзе аз онҳо дар тамоми умри худ силоҳ ба даст нагирифтаанд ва дар ҳам артиш хидмат накардаанд. Ба гуфтаи падари яке аз ҷиҳодиҳои 27-сола, писари ӯ то рафтанаш ба Сурия вақти зиёди худро дар назди масҷид мегузаронд, ба камбағалон ёрӣ медод, барояшон ғизо мехарид, онҳоро барои шабгузаронӣ ба хона меовард.

Сабабҳои ҷиҳодравии ҷавононро профессор Татяна Дронзина дар он мебинад, ки дар дохили кишвар, Русия, Туркия ва Миср афрод ва гурӯҳҳои хеле корозмудаи ҷалбкунандаи ҷиҳодиҳо амал мекунанд.

“Яке аз ҷиҳодиҳо мегӯяд, вақте ки ӯро дар як кишвари арабӣ ҷалб карданд, дар ниҳодаш ҳисси сахти мубориза бо кофирон ва мулҳидон пайдо шуд. Аммо ҳамзамон ҳисси мубориза бо ҳокимиятдорон низ боло гирифт. Ин ҷиҳодӣ гуфт: “Мо мубориза бурдем, ки “Давлати Исломӣ”-ро созем. Хоҳиши фаъоият кардан ва ширкат варзидан дар ҷиҳод боло гирифт.” Дар ин ҷо омезиши ангезаҳоои динӣ ва сиёсӣ дида мешавад. Ҷангии дигар, ки ҳоло дар маҳбас ба сар мебарад, гуфт, ба вай пули калон ваъда кардаанд. Вале ҳангоме ки ба Сурия расид, дар як хонаи нимвайрона зиндагӣ мекард ва гурӯҳҳои башардӯтс барояш хӯрок меоварданд, зеро ягон чизи хӯрдан надошт,” -- мегӯяд профессор Татяна Дронзина.

Нахустин видео дар бораи “150 ҷиҳодии қазоқ дар Сурия” зиёда аз як сол пеш дар интернет пайдо шуд. Баъзе аз афроди ин видеоро хешонашон дар Қазоқистон шинохтанд. Моҳи гузашта видеои дигаре рӯ зад, ки машқи ҳарбии ноболиғонро нишон медод ва гуфта мешуд, онҳо аз Қазоқистонанд.

Мақомоти қазоқ мегӯянд, ҳоло 300 шаҳрванди ин кишвар дар Сурияанд. Аз Тоҷикистону Қирғизистон низ, бино бар омори расмӣ, ҳамин миқдор афрод дар Сурия меҷанганд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG