Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед Русияро масъули ҳамлаҳои Ҳалаб донист


Кохи Сафед Русияро ба таври ошкоро барои бомбаборони корвони кӯмакҳои башарӣ дар Сурия муттаҳам кард. Ин ҳодиса тавофуқи оташбаси ҳафтаи пеш ҳосилшударо зери суол мебарад. Дар изҳороти рӯзи 20 сентябри Бен Родс, муовини мушовири амнияти миллии Кохи Сафед иттиҳомоти ошкорои Вашингтон дар робита бо ҳамлаҳои Ҳалаб садо дод. Ӯ гуфт: “Дар ин ҳодиса танҳо ду ҷониб метавонад гунаҳгор бошад – ё режими Сурия ва ё ҳукумати Русия”. Дар идома аз қавли Родс хабаргузориҳо навиштанд, ки “дар ҳар сурат мо ҳукумати Русияро масъули ҳамлаҳои ҳавоӣ мешуморем”.

Дар паи ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 19 сентябр, ки болои мошинҳои борбар сурат гирифт, ҳадди аққал 20 мулкӣ кушта шуд. Ин ҳодиса боиси он шуд, ки СММ интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Сурияро боздорад. Дар изҳороти дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ин ҳодиса ҳамчун ҳамлаи “ваҳшиёна” маҳкум шуданд. Дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии СММ рӯзи 20 сентябр Бан Кӣ Мун гуфт, онҳое, ки кӯмакҳои башариро интиқол медоданд, “қаҳрамон буданд” ва ин ҳамларо ҳамчун як ҳодисаи “нафратовар, ваҳшиёна ва эҳтимолан махсус анҷомшуда” маҳкум кард.

Созмони Салиби Сурхи Сурия гуфт, ки ба нишони эътироз аз ин ҳодиса дар давоми се рӯзи оянда корро дар Ҳалаб мутаваққиф мекунад.

Мушаххасан маълум нест, ки ин ҳамлаҳоро кӣ анҷом додааст, вале як манбаи махфӣ дар ҳукумати ИМА ба хабаргузориҳои Ройтерс ва Франс Пресс гуфтааст, ки дар сонияҳои пеш аз таркиш дар фазо ду ҳавопаймои русии Су-24 намудор буд. Манобеи иктишофии амрикоӣ ба хулосае омаданд, ки ин кори дасти русҳо мебошад.

Вазорати дифои Русия ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ки бовар дорад ҳамлаҳоро ҷангиёни Ҷабҳаи Нусра ва ё аъзои гурӯҳи суриягии шӯришиёни “Сипари сафед” анҷом додаанд. Генерал-майор Игор Конашенков дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки ба саволи ин ки ҳамлаҳоро кӣ анҷом додааст, танҳо намояндагони ҳамин созмонҳо ҷавоб дода метавонанд.

Вай гуфт, ки на Русия ва на Сурия ҳеҷ амалиёти низомиро дар ин маҳал ва он дақиқаҳо анҷом надодаанд. Низомиёни Сурия ҳам эҳтимоли даст доштанашон дар ин ҳамлаҳоро рад кардаанд.

Бомбаборони ахир умедҳоро барои тамдиди умри оташбас дар Сурия, ки ҳафтае пеш бо ташаббуси Русия ва ИМА ҳосил шудааст, зери суол бурд, ҳарчанд Вашингтон, Маскав ва даҳҳо кишвари дигар гуфтанд, ки бо вуҷуди афзоиши хушунатҳо созиш побарҷо мемонад.Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА гуфт, ки “созиш намурдааст” ва “мо корро идома медиҳем. Мулоқоти навбатии мо дар ин замина рӯзи ҷумъа барпо мешавад”. Керрӣ ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров мулоқоти Гурӯҳи байналмилалии кӯмак ба Сурияро раҳбарӣ мекунанд, ки дар ҳошияи Маҷмааи кулли СММ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG