Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, вазъияти Афғонистон ҳанӯз хатарнок аст


Даромадгоҳи мақоми вилояти Нангарҳори Афғонистон.

Даромадгоҳи мақоми вилояти Нангарҳори Афғонистон.

Ба дунболи қатли як сарбози амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон, Кохи Сафед эълон кард, ки то ба ҳол вазъияти Афғонистон хатарнок аст.

Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед дар пайванд ба ҳодисаи кушта шудани як сарбозони амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон гуфтааст, ки ин рӯйдод нишон медиҳад, ки то ба ҳол вазъияти он кишвар хатарнок боқӣ мемонад.

Рӯзи гузашта як сарбози артиши Афғонистон дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон ба тарафи нерӯҳои амрикоӣ тирандозӣ кард, ки дар натиҷа аз тан аз онҳоро кушт ва худаш низ дар ин даргириҳо кушта шуд. Дар ин даргирӣ ду сарбози дигари афғон низ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, ин ҳодиса пас аз мулоқоти як ҳайат аз сафорати Амрико бо мақомоти вилояти Нангарҳор дар шаҳри Ҷалолобод ва дар дохили бинои мақоми вилояти Нангарҳор сурат гирифтааст.

Паймони НАТО ҳам дар бораи ҳалокати як сарбозаш дар тирандозӣ миёни низомиёни афғон ва нерӯҳои НАТО рӯзи 8 апрел дар вилояти Нангарҳор хабар дод. Дар изҳороти Паймон дар бораи ҳуввияти сарбози кушташуда иттилоъ нест, аммо полиси Нангарҳор хабар дод, ки дар низоъ сарбозони амрикоӣ ширкат доштанд.

Сухангӯи Кохи Сафед ҳамзамон гуфтааст, ки ҳукумати кишвараш бо ҳукумати Афғонистон ва дигар муттаҳидони байналмилалиашон талош мекунанд, ки амну субот дар Афғонистон барқарор шавад.

Ин нахустин ҳодисаи ҳамлаи нерӯҳои афғон ба сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон нест. Моҳи январ дар ҳамин гуна мулоқот як сарбози афғон се амрикоиро ҳадафи тир қарор дода буд. Ҳамчунин соли гузашта дар Академияи ҳарбии ба номи Маршал Қасим Фаҳим дар шаҳри Кобул, як генерали амрикоӣ аз тири як сарбози афғон кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG