Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки фарҳанги китобхонӣ коста шудааст, фарҳангиён мутолиаи ҳадди ақал 10 китоб аз бузургони фазлу адаби форсу тоҷикро муҳим медонанд. Аммо ин даҳ китоб кадом аст?

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки тайи солҳои ахир фарҳанги китобхонӣ коста шудааст, намояндагони илму фарҳанг мутолиаи бархе аз китобҳоро барои ҳар фарди ҷомеа зарур медонанд. Аммо китобҳои бузургони форсу тоҷик, ки дунёи одам ва диди онро тағйир медиҳад, кӯдаконро ба ростӣ ҳидоят мекунад ва ҷавононро комилу фарзона месозад, кадомҳоянд?

Адибони форсу тоҷик дар тӯли таърих он қадар навиштаанд, ки интихоби 10 асари нобиға кори саҳлу осон нест. Дар муайян кардани феҳрасти номгӯи ин даҳ китоб, ки хонданаш барои ҳар тоҷик ҳатмӣ бояд бошад, фарҳангиёни тоҷик тақрибан назари мушобеҳ доранд.

"Шоҳнома"- и Фирдавсӣ, Девони Ҳофиз, “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Ҳазору як шаб”, “Самаки Айёр” “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ, романи “Восеъ” аз Сотим Улуғзода, “Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Тоҷикистон исми ман”-и Мӯъмин Қаноат ва “Девон”-и устод Лоиқ Шералӣ” аз ҷумлаи китобҳое ҳастанд, ки бархе аз фарҳангиён барои мутолиа муҳим мешуморанд.

Ҳамин 10 китобро Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз бузургтарин осори адабии шоирон ва аз шоҳкорҳои адабиёти форсу тоҷик унвон мекунад. Мутолиаи ин даҳ китоб аз нигоҳи Ато Мирхоҷа, барои ҳар ҷавон дар Тоҷикистон бояд ҳатмӣ бошад.

Ба даҳгонаи китобҳои хонданӣ, адибони дигари тоҷик ҳам тақрибан ҳамин китобҳоро шомил мекунанд. Рустами Ваҳҳоб, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” дар ин феҳраст чанд осори дигар, аз ҷумла “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Девони Ҷомӣ, "Девон"-и Бедил, силсилаи китобҳои насрӣ-ривоятӣ мисли “Чор дарвеш”-у “Синдбоди дарёгард” ва Гулчине аз насру назми муосирро илова мекунад. Ба андешаи Рустами Ваҳҳоб, ҳамин китобҳо бояд чун як доираи “ҳадди ақалл”- и мутолиа барои ҳар тоҷик бошад.

Саъдии Юсуфӣ, пажӯҳишгари тоҷик "Қуръони Карим"-ро дар сархатти ин феҳраст ворид мекунад ва мутолиаи “Девони ашъор”-и аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ҳам ба унвони як китоби хубу муҳим, ки дар шаклдиҳии фикру андеша ва фарҳанги миллат нақши муҳим дорад, барои дигарон тавсия медиҳад.

Аз сӯҳбати фарҳангиён мешавад хулоса кард, ки уcтодони адабиёти форсу тоҷик Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Айнӣ дар замони худ шоҳкориҳое кардаанд, ки дар тарбияи як инсони комил нақш доштааст. Шоҳкорҳоеро, ки ҳатто ҳадс задан мушкил аст, чанд дар сад аз насли имрӯз бо онҳо ошноянд ва ё намунае аз ин адибони бузургро хондаанд.

Ном бурдан аз 10 китоби хонданӣ ҳам зимни сӯҳбат бо мо барои аксар ҷавонон кори бисёр мушкил буд. Бархе ҳатто ба ин даҳгона китобҳои дарсии худ, мисли китоби “Адабиёти тоҷик”, “Экология” ва “Забони русӣ”- ро чун китобҳои ҳатмӣ шомил мекарданд.

Имруз маълум нест, ки чанд дарсад аз наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон намунае аз ин адибони бузургро хондаанд. Аммо бунёди китобхонаҳо, аз ҷумла бузургтарин китобхона дар маркази Душанбе ва нашри тозаи осори адибони классику муосири тоҷик имкони дастрасӣ ба асарҳои бузурги адабиётро барои мардум фаровонтар кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG