Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 2101. Боздошти гурӯҳи говдуздон дар Мастчоҳ


Як гурӯҳи панҷнафарӣ бо гумони дуздии 70 сар чорвои сокинони Мастчоҳ боздошт шуда, таҳқиқи парвандаашон идома дорад. Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Суғд, рӯзи 16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як нафари гумонбар аз ҷамоати Палдораки Мастчоҳ буда, чор тани дигар аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Ба иттилои манбаъ, аз дуздии ин гурӯҳ ба ҷайби сокинон 300 ҳазор сомонӣ зиён расидааст.

Дуздии чорво дар минтақаҳои Тоҷикистон тайи як соли охир бештар шуда, ҷомеашиносон далелашро ба "амиқтар шудани бӯҳрони молӣ ва бекорӣ" рабт медиҳанд.

Масъулони раёсати умури дохилии Суғд мегӯянд, Рӯзӣ Наврӯзов, Абдуқаюм Неъматов, Муҳаммад Бобоҷонов, Абдумалик Бобоҷонов ва Хуршед Раҳмонов ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ буда, мунтазири анҷоми парвандаашон ҳастанд.

Хурсанд Довудзода, муовини сардори пулиси ноҳияи Мастчоҳ, гуфт, афроди гумонбар рамаҳоеро, ки аз назари подабонҳо дур мемонд, мавриди ҳадаф қарор дода ва тавассути мошинҳояшон ба гӯшаҳои дигар мебурданд. "Ҳангоми корҳои тафтишотӣ ҳамчун далел ҳафт сар чорвои калони шохдор ва майдаи сокинони Мастчоҳ ёфт шуда ва ба соҳибонашон баргардонда шуд", - афзуд ӯ.

Дуздии чорво дар минтақаҳои Тоҷикистон тайи як соли охир бештар шуда, ҷомеашиносон далелашро ба "амиқтар шудани бӯҳрони молӣ ва бекорӣ" рабт медиҳанд. Соли гузашта дар ноҳияи Ашт низ як хонавода барои дуздии чорвои сокинон муттаҳам ва аз тарафи пулис боздошт шуда буд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, як сокини 57-солаи ноҳияи Варзоб низ ба онҳо муроҷиат кардааст, ки рӯзи 8 октябри имсол афроди номаълум аз заминҳои ҷамоати деҳоти Лигири Роғун 84 чорови хурди ӯро, ки қиматаш ба 84 000 сомонӣ баробар буд, дуздида ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Вазорат рӯзи 15 октябр хабар дод, дар дуздии ин миқдор чорвои хурд чаҳор сокини Роғунро, ки аз 19 то 40 сол доштаанд, дастгир намудааст.

Дар ҳамин ҳол, тафтиши парвандаи ҷиноии гурӯҳи 7-нафарии сокинони Кӯлоб, ки барои дуздии чорвои мардум айбдор мешаванд, ба охир расида ва ба додгоҳ рафтааст. Ин гурӯҳ барои дуздии 26 сар чорвои сокинон муттаҳам ҳастанд. Як масъули додгоҳи шаҳри Кӯлоб охири моҳи август гуфта буд, ки парвандаи онҳо ворид ва мурофиаи додгоҳӣ низ оғоз шудааст, вале то фарҷоми мурофиаи додгоҳӣ, чизе гуфта наметавонад.

Мақомот номи 7 тан аз афроди гумонбар дар говдуздиро ълон кардаанд, ки Файзулло Ҷалилов, Наврӯз Хоҷамқулов, Исфандиёр Миров, Иброҳим Нуралиев, Холмурод Ойаҳмадов, Ҷӯрабек Хоҷамқулов ва Абдусаттор Юсуфов мебошанд. Ба гуфтаи мақомоти пулис дар Кӯлоб, нисбат ба ин афрод тибқи моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин афрод охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ боздошт шуда буданд.

Абдуқодир Мирзозода, муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод бо ҳам хешутаборӣ дошта ва аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб чорвои сокинонро дуздидаанд. Ба гуфтаи Мирзозода, тафтишот маълум кард, ки говдуздон шурӯъ аз моҳи январ ба ин амал даст задаанд: "Ин як гурӯҳ, чорвои мардумро аз Балҷувон, Ховалинг, Данғара дуздӣ карда овардаанд. Ҳатто яке аз онҳо дар бозори Кӯлоб ба савдои гӯшт машғул будааст ва ҳамин гумонбарон бо ҳам хешутаборӣ доранд."

Ҷӯрабек Хоҷамқулов, яке аз гумонбарон дар дуздии чорвои сокинон, то замони боздошташ дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб ба қассобӣ ва фурӯши гӯшти гов машғул буд. Қассобони бозори "Саховат" низ гуфтанд, ки ӯро аз моҳи май ба ин тараф дигар дар бозор надиданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 26 мавриди дуздии чорвои калони шохдор ошкор шудааст.

Даст ба дуздӣ задани иддае аз сокинони минтақаҳои Тоҷикистон тайи як соли охир ва асосан баъди бӯҳрони молӣ ва ҳамин тавр пас аз баста шудани роҳи бисёре аз муҳоҷирон ба Русия бештар шудааст ва рӯзе нест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дуздии чорвои сокинон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хабар надиҳад. Ин аст, ки коршиносон низ даст ба дуздӣ задани сокинонро асосан дар бекорӣ, буҳронӣ молӣ ва ихроҷи аксари шаҳрвандони тоҷик аз Русия рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG