Пайвандҳои дастрасӣ

Политтехнологҳо дар интихоботи Тоҷикистон. Сарфе беҳуда?


Акс аз интихоботи соли 2010

Акс аз интихоботи соли 2010

Бисёриҳо даъвати политтехнологҳо ба корзорҳои интихоботии Тоҷикистонро коре беҳуда медонанд. Ба бовари онҳо, тақдири интихоботҳоро дар Тоҷикистон ҳамчунон манобеи маъмурӣ ҳал мекунад, на технологияҳо.

Политтехнологҳо ва ё коргардонҳои сиёсӣ мегӯянд, ҳузури онҳо дар корзорҳои интихоботии Тоҷикистон беҳуда аст. Зеро ҳукумат ҳамкории онҳоро бо аҳзоби мустақил дахолати омили хориҷӣ ба интихобот талаққӣ мекунад.

Антон Вертунсов, политтехнологи рус мегӯяд, ҳукуматҳо дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳузури мутахассисони мисли ӯ дар корзори интихобот бо назари шубҳа менигаранд. Вертунсов мегӯяд, ҳукуматҳо тавассути таблиғоти давлатӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон афкори умумро ин гуна шакл додаанд, ки гӯё ҷалби политехнологҳо дар корзори интихоботӣ ҷиноят бошад.

Антон Вертунсов

Антон Вертунсов

Вай мегӯяд: “Ҳама намояндагони ҳукумат ва бархе аз қишрҳои ҷомеа ба ин назаранд, ки политтехнологҳо як омили хориҷӣ дар интихобот ҳастанд ва ё онҳо бо ғиромбозӣ ҳизби мавриди назарашонро дар интихобот ғолиб мегардонанд. Аммо ин тавр нест. Политтехнолог як корманди кироя аст, мисли ронанда ва ё дизайнер. Онҳо барои дуруст муаррифӣ кардани мавқеъ, ҳадаф ва барномаҳо ба ҳизбҳо кӯмак мерасонанд. Маъракаи таблиғотиро таҳия мекунанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ин як чизи маъмулӣ аст.”

Ҷаноби Вертунсов мегӯяд, бо фазои феълии Тоҷикистон ӯ зарурати ширкати политтехнологҳоро дар маъракаҳои интихобот намебинад, зеро ҳузури муттахасисони мисли ӯ барои ҳизбҳои мухолифи давлат дардисарсоз мешавад.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, то ба сари қудрат омадани президенти кунунии Русия Владимир Путин сарони вилоятҳо интихобӣ буд ва ӯ шахсан дар интихоб шудани раҳбарони вилоятҳои Архангелск, Ставропол ва Олтой ширкат кардааст. Вертунсов мегӯяд, раисони вақти ин вилоятҳо чандон сиёсматмадорони шинохта набуданд, аммо бино бар таблиғоти хуби пешазинтихоботӣ мардум онҳоро шинохт, бовар кард ва дар ниҳоят онҳо ғолиб шуданд. Вертунсов мегӯяд, маъракаҳои интихоботӣ дар ин се вилоят аз корҳои муваффақи ӯянд, чунки дар он номзадҳои мавриди назараш ғолиб шуданд.

Маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маъмулан хеле якрангу дилбазан сурат ва ба гуфтаи бархе коршиносон ҳатто омодагӣ ба ҷашну таҷлили санаҳои таърихӣ обрӯмандтар ва пурҷилотар аз интихоботҳо сурат мегиранд. Табъан ҳизбҳои сиёсӣ ин воқеъиятро дарк мекунанд ва ба маъракаҳои сиёсӣ бархурди коҳилона доранд. Яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумат - ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки теъдоди ҷонибдорони худро даҳҳо ҳазор ва шумори танҳо аъзояшро 45 000 нафар ҳисоб кардааст, дар интихоботи соли 2010 гуфта буд, ки барои ташкили корзори интихоботиаш аз хориҷ политтехнолог даъват мекунад.

Анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ дар соли 2010

Анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ дар соли 2010

Пас аз ин иддао ҲНИТ дар кохи Ҷомӣ анҷумани пешазинтихоботии пуршаҳоматеро барпо кард ва аъзоёни шӯрои сиёсиаш бо гарданбаднҳои кабуд ва “Дастёрони наҳзат” бо либосҳои Мики-Маус ва дигар персонажҳои маъруфи мултфилмҳо дар кӯчаҳо зоҳир шуда, варақаҳои таблиғотии ҳизбро тақсим карданд - шевае, ки ин ҳизби исломӣ қаблан ба кор намебурд. Аммо ин ҳама навгониҳо дар корзори пешазинтихобтӣ ба ҳизби исломӣ сӯди зиёде наовард ва ба онҳо дар порлумон боз ҳамон ду курсии маъмулиро доданд.

Ин дафъа ҳам исломиҳо ва ҳам намояндагони 7 ҳизби сиёсии дигар дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои даъвати политехнологҳо дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 ҳеҷ барномае надоранд.

Александр Князев

Александр Князев

Александр Князев, таҳлилгари масоили сиёсии Осиёи Марказӣ дар Маскав мегӯяд, умдатан ҳамон ҳизбҳое бештар политтехнологҳоро ҷалб мекунанд, ки дар асл ҳаводори зиёд надоранд ва роҳҳои сунъӣ меҳоҳанд барои худ обруву имиҷ созанд. Вай мегӯяд: “Дар шароити Тоҷикистон ҳизбҳо ба ҷои сарфи пули худ барои ҷалби политтехнологҳо бояд бо такя ба мутахассисон барномаи алтернативӣ таҳия кунанд. Ин барномаро тавассути матбуот ба самъи электорате, ки аз роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ норозист, расонанд. Ин аст технологияи беҳтарин барои ба даст овардани овозҳо. Вагарна ҳангоми ҷалби политтехнологҳои хориҷӣ масъалаи дастгирии молиявии хориҷӣ бар мехезад.”

Маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маъмулан шӯру шар надоранд ва таблиғоти номзадҳо дар кӯчаҳо низ бисёр хоксорона аст. Дар ҳоле ки ба иддаои мухолифини ҳукумат ҳизби ҳоким пирӯзии худро бо истифода аз манобеи маъмурӣ таъмин мекунад, аҳзоби боқимонда дар якҷоягӣ умдатан бо мардум дар толори мактабҳо мулоқот анҷом медиҳанд ва маъмулан интихобкунандагон намояндаи як ҳизбро аз ҳизби дигар чандон фарқ намекунанд.

Абдуманнон Додоев

Абдуманнон Додоев

Масъулини Кумитаи марказии интихобот ва раъпурсӣ (КМИРТ) низ мегӯянд, барои даъвати политтехнологҳо ба интихоботҳои Тоҷикистон ҳеҷ зарурате нест. Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИРТ сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар қонунҳои Тоҷикистон масъалаи ҳузури политтехнологҳои хориҷӣ дар корзори пешазинтихоботӣ зикр нашудааст. Вай гуфт: “Мо таҷрибаи кофии баргузор кардани интихоботро дорем. Аз соли 1995 ин панҷумин интихобот аст ва ҳизбҳои сиёсӣ низ таҷрибаи иштирок дар онро доранд. Бино бар ин, ман зарурати даъват кардани политтехнологҳоро аз хориҷа намебинам.“

Таҳлилгарон мегӯянд, маҳдудиятҳои фарогир дар маъракаҳои сиёсӣ ва ин далел ки ҳукумат фаъолияти ҳизбҳоро дар як чаҳорчӯби барои худаш қобили қабул ҷой кардааст, ба дилсардии шадид ва рукуди тӯлонӣ дар фаъолияти ин ҳизбҳо роҳ кушод. “Онҳо мисли либоси идонае шудаанд, ки дар панҷ сол як бор аз ҷевон берун мекунанд ва бо анҷоми маърака дубора ба ҷояш бармегардонанд,”- гуфт яке аз ҳамсӯҳбатҳои Озодӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG