Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо як амри алоҳида дар сохтори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот дароварда, мушовиронашро ба ёварони президент табдил дод.

Бар асоси ин тағйирот, дар сохтори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистотн чанд ниҳод барҳам хӯрдаву чанд бахшу шӯъбаи ҷадид таъсис дода шуд.

Дар сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи фармони ахир гуфта мешавад, ки "бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, барои тақвияти низоми ҳамоҳангсозии фаъолият воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроия ба блокҳои алоҳидаи соҳавӣ гурӯҳбандӣ ва раёсатҳо таъсис дода шудаанд."

Аммо нуқтаи муҳим, албатта, то мақоми ёвар пойин бурдани сатҳи мушовирони то кунун хеле пурнуфузи раисиҷумҳур буд, ки вокунишҳои мухталифи коршиносону таҳлилгарони тоҷикро ба бор овард.


Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва яке аз ҷонибдорони тағйироти ахир мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дигар ба институти мушовирон ниёз надорад: «Президент ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷиро аз дигарон беҳтару хубтар медонад. Бинобар ин гумон мекунам, ки ҳоҷате ба ҳифзи мушовирон нест дигар.»

Аммо гурӯҳе дигар аз соҳибназарони тоҷик бар ин боваранд, ки ин гуна тағйирот наметавонад чизеро иваз кунад ё чизе бидиҳад.

Шокирҷон Ҳакимов – муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ мегӯяд, азбаски дар кишварҳои Ғарб мақоми ёвари раисиҷумҳур аз мушовир болотар аст, Тоҷикистон ҳам ба чунин сохтор гузашт. Аммо ба ақидаи Ҳакимов, дар шароити Тоҷикистони худкома, ки сиёсати кадриаш ба аслҳое, чун ришваву хешутаборбозӣ такя мезанад, аз иваз кардани номи мансабҳо наметавон тағйироти ҷиддиеро интизор шуд: «Моҳияти ин номивазкуниҳо боз дар мансаб нигоҳ доштани ҳамон шахсоне аст, ки то ҳол дар маъмурияти раёсатҷумҳурӣ кор мекунанд. Агар 50 дарсади кормандони раёсатиҷумҳур, мақомоти иҷроия, алалхусус ҳукумати марказӣ ихтисор мешуд, он гоҳ аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин як андоза беҳтар мешуд.»

Ашӯрбой Имомов

Ашӯрбой Имомов

Як ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, ҳанӯз зуд аст, ки натиҷаи ин номивазкуниро ба риштаи таҳлил кашид, вале 2+2 дар ҳар сурат 4 хоҳад шуд. Ашӯрбой Имомов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин ҳама тағйирдоданҳо бояд ба хотири рушд ва беҳбуди ҷомеа равона шаванд. Зеро «дар Тоҷикистон сохторҳои нодаркор хеле зиёданд. Азбаски ихтисори кадрҳо дар чанд соли ахир ба назар намерасад ва идораҳо серодаму сершумор ҳам шудаанд, аз чунин ихтисор дастгирӣ кардан мумкин аст. Аммо мушовиронро танҳо ба ёрдамчӣ табдил додан ҳосили 2+2-ро тағйир дода наметавонад.»

Аммо Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ ин ивазшавиро дар дастгоҳи раёсатиҷумҳур як паёме аз Эмомалӣ Раҳмон ба мушовиронаш унвон кард. Аммо ба андешаи ӯ, ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин амал чӣ натиҷа хоҳад овард. Раҷаби Мирзо мегӯяд, мавқеъ ва нуфузи мушовирони оқои Раҳмон барои ҷомиа номаълум буду монд ва касе ҳанӯз гуфта наметавонад, ки нуфузи ин тоифа акнун дар симати ёвар чигуна хоҳад шуд: «Институти мушовирон ҳарчанд фаъол буд, аммо таъсирбахш набуд. Мо танҳо дар оғози ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон дида будем , ки ин институт то андозае фаъол буд ва самара низ медод. Аммо дар солҳои баъдӣ, хоса пас аз соли 2000 дигар ин институт мавқеи худро аз даст дода буд. Аҷиб ин буд, ки аз соли 2001 дастгоҳи президент ягон навъ ислоҳот надидааст. Чаро имрӯз ба ин хулоса омаданд?, бо гузашти вақт маълум мешавад.»

Ба андешаи Раҷаби Мирзо, ҳарчанд, ки мушовирон дар дастгоҳи раёсатиҷумҳур таъсири мусбат надоштанд, ҳадди ақал онҳо гӯё як чизеро ҳал мекарданд ва ин кадом гурӯҳҳоеро қонеъ мекард. Аммо акнун ки ин институт барҳам хӯрд ва мақомаш зоҳиран пойинтар рафт, шояд дар дохили ҳукумат ва қасри президент муборизаҳои наве барои густариши нуфуз байни гурӯҳҳои таъсиргузор сурат бигирад.

Гуфта мешавад, дар дастгоҳи раёсатиҷумҳур беш аз 20 шӯъба, аз ҷумла шӯъбаҳои ҳуқуқ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, масоили занон ва амсоли инҳо барҳам хӯрда, ба ҷои онҳо наздики 20 раёсат ташкил кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо пирӯзӣ дар интихоботи 6-уми ноябри соли 2013 барои бори чорум ба курсии президентӣ нишаст, аз соли 1992 ба ин сӯ, 22 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Мунтақидонаш ӯву ҳукуматашро ба худкомагӣ, нақзи ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва нотавонӣ дар ҳалли мушкилоти доғи кишвар, аз ҷумла таъмини мардум бо ҷои кор ва нирӯи барқу гармӣ дар фасли сармо айбдор мекунанд. Тарафдоронаш мегӯянд, Тоҷикистон танҳо дар оғози роҳи тӯлонии бунёди давлатдории миллӣ қарор дорад ва оҳиста-оҳиста, вале ба сӯи пеш қадам мезанад.

Ислоҳоти ахир дар сохтори дастгоҳи раёсати Эмомалӣ Раҳмон низ аз сӯи тарафдорони ӯ қадами дигаре ба сӯи пеш унвон мешавад, вале инки ин дар воқеъ қадаме ба пеш хоҳад шуд, ё тибқи маъмул, «як қадам ба пешу ду қадам ба қафо» бо гузашти вақт маълум хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG