Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теннис, футбол ва волейбол аз он навъҳои варзиш будаанд, ки аксар фарзандони мансабдорони тоҷик, аз президент то раиси фурудгоҳ, ба онҳо таваҷҷӯҳи хос доштаанд.

Ин гурӯҳи ҷавонон аз варзишгарони маъмулӣ танҳо аз он ҷиҳат фарқ мекунанд, ки дар толорҳои варзиш бештар бо муҳофизони шахсии худ зоҳир мешаванд.

“Ҷавонони тилоӣ” ё фарзандони мансабдорони тоҷик, ки ба фарқ аз аксар дигар ҳамсолонашон, ҳам зиндагӣ ва ҳам карйераи муваффақ дошта, соҳиби мақомҳои баланд дар идораҳои давлатиянд, акнун ҳамчун варзишгар ҳам муаррифӣ мешаванд.

Пирӯзии Ҷамолиддин ва Амирҷон Убайдуллоевҳо, писарони раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аввалӣ дар Вазорати умури хориҷӣ ва дуввуми дар дастгоҳи иҷроияи президент кор мекунад, дар сабқати теннис, таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ҷалб кард ва фарзандони шахси дуввуми кишварро чун варзишгар муаррифӣ намуд. Мураббиёни онҳо дар муассисаи давлатии “Қасри теннис” мегӯянд, аз хонаводаи Убайдуллоев ҳамчунин 5 набераи вай ҳамроҳ бо падарони худ ҳафтае 3 бор теннис машқ мекунанд. Тоҷиддин Тағоев, раҳбари ин муассиса мегӯяд, Ҷамолиддин ва Амирҷон 6 сол пеш ба майдони теннис ворид шудаанд ва маъмулан “ракетка”-ро баъди соатҳои корӣ ба даст мегиранд.

Домоди Убайдуллоев -- Дилшод Шарифӣ ҳам, теннисбози маъруф аст.

Ҷаноби Тағоев, раҳбари толори “Қасри теннис” мегӯяд, ба ин толор дар баробари Убайдуллоевҳо солҳои охир,ҷавонони зиёде аз хонаводаҳои афроди маъруфу сарватманди кишвар барои аз худ кардани маҳорати теннисбозӣ номнавис шудаанд. Аксар шогирдони ин толор фарзандони сафирону намояндагони баландпояи созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва соҳибкорони бузургу мансабдоронанд. Ҷавонони “тилоӣ” ба гуфтаи муррабиён агар то 18-солаанд, дар гурӯҳҳои умумӣ дарс мегиранд ва аз 18 боло ҳам барои худ муррабии алоҳида доранд. Дар “Қасри теннис” як соати бозӣ 45 сомонист.

Мураббиёни ин навъи варзиш мегӯянд, теннис аз бонуфузтарин навъҳои варзиш дар ҷаҳон буда, бештар саромад ва ё элита ба он машғул мешаванд ва дар Тоҷикистон ҳам, мақомдорони зиёде сар карда аз президент, сарвазири кишвар ва вакили порлумон Муҳаммадалӣ Ватанов ба теннис шуғл варзида, инчунин фарзандони худро ҳам ба ин навъи варзиш ҷалб кардаанд.

Далер Қурбонов устоди дараҷаи байналмиллалӣ варзиши теннис мегӯяд: “Дар байни инҳо ҳастанд ҷавононе, ки ба тенниси ҳирфаӣ қадам гузоштаанд. Масалан, Фаридуни Баҳодур, писари Баҳодури Ҳамид, додситони ноҳияи Сино дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат мекунад ё ҳамин Аҳмадҷони Муҳаммад, фарзанди Муҳаммад Мирзоев як соҳибкори қавӣ, ҳам теннисбози машҳур аст. Ҳамин тавр писари раиси фурудгоҳ, ва раҳбари кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳам теннисбозанд.”

Аммо Тоҷиддин Тағоев мегӯяд, бархе аз фарзандони мансабдорон на аз рӯи ҳавас, балки бо тавсияи табибон ба хотири зебоии бадан ба толори теннис ворид мешаванд. “Бисёриҳо, масалан, вазни зиёд мегиранд ва ба онҳо тавсия медиҳанд, ки рафта, ба теннис машғул шавед. Теннис як варзиши хеле серҳаракат аст, шахсоне ҳастанд, ки 130-140 кило буданд, омада машқ карданд, 80 кило шуданд,”-- мегӯяд ҷаноби Тағоев.

Ба гуфтаи муррабиёни теннис, Рустами Эмомалӣ ҳам 5 сол пеш ба теннис машғул будааст. Онҳо қисса мекунад, ки дар як сабқате бо падараш президент Эмомалӣ Раҳмон, Рустам маҳорати хубе нишон дода, ӯро дар ҳайрат гузоштааст. “Инҷо зиёданд фарзандони афроди шинохта. Теннис бозии воқеан ҷолиб аст ва наврасону ҷавононе, ки ба теннис машғуланд, ҳангоми бозӣ ва сабқат дигар фаромӯш мекунад, ки кӣ фарзанди кист. Ба сабқат, ки ворид шуд, фақат фикри бозӣ ва ғолиб шуданро мекунад. Дар варзиш новобаста аз он ки ту фарзанди кӣ ҳастӣ, кӯшиш мекунӣ, худат пирӯз шавӣ.”

Рустами Эмомалӣ - писари калонии Эмомалӣ Раҳмон муассиси дастаи “Истиқлол”буда, ҳамзамон раёсати Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ҳамин тавр 3 писари Муродалӣ Алимардонов ҳам ба футбол машғул будаанд. Ҳарчанд онҳо ба фарқ аз Рустам вориди футболи ҷиддӣ нашудаанд ва ҳамчун футболбозони ҳирфаӣ шинохта намешаванд, гуфта мешавад Алимардоновҳо ҳам аз хурдӣ ба ин варзиш майл доранд ва ҳамеша дар майдони асосии пойтахт футболбозӣ мекунанд. Аммо бо ин ҳам шореҳони футбол мегӯянд, дар лигаи олӣ ва лигаи якуми кишвар фарзанди ягон вазир ё мансабдори дигаре бозӣ намекунад.

Писари Бек Зуҳуров, вазири алоқаи кишвар, Сиёвуш Зуҳуров муштзан буда, хабарҳо дар бораи пирӯзиаш дар Қазоқистон дар сабқатҳои муштзанӣ нашр шудааст.

Муҳаммад, фарзанди генерал-майор Иззатуло Шарифов, сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҳам муштзанӣ меомӯхтааст. Рустам Музафаров, устоди варзиши бокс, ки дар толори варзишии “Тоҷварз” бо Муҳаммад, машқ мекунад, мегӯяд: “Ду сол боз машқ мекунад, натиҷаҳои хуб дорад. Дар мусобиқаҳо ширкат намекунад, чанд бор ман пешниҳод кардам, гуфт, устод, ман барои худам фақат машқ мекунам. Онҳо бештараш корҳои дигар доранд фақат вақтҳои холӣ ба толор меоянд.”

Аммо ба гуфтаи шореҳони варзиш “ҷавонони тилоӣ”, ки бо шеваи зиндагӣ ва рафтору гуфтор ғолибан аз дигар ҳамсолонашон фарқ мекунанд, бештар барои машқи бадан ва муҳофизати худ варзиш мекунанд, на барои ширкат дар набардҳои бузург ё бокси ҳирфаӣ.

Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик мегӯяд, варзишҳое мисли бокс бидуни шикасту осебе барои варзишгар анҷом намешавад ва ӯ ёд надорад, ки фарзанди кадом мансабдори баландпояе дар майдонҳои бузурги набард, ширкат карда бошанд. Мавзуна мегӯяд, онҳо бештар варзишҳоеро интихоб мекунанд, ки хатару осебашон камтар бошад, мисли теннис ва футбол: “Аслан бокс як намуди варзишест, ки на ҳама волидон мехоҳанд фарзандонашон ба он машғул шаванд ва бисёр ҷавонон ҳам онро интихоб намекунанд. Ман аз хурдӣ дар ин варзишам ва намебинам, ки фарзандони мансабдорон ба муштзанӣ машғул шаванд. То ҷое ман медонам, онҳо бештар ба футбол ва теннис шавқ доранд. Аслан муштзанӣ варзишест, ки дар он зарба мехурӣ, мешиканӣ, дар футбол, масалан, ин хатарҳо камтар аст.”

Аммо муаррифӣ шудани бархе аз фарзандони афроди мансабдор дар варзишро бархеҳо чун воситае барои матраҳ шудани онҳо дар ҷомеа ва имиҷсозӣ медонанд. Дар ҳар сурат, Назири Нусрат, таҳлилгари ҷавони тоҷик мегӯяд, таваҷҷӯҳи фарзанди мансабдорон ба варзиш ба рушди варзиш мусоидат мекунад. Ӯ ба Рустами Эмомалӣ ишора мекунад, ки вақте ба футбол пайваст, ин бозӣ дар Тоҷикистон то андозае рушд кард: “Мисли дигар давлатҳо таҷрибаи ду-се соли охири мо ҳам нишон дод, ки таваҷҷӯҳи писари президент, чӣ қадар ба ин соҳа таъсири мусбат расонид. Соли 2014 соли футболи оммавӣ эълон шуд. Чӣ қадар майдонҳои варзишӣ сохтанд, чӣ қадар мардум ба ин варзиш рӯй оварданд.”

Ҳоло дар шаҳри Душанбе даҳҳо клуби варзишӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад, ки ҳамарӯза садҳо нафар ҷавонро ба тамрин машғул медоранд. Аммо толори "Қасри теннис" аз маконҳои маъруфест, ки бештари фарзандони мансаборон дар он ҷамъ меоянду вақти худро бо ин варзиши зебову маъруф мегузаронанд. Мақомоти қаср мегӯяд, барои фарзандони мансабдорон ҳеҷ имтиёзи хос муайян нашудааст ва онҳо баробари варзишгарони дигар дар толорҳои умумӣ, аммо бо мураббиҳои вежа тамрин мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG