Пайвандҳои дастрасӣ

Раисон аз Худо, истеъфо, талоқ ва "хоре ба мӯйи одамон" метарсанд


Пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод, ки раисони навоҳии Хатлон ҳамеша дар кунҷе аз дилашон тарс доранд, аммо тарси онҳо аз тарси сокинони оддӣ фарқ мекунад.

Гулшан Абдуллоеваи 30-сола, ки яке аз 10 нафар ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои шаҳри Қурғонтеппа, ки дар бозори ин шаҳр мева мефурӯшад, метарсад, ки аз ҳисоби ин тиҷорати хурдаш зиён набинад, зеро хурдтарин зиён дар тиҷораташ зиндагии ӯро сахттар хоҳад кард. Аммо раисони навоҳии Хатлон зоҳиран чунин мушкил надорад ва тарси онҳо ҳам ба мисли зинагияшон аз тарси сокинон хеле фарқ дорад.

Барои Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар ин суол ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа ғайримунтазир буд. Вай аввал панҷаҳояшро ба ҳам фишор дод ва каме рӯи курсияш ҳаракат карда гуфт, ки аввал аз Худо ва сипас аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метарсад, ки мабодо иштибоҳе кунад, ки хилофи қонун бошад.

Аммо Гулшан Абдуллоеваи мевафурӯш, гуфт, ки аз Худо метарсад, ки зиндагияшро аз инҳам табоҳтар насозад, зеро ӯ бо ду фарзанди ноболиғаш аз шавҳараш талоқ гирифта, зиндагии худ ва фарзандонашро бо танҳоӣ пеш мебарад. На танҳо мардуми одӣ, ки зиндагии сангин доранд, аз Худо ва ё нафаре метарсанд, балки мансабдороне, ки савори мошинҳои хидматиянду қудрат доранд ва суханонашон гӯшрас аст, низ аз чизе ё нафаре метарсанд ва ҳатман дар гузашта тарсидаанд.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ, аввали ҳафтаи равон бо шунидани ин суол хандид гуфт, ки аз 110 ҳазор нафар сокинони ин ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон метарсад, ки мабодо ба мӯи онҳо хоре расад. Вай гуфт, ки барои ҷони ҳар як сокини ин ноҳия дар назди президенти кишвар ҷавобгӯ буда, аз ин чиз метарсад.

Ин мансабдорон одатан ин суолро, ки аз кӣ метарсанд намехостанд посух диҳанд, чун барояшон суоли ғайримунтазир буд, ки гоҳо механдиданд ва гоҳо ғазабашон меомад.

Аминзодаи Фотеҳ, раиси ноҳияи Қумсангир бошад аз хиёнат метарсад, ӯ гуфт, ки хиёнат шудааст, аммо нагуфт, ки кӣ хиёнат кардааст. Дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки мард аз рафтан аз мансаб ва ҷудошавӣ аз ҳамсар зиёд метарсад. Аксаран аз мансабдорон дар бораи ваъзи иқтисодӣ ва мушкили ҷойдошта суҳбат мекунад, аммо чандин раиси дигар аз суоли Озодӣ ба ханда омада, ҷавобҳои мухталиф, дод.

Оймаҳмад Рамазонзода, раиси ноҳияи дурафтодаи Носири Хусрав, гуфт, ки суолҳои дуруст диҳед, аммо баъди чанд лаҳза афзуд, аз чизе ва ё нафаре наметарсад, чун амният дар Тоҷикистон хуб аст ва аслан ҷои тарсе надорад. Вай, ки ноҳияаш марзи 60-километрӣ бо Узбакистон дорад бо посух додан ба ин суол каме нороҳат ҳам шуд ва берун аз ҷаласа гуфт, ки дигар ин гуна суол надиҳед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG