Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Кадом мурургар беҳтар: Хром? Опера? Файрфокс? Ё боз ҳам Эксплорер?


Буд набуд, замоне барои барои сайругашт дар Интернет асосан як мурургар ва ё броузер буд ва он ҳам бо номи Интернет Експлорер.

Баъдан Файрфокс ба он ҳамроҳ шуд ва аз паси он Хрому Опера ва Сафарӣ. Ҳоло аз миёни ин ҳама метавонед, як мурургари дилхоҳатонро интихоб кунед, ҳарчанд ҳамаи онҳо, як хидмат мекунанд, яъне сайругашти амну бехатар ва муносибро барои корбарони Интернет фароҳам месозад. Мурургари веб танҳо барои истифода аз Интернет нест, балки ба шумо имкон медиҳад, филм бубинед, бозӣ кунед ва ё нома нависеду таҳрир кунед.

Барои ҳамин, ба гуфтаи Майкл Ройтз, аз Донишгоҳи Технологии Дрездени Олмон вақти зиёди худро барои интихоби беҳтарин мурургари веб талаф накунед, зеро “Ҳамаи мурургарони веб вазифаҳои яксонро анҷом медиҳанд”, ҳарчанд фарқиятҳои хурд, вале муҳиме дар миёни онҳо вуҷуд дорад.

Муҳимтарин чиз дар интихоби броузер ва ё мурургар ба худи шахс вобаста аст ки чиро мехоҳад? Масалан Файрфокс, нармафзору замимаҳои изофии бешуморе дорад, ки барои монеъ шудан ба нашри рекламаҳои интернетӣ ва тақвияти амнияти компютер ва довнлоуди видеоҳо ба кор мераванд. Мурургари Опера имейли хоси худро дорад ва Интернет Эксплорери 10 аз Майкрософт танҳо барои Виндовз 8 аст, ки барои телефонҳои ҳушманду планшетҳо ҳам мувофиқ шудааст. Агар Айфон доред, мурургари Сафарӣ ҳам дар ин телефони ҳушманд ва ҳам дар компютери маъмулӣ ба кор меравад.

Майк Шнур, аз Иттиҳодияи Иқтисоди Рақамии Олмон мегӯяд, корбарони компютерҳои маъмулӣ умдатан, броузерҳоеро интихоб мекунанд, ки дар дигар абзорҳои электронии худ доштаанд, зеро мехоҳанд, дар ҳама чиз нармафзори яксон дошта бошанд.

Мурургари Хроми Гугл ҳам имконияти фаровон дорад, вале бадиаш ин аст, ки иттилооти хусусии шуморо ҷамъ мекунад. Суръати кор ва амнияти мурургарҳо агарчӣ ҳамеша дар мадди назари корбарон будааст, вале ҳоло дар суръат аксарияташон яксон ҳастанд.

Майкл Ротз мегӯяд, корбарон фарқи зиёде дар суръати кори мурургарҳо эҳсос намекунанд, зеро муҳим суръати худи Интернет аст, ки ба кори броузер таъсир мегузорад. Барои амнияти аксарияти броузерҳо, технологияи Сендбоксро истифода мекунанд, ки вебсайтҳоро аз ҳамдигар ва аз тамоми системаи компютер ҷудо нигаҳ медорад, то ҳангоми аз кор афтодани як торнамо, кори бақияи система осеб набинад. Ин технология ҳамчунин кори рахнагаронро барои ирсоли вирус аз тариқи торнамо ба компютерро сахт мекунад.

Вале худи броузерҳоро ҳар вақт ба хотири тақвияти амнияту корашон такмил мекунанд, ки ба гуфтаи Майкл Ротз аломати хуб аст. Бар изофаи панҷ броузери аслӣ, мурургарҳои начандон шинохта вуҷуд доранд, ба мисли Авант ва К-meleon, ки маҳсули дасти Мозилла мебошанд. Ба гуфтаи Ройтз, ин мурургарҳо ҳам тафовути зиёде аз броузерҳои бузург надоранд. Ӯ меафзояд, кори ин мурургарҳои ношинохта ҳам муносиб ва зуд аст ва шояд амнтар ҳам бошанд, зеро истифодаашон роиҷ нест ва рахнагарони интернетӣ ҳам барои рахна кардани сипари амниятии онҳо зиёд саъй намекунанд.
XS
SM
MD
LG