Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди анҷоми Ҳаҷҷи умра аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, таҳлилгарон ин мавзӯъро матраҳ мекунанд, ки оё сиёсати феълан шадиди ҳукумати Тоҷикистон дар масоили мазҳабӣ нармтар хоҳад шуд?

Рӯзи 4 январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар охирин рӯзи сафари расмиаш дар Арабистони Саудӣ эҳром дар тан ва дар ҳалқаи наздикону даҳҳо мансабдор дар Каъба зоҳир шуд ва Ҳаҷҷи умра анҷом дод. Аксу наворҳо аз ҷараёни анҷоми Ҳаҷҷи умра аз ҷониби президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютуб ба таври густарда пахш шуд ва сокинони кишвар президенти худро дар ҳоли намозгузорӣ ва ниёиш ба парвардигор тамошо карданд. Президенти Тоҷикистон бо аъзои хонавода ва кобинаи ҳукуматаш дар ҳоле маросими Ҳаҷҷи умраро дар Арабистони Саудӣ анҷом дод, ки қишри муҳофизакори ҷомеаи Тоҷикистон ҳукумати ӯро ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишвар айбдор мекунанд.

Ба думболи пахши наворҳо аз ҷараёни маросими Ҳаҷҷи умраи президент ва намояндагони ҳукумат баъзе корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки дар робита ба мазҳаб ҳукумат аз сиёсати дугона кор мегирад. Бархе ҳам ба ин назар буданд, ки пахши навори маросими Ҳаҷ талоши беҳтар кардани обрӯ ё имиҷи раиси ҷумҳур аст, ки солҳои ахир бинобар ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар кишвар рӯ ба коҳиш овардааст.

“500 ҳазор ҳоҷӣ Дар Тоҷикистон кам аст?”

Аммо Маҳдии Собир, коршиноси тарафдори ҳукумат ва корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди дастгоҳи президентии Тоҷикистон инро рад кард ва гуфт, ки анҷоми Ҳаҷҷи умра аз ҷониби президент ва наздиконаш як амали маъмулӣ буда, аҳдоферо ба ҷуз зиёрати Каъба думбол намекунад. "Ин амал нишон медиҳад, ки ӯ як мусалмони асил аст ва интиқодҳои “бадхоҳон” дар мавриди динситезии ӯ ҳеҷ

Маҳдии Собир

Маҳдии Собир

бунёде надоранд,"- гуфт Маҳдии Собир рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ.

Маҳдии Собир ҳамчунин гуфт, ки дар 20 соли ахир ҳудуди 500 ҳазор сокини Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо рафта, дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷиди ҷомеъ бунёд шудааст, ки ин, ба ақидаи ӯ, шаҳодат аз пуштибонӣ аз Исломи асил аст. Ин корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон иттиҳоми “маҳдудиятҳои динӣ ва фишор болои диндорон”-ро аз аломатҳои ҷанги иттилотии “душманони сулҳу ваҳдати кишвар” унвон кард.

Сӯду зиёни намоиши зиёрати президент

Аммо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динии кишвар, ба ин мавзӯъ фаротар аз маҳдудаи Тоҷикистон назар дорад ва мегӯяд, ки ташвиқи ин маросим аз ҷониби президенти Тоҷикистон бештар ба сӯди Арабистони Саудӣ ҳаст ва ин амал метавонад, дар Тоҷикистон натиҷаи бараъкс бидиҳад: “Ин як кори шахсӣ ҳаст, вале Арабистони Саудӣ мехоҳад, паём бидиҳад, ки Тоҷикистон як кишвари суннӣ ҳаст ва сиёсатҳои ин кишварро дар ҳама самт пуштибонӣ мекунад. Вале дар

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

дохил метавонад ин вокунишро ба бор биорад, ки наздикони президенту худаш ҳар гунае, ки хоҳанд либос мепӯшанду зиёрат мекунанд, вале барои мо маҳдудият ҳаст.”

Ба ақидаи ин таҳлилгар, расонаӣ кардани ин зиёрат ҳеҷ манфиате ба ҳукумат надорад. Фаридун Ҳодизода мегӯяд: Онҳое, ки ифротӣ ҳастанду андешаҳои ғайр доранд, аслашон ин аст, ки ба ҳама рафторҳои мусалмонии як мансабдор шубҳа кунанд. Ба ин зиёрат онҳо аз нигоҳи ифротии худашон менигаранд. Мисле, ки дар Чеченистон тамоми озодиҳои диниеро, ки раҳбари ин ҷумҳурии тобеи Русия Рамазон Қодиров ба онҳо додааст, ифротиён қабул надоранд.”

Саидаҳмади Қаландар: “Мубориза бо риш не, бо рамзи нооромӣ аст”

Аммо Ҳодизода аз эҳтимол дур намедонад, ки пас аз ин сафар бо таъсири Арабистони Саудӣ сиёсати Тоҷикистон дар робита ба мазҳаб андак нармиш пайдо кунад.

Дар тӯли солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон дар талоши ҳимоят аз сохти дунявии давлат сиёсати худро дар қиболи диндорон шадидтар кард. Ҳоло дар Тоҷикистон афроди то 18-сола ҳақ надоранд дар масҷид намоз гузоранд ва пӯшиши либосҳои мазҳабӣ низ маҳдуд шудааст. Солҳои ахир бисёр мардҳо таҳти фишори пулис аз баҳри ришҳои худ низ гузаштанд. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, ки ҳамсоягии наздик бо Афғонистони ноором ва аз ҳад беш мазҳабӣ шудани қишрҳои ҷомеъа онҳоро водор кардааст, ки қонунҳоро шадидтар кунанд ва аз ҳар омиле, ки ба бесуботӣ мебарад, пешгирӣ намоянд.

Саидаҳмади Қаландарзода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон на бар зидди ришу ҳиҷоб мубориза мебаранд, балки мақомот бештар бо рамзҳои бесуботӣ ва нооромӣ, ки баъзе гурӯҳҳо аз он аломат медиҳанд, сару кор дорад.

Саидаҳмад Қаландаров

Саидаҳмад Қаландаров

“Ин ришҳои гурӯҳӣ аст, ки қолаби стандартӣ гирифтаанд. Тарошидани мӯйлаб ва бебандубор гузоштани ришу почаҳои барзада, бе иҷрои шарти мусалмонӣ, балки символи як гурӯҳ шудааст, ки ҳамеша метавонанд, вазъро ноором кунанд. Ҳоло ҳиҷобҳои сиёсӣ, ришҳои сиёсӣ пайдо шудаанд, ки воқеан, хатар доранд. Ҳар як давлат барои ҳифозати худ вазифадор аст ва бояд аз худ дифоъ кунад. . Онҳое, ки воқеан, аз сидқ мусалмонанд ва аз барои Худо риш мегузоранд, касе ба онҳо кор надорад. Барои мо оромӣ болотар аз ҳама риш аст,” – мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм аст, ки зимни сафар ба Арабистони Саудӣ маносики Ҳаҷҷи умра анҷом медиҳад. Аммо ин бор ба фарқ аз сафарҳои соли 1997 ва 2001 ӯ ҳамсару ду духтарашро низ бо худ ба Ҳаҷ бурд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG