Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар Абдуллоев ва тарки пешаи хабарнигорӣ


Зафар Абдуллоев, асосгузори “Авесто” мехоҳад батадриҷ аз журналистика канор равад ва рӯ ба тиҷорат биорад.

Ҳафтаномаи “Факти ин комментарии”, нашрияи дигари марбут ба Зафар Абдуллоев низ ба далели мушкилоти молӣ дастикам то моҳи апрел аз нашр бозмондааст ва ӯ мегӯяд, шояд ин ҳафтавор низ бо ҳамин қатъи фаъолият кунад.

Дар маҳофили хабарнигории Душанбе қарори рафтани Зафар Абдуллоев аз майдони матбуот ба гунаи мухталиф тафсир мешавад, вале бисёриҳо мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ домани аксари нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро сахт панҷа задааст ва бархеи онҳо шояд ба айни сарнавишти “Авесто” ё “Факти и коментарии” рӯбарӯ шаванд.

Худи Зафар Абдуллоев санҷидани нирӯяш дар як касбу кори комилан дигарро аз омилҳои аслии тағйири касби хабарнигориаш ном мебарад, вале мегӯяд, мушкилоти молии омада бар сари “Авесто” низ дар ин амр нақши муҳим дошт.

ЗАФАР РАФТ, ВАЛЕ “АВЕСТО” ҲАМОН МЕМОНАД

Зафар Абдуллоев дар ҳоле тарки “Авесто” мекунад, ки шумори кормандони он аз 20 нафари қаблӣ акнун то ба ҳадди 3 нафар коҳиш ёфта, теъдоди нашри “Факти и комментарии” низ ҳамагӣ 500 нусха шудааст.

Аммо оё табдили молики “Авесто” боиси кунд шудани забони то ҳол дар баррасии масоили Тоҷикистон тунди ин хабаргузорӣ нахоҳад шуд? Ҷамшед Улмасов, сардабири ҳафтаномаи “Бизнес и политика” ва молики нави хабаргузории “Авесто” мегӯяд, сиёсати эҷодии “Авесто” аз ин ба баъд низ кадом тағйири усулие нахоҳад кард: “Он сиёсате, ки дар даври Зафар Абдуллоев буд, бетағйир боқӣ хоҳад монд. Тағйирот танҳо дар бахши пӯшиши хабарҳо пеш меояд ва мо ба ҷустуҷӯи ахбори бештари хубу ихтисосӣ такя хоҳем кард. Зафар Абдуллоев матлабҳои худро дар “Авесто” ҳамчунон нашр хоҳад кард, касе ба ӯ монеъ намешавад. Як шарти қарордод ҳамин аст, ки Зафар ҳар матлабе, ки мехоҳад, дар мо нашр мекунад, касеро танқид мекунад, ихтиёри ӯст. Моро аз ҳоло айбдор мекунанд, ки мо гӯё хабарнигорони рӯ ба Русия бошем. Ин чунин нест. Сиёсате, ки дар “Авесто” то ҳозир буд, тағйир намекунад, ҳамон боқӣ хоҳад монд.”

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Зафар Абдуллоев 35 сол ва 4 фарзанд дорад ва соли 1976 дар Норак ба дунё омадааст. Зафар хатмкардаи риштаи менеҷменти Донишкадаи соҳибкории Душанбе буда, соли 1997 дар хабаргузории “Азия Плюс” ба кори журналистӣ шурӯъ кард. Ӯ дар ин ҷо то мақоми сардабири ҳафтавори “Азия Плюс” сабзид ва 6 сол пеш, ба дунболи як даъвои додгоҳӣ бар сари тақсими саҳмияҳои “Азия Плюс” бо муассисаш Умед Бобохонов, хабаргузории “Авесто”-ро созмон дод. Абдуллоев асосгузори нашрияҳои “Фараж”, “Овоза” ва “Факти и комментарии” ҳам ҳаст, ки дуи аввалро баъдан ба ҳайъати эҷодии он ҳафтаномаҳо супурд ва акнун аз идомаи нашри “Факти и комментарии” ҳам, ки теъдоди нашру обунаи электрониаш дар маҷмӯъ зери 1000 нусха шудааст, даст мекашад. Оқои Абдуллоев ҳамчунин аз муассисони Медиа-Алянс аст, ки ҳамчун алтернатива ба Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон ташкил шуда буд.

МУОМИЛА БО «ТАЛКО»?

Зафар Абдуллоев бештар бо матлабҳои тунди интиқодиаш, бахусус пиромуни ношаффофиҳои фаъолияти "ТАЛКО", ширкати алюминсозии Тоҷикистон ва ба суратҳисобҳои бонкии машкук дар минтақаҳои оффшорӣ сарозер шудани фоидаҳои он маъруф буд. Хабари рафтани ӯ аз журналистика дар маҳофил ҳадсу гумонҳоеро ҳам эҷод кард, ки шояд ба манзури бастани забони ӯ аз танқидҳои минбаъдаи "ТАЛКО" муомилае дар ин миён сурат гирифта бошад ва ба Зафар Абдуллоев чунон пешниҳоди аз нигоҳи молӣ ҷолиб кардаанд, ки ӯ “не” гуфта натавонист.

Раҷаб Мирзо
Раҷаби Мирзо, хабарнигори мустақили тоҷик, мегӯяд, бештар худи Зафар Абдуллоев буд, ки тавассути чунин матлабҳои тунд роҳҳои тамос бо «ТАЛКО» ва ширкатҳои дигари марбут ба онро меҷуст. Вале Раҷаби Мирзо ҳам воқеъ шудани чунин як тамос дар ниҳояти амр ва сурат гирифтани муомилаҳое дар ин замина бо оқои Абдуллоевро баъид намедонад: “Шояд яке аз ҳадафҳои худи Зафар Абдуллоев ҳамин буд. Масалан, матлабҳои нисбатан тундтари “Авесто” ва худи Зафар Абдуллоев бештар равона шуда буд ба сӯи «ТАЛКО» ва ширкатҳои дигаре, ки бавосита ё бевосита ба раҳбарияти он наздикӣ доранд. Яъне шояд худи Зафар мехост бо чунин бархӯрд бо раҳбарони «ТАЛКО» наздикӣ пайдо кунад. Ва онки рӯзномаву сомонааш чандон муваффақ нашуд, фикр мекунам, шояд ба ҳамин самтгароиҳоии ин нашрияву ин хабаргузорӣ бастагӣ дошта бошад. Ва вақте ин ду тарҳ аз нигоҳи молӣ худро пӯшонда натавонист, шояд ба тавофуқоте ҳам рафта бошад. ”

“ФАРАЖ” ДАР НАВБАТ АСТ…

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтавори мустақили “Фараж”, ки муассиси аввали он ҳам Зафар Абдуллоев буд, вуҷуди кадом муомилаи пӯшидае ба хотири рӯфтани пайи пои оқои Абдуллоев аз саҳнаи матбуотро ҳадсе бепоя меномад. Аммо ӯ монанди “Авесто” ба мушкилоти молӣ гирифтор шудани “Фараж”-ро эътироф мекунад ва мегӯяд, манъ шудани нашри ҳафтанома, ки қариб се моҳ давом кард, барои “Фараж” аз ҳисоби молиёту ҳаққи хадамоти шаҳрӣ ва пули чопу қоғазу маоши коргарон зери 70 000 сомонӣ қарз ба мерос гузошт ва агар аз созмонҳои имдодрасон ба кӯмак нарасанд, ӯ ҳам мулзам аст, ба муомилаҳои барояш пешниҳодшуда тан дар диҳад. Муомилаҳое, ки сардабири “Фараж” дар мавриди табдили молики “Авесто” радд, вале дар баробари нашрияи худаш тасдиқ мекунад.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд: “Бале, дар сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ бо нафарони “гуногунсоҳа” ин гуна гуфтугӯҳо матраҳ шуда буд. Вале шарти онҳо ин буд, ки ман дигар ба журналистика машғул нашавам. Албатта, ман метавонам ҳамчун хабарнигори оддӣ кор кунам. Вале онҳо хавотир буданд, ки мабодо ман бо пули онҳо нашрияи дигари беҳтар аз “Фараж” бисозам Ин пешниҳодҳо як сол боз ироа шуда истодаанд, вале ман ба далели ҳамон шарташ розӣ набудам. Вале имрӯз, ки ҳоли “Фараж” беҳтар аз “Авесто” нест, дар сурати пешниҳоди ҷиддитар, ман маҷбурам, рӯи он ҷиддӣ фикр кунам.”

З.АБДУЛЛОЕВ: “МАРО КАСЕ НАХАРИДААСТ”

Зафар Абдуллоев сарусадоҳо дар бораи кадом муомилаи пӯшидаи ӯ бо гурӯҳҳое, чун «ТАЛКО»-ро такзиб мекунад ва мегӯяд, касе ӯро “нахаридааст”: “Дар мавриди «ТАЛКО». Ман ба фарқ аз дигарон ҳамеша мегуфтам, ки мо хостори дастгирӣ ҳастем, вале ин бояд аз тариқи як Сандуқи пуштибонии матбуоти мустақили Тоҷикистон сурат бигирад. Рӯзномаҳоро нахаранд, вале кӯмак кунанд, ки онҳо аз нигоҳи ҳирфаӣ пеш бираванд. Аммо чунин Сандуқ дар кишвари мо нест, мутаассифона. Агар ман бо «ТАЛКО» ё ягон гурӯҳи дигар муомила мекардам, бовар кунед, онҳо хеле хуш мешуданд. Аммо на,
маро нахаридаанд. Ҷамшед Улмасов ҳам намояндаи кадом гурӯҳи молӣ нест. Ман бояд дар бораи «ТАЛКО» ҳатман ягон чизи дигар бинависам ва шояд ин мардумеро, ки фикр мекунанд, маро харидаанд, таскини хотир диҳад.”

Зафар Абдуллоев мегӯяд, қаблан ҳам пешниҳодҳое барои фурӯхтани “Авесто” гирифта буд, вале ба ин далел, ки харидорон ғаразҳои сиёсӣ доштанд, розӣ нашуд ва дар ниҳоят онро бидуни дарёфти кадом маблағ ба нафаре супурд, ки дидгоҳи бо ӯ наздик дошта, сиёсати қаблии ин хабаргузориро дигар намекунад.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик мегӯяд, яке аз онҳое, ки хоҳиши харидани “Авесто”-ро доштанд, худи ӯст. Раҷаби Мирзо то поёни соли гузашта сардабирии рӯзномаи “Имрӯз Нюс”, як нашрияи наздик ба «ТАЛКО» ва Ориёнбонкро бар ӯҳда дошт ва аз ин рӯ аз ӯ пурсидам, ки оё “Авесто”-ро худи ӯ харидан мехост ва ё миёнҷие байни Зафар Абдуллоев ва мухотаби матлабҳои интиқодии ӯ буд. Ӯ дар посух гуфт: “На, на. Ин пешниҳоди инфиродӣ буд, вале Зафар Абдуллоев гоҳе бо шӯхӣ, вале гоҳе ҳам хеле ҷиддӣ мегуфт, ки ман “Авесто”-ро ба шумо намефурӯшам, чунки ман гӯё ҳадафҳои сиёсӣ дорам. Ва инак ба нафаре вогузораш кард, ки дар мавқеъи наздик ба Зафар Абдуллоев ва чанд тани дигаре, ки аз ин гурӯҳанд, қарор дорад. Фикр мекунам, дар ин ҷо масоили сиёсӣ чандон вуҷуд надошт. Ҳадди ақал барои онки мо бархӯрди ҷиддии мақомоти Тоҷикистон ва ширкатҳоеро, ки ӯ нисбат ба онҳо интиқоди шадид мекард, то имрӯз надидаем.”

ҚАЗИЯИ СОМОНАБАНДӢ

Аммо дар ҳамин тирамоҳи гузашта сомонаи “Авесто” дар пайи шурӯъи даргириҳои Камароб бо баҳонаҳои фаннӣ масдуд шуд ва танҳо дар ин авохир мақомот эътироф карданд, ки масдуд шудани “Авесто” ва сомонаҳои дигари тундгӯ далоили амниятӣ дошт ва ба амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар Рашт марбут буд.

Ба бовари Хуршеди Атовуллоҳ, масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи “Авесто” ҳамон қатраи охире шуд, ки косаи сабри Абдуллоевро пур кард ва ӯ аз идомаи кори хабарнигорӣ дигар батамом дасту дил шуст: “Зафар метавонист, ҳамчун муассис боқӣ монда, кори хабаргузориро ба як нафари мавриди эътимодаш бисупорад ва сарашро сабук кунад. Вале вақте болои мушкилоти иқтисодӣ сомонааш баста шуд ва ба будҷаи бе он ҳам хароби хабаргузорӣ зарбаи ҷиддитар зад, албатта, ҳамаи ин болои ҳам мешавад ва боис шуд, ки ӯ ба як тасмими қатъӣ биояд.”

Аммо Зафар Абдуллоев мегӯяд, масдуд шудани сомонаи “Авесто” ӯро баръакс то чанд моҳи дигар барои идомаи кор дар хабаргузорӣ ташвиқ кардааст: “Ман аз ягон навъ фишор наметарсам. Баръакс барои ман, ки аксар вақт муқобили маҷро меравам, кор кардан дар шароити фишор роҳаттар аст. Вақте сомонаи “Авесто”-ро бастанд, ман чанд моҳ бо шавқи хеле бештар кор кардам. Вале вақте ин ҳама фишор фурӯ нишаст ва вазъ ба ҳолати оддиаш баргашт, шавқи ман ба кор дар сомона ҳам дубора гум шуд.”

МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ, ВАЛЕ БӮҲРОНӢ

Масъалаи дигаре, ки табдили молики “Авесто” ва қасди рафтани Зафар Абдуллоев аз майдони матбуот бармало кард, мушкилоти сахти молиест, ки аксари расонаҳои мустақили Душанбе, ба хусус нашрияҳову сомонаҳои дар тирамоҳ, дар пайи нооромиҳои водии Рашт масдудшуда, гирифтор шудаанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бахусус нашрияҳои мустақил дар вазъи хеле мушкил қарор гирифтанд ва бар иловаи буҳрони молӣ, рӯйдодҳои тирамоҳи гузашта, ки 3 нашрияи мустақили “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмонд ва сомонаҳои интернетии “Авесто”-ву “Тоҷнюс” масдуд шуданд, ба мушкилоти матбуоти мустақили тоҷик афзуд.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, вазъ ба ҳадде печида шудааст, ки дар ғайри сурати кӯмаки созмонҳои ҳомии озодии матбуот, сарнавишти “Авесто”-ро бисёре аз нашрияҳои дигар низ шояд такрор кунанд: “Бино бар он, ки чопхонаҳо чопи ин нашрияҳоро бар ӯҳда нагирифтанд ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ маҳдуд буд, онҳо аз муштариёни худ маҳрум шуданд. Теъдоди нашри “Фараж”, барои мисол, аз 8 000 нусха то ба 3000 фуромад ва чанд шумора, ки чоп нашуд, ин нашрияҳо аз даромад низ маҳрум шуданд. Ва ба ҳамин хотир, он созмонҳое, ки рисолаташон кӯмак ба воситаҳои мустақили ахбор аст, бояд ин хабаргузориҳо ва нашрияҳоро ҳаддалимкон дастгирӣ кунанд, то аз байн нараванд.”

НАНСМИТ ҳанӯз дар шурӯъи бӯҳрони саросарии молӣ таҳқиқоте анҷом дода буд, ки бар асоси натоиҷаш, 40 дарсади нашрияҳои мустақил худро дар вазъи мушкили молӣ эҳсос мекунанд. Дар пайи ин таҳқиқот, созмонҳои хабарнигорӣ ва нашрияҳои мустақил аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки дар давраи бӯҳрон ба манзури дастгирии матбуот ба расонаҳо имтиёзҳое, аз ҷумла дар мавриди пардохти молиёт, қоил шавад.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки дархости онҳо аслан баррасӣ нашуд ва бо онки аз он дархост як солу чанд моҳ гузашт, посухи расмие ҳам то ҳол аз сӯи ҳукумат нагирифтаанд: “Муттаассифона, аз ҷониби ҳукумат ва мақомоташ ин пешниҳоди раҳбарони нашрияҳои хусусӣ дастгирӣ наёфт. Онҳо ҳатто он имконотеро, ки доштанд, аз тариқи имтиёзҳои андоз ё таъсиси як сандуқи кумак ба матбуот дар шароити бӯҳрониро напазируфтанд ва ин пешниҳодҳо ҳатто мавриди баррасӣ дар сатҳи ҳукумат ҳам қарор нагирифт. Азбаски матбуоти мустақил як рукни демократия аст ва дар ҳар ҷомиаи демократӣ ҳаққи вуҷуд дорад, давлат низ бояд нисбат ба он бетафовут набояд ва бояд бо роҳҳои гуногун чунин нашрияҳоро дастгирӣ кунад. Мо пешниҳод дорем, ки ҳамаи васоити ахбор, сарфи назар аз шакли моликияташ, ки хусусист ё ҳукуматӣ, бояд ба маблағҳои будҷа дастрасии баробар дошта бошанд.”

БОЗОРЁБӢ КОРЕ ОСОН НЕСТ

Раҷаби Мирзо аммо бозорёбиро яке дигар аз мушкилоти умдаи матбуоти муосир дар Тоҷикистон медонад ва мегӯяд, расонаҳои марбут ба Зафар Абдуллоев низ бо вуҷуди онки масоили доғеро доман мезаданд ва мавзеъи тунди интиқодӣ доштанд, натавонистанд мухотаби зиёд пайдо кунанд: “Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд. Барои ман муҳим ҳамин аст, ки оё як расона рисолати худро то куҷо анҷом медиҳад? Новобаста аз онки ба пуштибонӣ аз ин ё он гурӯҳ, ё кадом кишваре муттаҳамаш кунанд. “Авесто” дар оғоз яке аз хабаргузориҳои хеле муваффақ буд. “Факти и комментарии” ҳам аз нашрияҳои хеле ҳирфаӣ маҳсуб мешуд. Вале баъдан бархӯрди Зафар ба як доираи хеле маҳдуд сурат гирифт, ки ин боиси пайдо накардани маҳбубият ё аудиторияи васеътар барои ин нашрияву ин хабаргузорӣ шуд.”

Аммо Хуршеди Атовулло Зафар Абдуллоевро аз қавитарин хабарнигорони русзабон дар кишвар ба қалам дода мегӯяд, ки ӯ ҷои худро дар матбуоти тоҷик ёфта буд: “Зафар аз созмондиҳандагони Медиа-Алянс ва муассиси “Фараж” ва ҳафтавори як замони пуровозаи “Овоза” ҳам ӯст. Ва имрӯз “Авесто”-ву “Факти и комментарии”.. Ин ҳама аз ҷойгоҳи хеле мустаҳкам ва аз ҳунари рӯзномасозӣ доштану сайт сохта тавонистани Зафар Абдуллоев гувоҳӣ медиҳад. Бо вуҷуди бӯҳрон ва камбудиҳои молӣ, “Авесто” имрӯз ҳам сомонаи дуввум ё севвуми пурхонандатарин дар кишвар аст. Дуввуман, аз назари ҷасорати журналистӣ ҳам кам нашрияе ҳаст, ки ҳампои “Факти ин комментарии” бошад. Вале инки Зафар Абдуллоев ба далели мушкилоти иқтисодӣ наметавонад бозори фурӯши нашрияашро пайдо ё кори беҳтари хабаргузоришаро таъмин кунад, мавзӯъи дигар аст.”

ЗАФАР БА ОСИЁБИ КӢ ОБ МЕРЕХТ?

Бархе, аз ҷумла дар байни хабарнигорони тоҷик ҳам, фаъолияти Зафар Абдуллоевро чандон холисона намедонанд. Бархе мӯътақиданд, ки ӯ дар ин майдон аз ҷониби Тошканд бозӣ мекунад. Ба бовари бархеи дигар, Зафар Абдуллоев ба осиёби Маскав об мерехт.

Дар гуфтугӯ бо оқои Абдуллоев шӯхиомез пурсидамаш, ки ин ҳама сол ба нафъи кӣ кор мекард ва ба осиёби кӣ об “мерехт”?. Зафар Абдуллоев гуфт: “Ман барои кӣ кор мекунам. Барои ҳеҷ кас! Вақте ман аз "РусАЛ" танқид мекардам, сафири Русия Максим Пешков боре таънаомез маро гуфт, ки ман бояд аз Тошканд маош бигирам. Сафорати Узбакистон ду дафъа алайҳи ман номаи эътирозӣ навишта буд ва маро ҳатто ба вазорати хориҷа даъват карда буданд. Вақте мо аз созмонҳои амрикоӣ кӯмак дарёфт кардем, афроди наздик ба мақомоти Тоҷикистон маро айбдор мекарданд, ки рӯ ба Амрико овардаам. Вале баъди онки чанд матлаби танқидӣ навиштем, фикр накунам, ки сафири Амрико имрӯз моро дӯсти кишвараш бишуморад. Ҳамин тавр, як вақт маро 3-4 бор дар сафарҳои хориҷии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ гирифтанд. Ба дунбол гап хест, ки Зафар “ҳукуматӣ” ва тарафдори Раҳмон аст. Вале шукри Худо, сомонаи мо масдуд шуд ва мушкилоти молии мо собит мекунад, ки мо аз ҳукумат ягон маблағ ё имтиёз нагирифтаем.”

ЖУРНАЛИСТИКА ҲАМЧУН ҲОББӢ

Зафар Абдуллоев мегӯяд, акнун орзуи таъсиси як тиҷорати хурдеро дар сар дорад, вале бо вуҷуди канор рафтанаш аз журналистикаи фаъол ҳаққи нашри матлабҳояш дар “Авесто”-ро махсус ҳифз кардааст ва ҳам дар садади сохтани як блоги хусусии интернетист, то минбаре барои гуфтани ҳарфҳои дар дилаш ҷамъшуда дошта бошад: “Ин як тиҷорати хеле хурд аст, чунки пули маҳдуду ночизи ман барои кушодани тиҷорати ҷиддӣ намерасад. Ман зиндагии худро дигарбора аз сифр оғоз хоҳам кард. Аммо журналистика бароям як ҳоббӣ хоҳад монд. Яъне чизе, ки пул намеорад, балки танҳо барои роҳати маънавист.”

Аммо Хуршеди Атовулло мегӯяд, аз майдон рафтани хабарнигороне, чун Зафар Абдуллоев, хеле ҳайф аст: “Бояд ягон кӯмак мекарданд, то худи Зафар дар майдон мемонд, чунки мисли Зафар Абдуллоев журналистони ҷасур ва ҳам забондоне, ки ба чанд забон навишта метавонанд, Тоҷикистон қариб ки надорад. Албатта, ҳайф аст рафтанаш.”
XS
SM
MD
LG