Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пушти лутфи Маскав чӣ меистад?


Сомонаҳои расмии Русия матни созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистонро ба нашр расонданд. Ба дунбол, ин қарордод ба ҳукми иҷро медарояд, вале то замони тасвибаш - фақат ба сурати муваққат.

Бино ба созишнома, нашри ин санад аз замони пахши он тариқи расонаҳои расмӣ вориди амал мешавад. Аммо дар баробари сарлавҳаи созишнома дар қавсайн омадааст, ки ин созишнома муваққатан амал хоҳад кард.

Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон аз пахши ин санад истиқбол карданд. Заробиддин Файзуллоев, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, интиқоли муваққатии маводи сӯхт аз Русия шурӯъи иҷрои созишнома аст, танҳо бархе расмиёти дохилии он ҷониб боқӣ мондааст, то санад ба марҳалаи аслии амал ворид шавад: «Ин ба он маъност, ки то дастрас шудани нотаи расмии онҳо ба Тоҷикистон интиқол муваққатӣ унвон хоҳад шуд. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз моҳи май чунин нотаи расмиро ба Русия фиристода буд, ба ин маъно, ки мо дигар дар масъалаи созишномаи маводи нафтӣ ягон мушкил надорад. Онҳо ба тасвиб расонданд ва санадро нашр карданд, ин маънои онро дорад, ки интиқоли бидуни боҷи гумрукии маводи нафтӣ оғоз мешавад, балки аллакай оғоз шудааст.»

Русия боҷи гумрукиро аз фурӯши маводи сӯхташ ба Тоҷикистон бардошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи наздик ба ҳукумат, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъи муваққатии иҷроиши Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз ба ин маънӣ нест, ки Русия шартҳои Тоҷикистонро пазируфтааст. Вай афзуд, ҳоло боҷи гумрукӣ танҳо барои он маводи нафтие лағв мешавад, ки тибқи созишҳои пешина ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Ин манбаъ гуфт, дар асл маълум нест, ки Русия баланси индикативӣ, ё ҳаҷми талабнамудаи Тоҷикистонро, ки як миллион тон аст, қабул кардааст, ё хайр. Ва ба қавли ин манбаъ, то расидани «грамотаи тасвиб», ё санади ниҳоӣ дар бораи ин созишнома аз Русия наметавон гуфт, ки иҷрои созишнома ҳам тибқи хоҳишҳои Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Зимнан, бино ба иттилое, ки ба мо аз манобеъи наздик ба ҳукумат дастрас шуд, Тоҷикистон дар мавриди Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ки моҳи октябр аз сӯи парлумони ахирӣ ба тасвиб расид, ба Маскав «грамотаи тасвиб» нафиристодааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон мегӯяд, бидуни «грамотаи тасвиб» ягон созишнома эътибори қонунӣ пайдо намекунад: «Вақте парлумони ду ҷониб як санадро тасвиб мекунанд, он гоҳ тасвибнома ё «грамотаи ратификатсионӣ» ҳам бояд омода шавад. Тасдиқи эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани ҳуҷҷатро тасвибнома собит месозад. Ҳеҷ як кишвар ҳуқуқи пешниҳод накардани тасвибномаро надорад. Тасвибнома бояд дар ҳузури ду ҷониб, мисле ки дар ЗАГС ҳаст, супорида шавад

Мулоқоти Раҳмон бо Наришкин дар Душанбе
Мулоқоти Раҳмон бо Наришкин дар Душанбе
Ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон спикери Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин бадоҳатан дар рӯ ба рӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо худ тасвибномаи созишномаи пойгоҳро овардааст ва умедвор аст, ки тасвибномаеро ҳам аз Тоҷикистон бо худ хоҳад бурд. Аммо маълум мешавад, ба ин умедвориҳои ӯ дигар таваҷҷӯҳе сурат нагирифтааст.

Зимнан, Тоҷикистон аз оғози музокирот сари созишномаҳо изҳор медошт, ки ҳамагиро дар ҳамбастагӣ баррасӣ хоҳад кард ва мантиқан маросими таслим кардани тавибномаҳо ҳам дар як вақт сурат хоҳанд гирифт.

Аммо Думаи Русия аз созишномаҳое, ки 5 октябри соли 2012 миёни Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба имзо расида буданд, танҳо Созишномаи шароити ҳузури пойгоҳи 201 – ро ба тасвиб расондааст. Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ ба Тоҷикистон ва ҳам ду созишномаи марбут ба муҳоҷират ҳанӯз аз сӯи Думаи давлатии Русия ба тасвиб нарасидаанд. Тоҷикистон се созишномаи марбут ба пойггоҳ, тартиби будубоши шаҳрвандонаш дар Русия ва интиқоли маводи нафтии Русияро ба тасвиб расондааст.

Ба ҳамин минвол, санадҳое, ки барои муносибатҳои Русияву Тоҷикистон муҳим хонда мешуданд, ҳанӯз ниҳоӣ нашудаанд. Ва Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон, ки лағви боҷи гумрукиро пешбинӣ мекунад, муваққатан вориди амал мешавад.
XS
SM
MD
LG