Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар бо "ангезаҳои динӣ" аз эми кӯдакон саркашӣ мекунанд


Қазоқистон - эмгузаронӣ барои полиомелит. манкази тиббии "Актюбе", 5 январи соли 2013.
Қазоқистон - эмгузаронӣ барои полиомелит. манкази тиббии "Актюбе", 5 январи соли 2013.

Дар ноҳияи Темири вилояти Оқтеппаи Қазоқистон волидони зиёда аз сесад тифли навзод аз эм кардани фарзандони худ сарпечӣ карданд ва гуфтаанд, ки "дин иҷозат намедиҳад". Дар ин бора сардухутри бемористони марказии ноҳия Хонум Балгазина хабар дод.

Балгазина мегӯяд, барои фаҳмондани аҳамияти эм мутахассисонро ба гуфтугӯ бо чунин волидон даъват кардааст.

"Онҳо бо одамони бегона гап намезананд. Биноан, ду корманди худ, як пизишки зан ва як пизишки мардро вазифадор кардам, ки ба онҳо зиёни ин амалашонро фаҳмонанд. Ба ғайр аз ин, гурӯҳе иборат аз фақеҳон, кормандони ҳукумат, додситонӣ ва пизишкон хона ба хонаи онҳо мераванд, то суҳбат кунанд. Аммо то имрӯз танҳо се нафар тағйири фикр кардааст", -- гуфт Балгазина.

Раиси идораи тандурустии вилояи Оқтеппа Асет Калиев мегӯяд, дар ин вилоят зиёда аз дуним ҳазор кӯдаке ҳаст, ки падару модарашон эм кардани онҳоро намехоҳанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин хонаводаҳо дар ноҳияҳои Алға, Муғалҷар, Темир ва Шалкар ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG