Пайвандҳои дастрасӣ

Бишканад дасте ки гирад аз гиребони падар...


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ахбори мақомоти милисаи Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноятҳои сангине, чун куштор дарак медиҳад. Ва он ҳам аксаран куштори хеле бераҳмона дар пайи баҳсҳои ночизи маишӣ. Оё ин аломати ба сурати умум бераҳм шудани ҷомиа аст?

Лентаи хабарҳои сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як тасвири ҳузнангези вазъи криминогенӣ дар ин кишварро намоён мекунад. Дар ин хабарҳо хабари аспдуздӣ ҳам ҳасту хабари қаллобӣ ҳам ва, албатта, тибқи муди имрӯза, ахбори зиёде дар бораи ба номуси ноболиғ расидану боздошти ину он бо иттиҳоми “бо муҳайё сохтани шароити равобити ҷинсӣ” ба фоҳишахона табдил додани манзилашон.

Аммо сӯҳбати мо имрӯз аз ҷиноятҳои марбут ба куштор аст, ки ба сари худ ҷинояти хеле сангин аст, зеро ҳар чунин ҷиноят ба риштаи умри дасти кам як инсон теша мезанад. Ва барои анҷоми ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз тамоми васоил - корд, табар, камон... - истифода мебаранд. Ва ба касе тараҳҳум надоранд, ҳатто ба падару модар, ҷиян ва ба фарзанди худ...

Чанд намуна аз лентаи хабарҳои mvd.tj - сомонаи вазорати корҳои дохилӣ:

"...Абдуллоев Рамазон, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ш. Сарбанд 24-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 22.00 дақиқа дар назди тарабхонаи “Муниса”, воқеъ дар ноҳияи Бохтар бо бародарон Сафаров Анвар соли таваллудаш 1988 ва Сафаров Дилшод соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Бохтар ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корди хоҷагӣ ба узвҳои бадани номбурдагон зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа Сафаров Анвар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Сафаров Дилшод бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Далели шайъӣ - корд гирифта шуд..."

"Рӯзи 23.01.с.2015, шаҳрванд Абдуллоев Олимҷон соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ашт, ки пеш бо моддаи 138 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо санг ба сару рӯи модараш Абдуллоева Тиллобибӣ соли таваллудаш 1948, якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа модараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад..."

"...Ҷӯраев Насимҷон Дадоҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, пеш бо моддаи 135 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) суд шудааст, санаи 19.01.с.2015, тахминан соати 17.00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш собиқ ҳамсараш Ҷӯраева Назира Абдулқаҳҳоровна соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Қайроққумро бо истифодаи силоҳи шикории тамғаи “ИЖ”, қутраш 16-мм., бе рақам, бе соли барориш, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба рӯяш 2 маротиба тир холӣ кардааст. Дар натиҷа шаҳрванд Ҷӯраева Н.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст..."

Қатли ҷиян баъди шикаст дар ...дастхобонӣ

Ин 3 мавриди кушторест, ки танҳо дар як ҳафтаи охир сурат гирифтааст. Аз он пеш қазияи амаки пеш ҳам зиндонишудае буд, ки танҳо барои онки дар мусобиқаи дастхобонӣ аз ҷиянаш шикаст мехӯрад, ӯро дар як тангкӯча поида, то куштан кордаш мезанад. Қазияи то ҳол таҳти тафтиши ду сарбози пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон ҳам буд, ки барои халосӣ аз пардохти ҳамагӣ 1500 доллар қарзашон як таксирони сокини Душанберо бо баҳонаи дамгирию моҳигирӣ лаби кӯл буда, бераҳмона мекушанд.

Ҳамчунин қазияи Т.Салимова аз ноҳияи Ҳисор буд, ки тавре сомонаи вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, «муайян карда шуд, ки ӯ рӯзи 08.01.с.2015, дар хонаи истиқоматиаш, тифли навзодашро дар оби ташноби ҳоҷатхона (унитаз) ба ҳалокат расонидааст.» Аз он пеш қазияи модари дигари танҳоро доштем, ки духтари хурдсолашро аз ятимхона мегирад ва барои халосӣ аз таънаи мардум ӯро мекушад.

Аз аввали соли ҷорӣ, яъне дар муддати ҳамагӣ сеюним ҳафта танҳо дар вилояти Суғд аллакай 7 куштор сабт шудааст. Ва аксаран кушторе, ки бо шеваи бераҳмона ва маъмулан дар пайи баҳсҳои ночизи маишӣ содир шудаанд. Солона дар Тоҷикистон бино ба ҳисобҳо, то 150 куштори барқасдона содир мешавад.

Миҷгона ва Шабнам

Қазияи Ёвон, хушбахтона, то куштор нарасид, вале низ бо сатҳи бераҳмиаш сарусадои зиёде дар ҷомиа ба по кард. Боз ҳам иқтибос аз сомонаи вазорати корҳои дохилӣ:

"Азобу уқубат ва ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ

"Латипова Миҷгона, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ёвон... рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ аз ҳиссиёти хусумати шахсӣ, бо мақсади азоби ҷисмонӣ расонидан ва ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрванд Юсуфова Шабнам, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамин ноҳия, ӯро ба хонаи истиқоматиаш оварда латту кӯб намудааст. Сипас бо қайчӣ мӯйи сар ва бо алмос қошҳои ӯро тарошида, муддати зиёда аз 3-4 соат озори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ расонидааст..."

Равоншиносон чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии гӯшношунид содиршударо аломати бераҳмтар шудани ҷомиа меноманд. Рӯҳониён ба ин таъкид мекунанд, ки ин ҳама натиҷаи аз Ислом ва арзишҳои динӣ дуру бехабар мондани бахусус қишри ҷавон аст. Мақомот аз бадтар шудани вазъи ҷиноӣ дар умум ва соҳибназарон аз эҳтимоли боз ҳам бадтар шудани ин вазъ дар пайи аҳви ахир ва бозгашти даҳҳо ҳазор муҳоҷири бекормонда аз Русия ҳушдор медиҳанд.

Аммо назари Шумо чист, хонандагони азизи Озодӣ? Ва оё чора чист? Қазовати мавзӯъро дар ин «Майдони баҳс» ба Шумо во мегузорем. Назарҳои худро дар поварақи ин матлаб ба Озодӣ бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG