Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибназарон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон баъди пирӯзии яқинаш дар интихоботи 6 ноябр бояд ногузир ба ислоҳоти фарогире иқдом кунад ва ончиро ки натавонист дар 21 соли аввали раҳбариаш анҷом диҳад, дар ин 7 соли охир ба сомон бирасонад.

Натиҷаи интихоботи рӯзи 6 ноябри президентии Тоҷикистон дигар тақрибан барои касе пӯшида нест. Баранда маълум аст - Эмомалӣ Раҳмон. Ва ҳатто агар Ойниҳол Бобоназарова – номзади ягонаи мухолифин - сабти ном ҳам мешуд, гумон буд, ки исми ғолибро иваз кунад.

Аммо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон имсол барои бори аввал баъд аз рақобати соли 1994-уми ӯ бо Абдумалик Абдуллоҷонов, шоҳиди талоше барои чунин рақобат шуд. Ин талош, ки Бобоназарова ном дошт, пешгирӣ шуд, вале як силсила иштибоҳҳо ва мушкилот дар сиёсати оқои Раҳмонро рӯи об баровард.

Ислоҳи ин иштибоҳҳо, ба таъбири як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе, метавонад «вазифаи хонагӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон барои ин давраи ҳафтсолаи раҳбариаш шавад. Ин давра ҳатто тибқи Қонуни асосӣ, ки ба хотири тамдиди замони раёсати Эмомалӣ Раҳмон чандин бор таҳрир хӯрдааст, давраи охири раёсати ӯст ва бисёриҳо ба ин далел умедворанд, ки ӯ ин навбат самимона барои таърих кор хоҳад кард.



Таъсиси як парлумони коромад ба ҷои ду малҷиси кунунии парлумони Тоҷикистон, ки "кисагӣ" унвон мешавад, ва ҳамин тавр, боло бурдани нақши сарвазир, тақсими қудрат байни шохаҳои мухталифи давлатдорӣ ва аз тасаллути танҳо як нафар берун кардани идораи тамоми умури давлатӣ аз вазифаҳоест, ки президент Раҳмон дар ин давраи ҳафтсола дар пешорӯи онҳо қарор мегирад. Иҷрои ин вазифаҳо метавонад роҳро барои пешрафти Тоҷикистон боз кунад ва тамғаи худкомагиро аз пешонаи давлати ӯ кам-кам бизудояд.

Чизи дигаре ки метавонад табиати худкомаи низоми феълиро тағйир бидиҳад, ба бовари бисёриҳо, гузаштан аз баҳри маъракаҳои мадҳу санои раҳбар ва баргузории истиқбол аз оқои Раҳмон дар шаҳру навоҳӣ аст, ки имрӯз шояд танҳо дар Туркманистону Кореяи Шимолӣ мушоҳида мешавад. Рақсу таронахонии иҷборӣ дар пасманзари мушкилоти урёни иқтисодӣ.

Соҳибназарон умедворанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои тими ояндаи ӯ ба ин ҳама маъракаҳои сохтаи мадҳу сано, ки мақомоти маҳаллӣ ба истиқболи ӯ дар шаҳру навоҳӣ омода мекунанд фирефта нашуда бар сиёсатҳои худро пояи воқеиятҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон амалӣ мекунанд ва истеҳсолу саноати воқеъиро бунёд мекунад, на тасвирҳоеро, ки дар телевизион таблиғ мешаванд. Дарки ин воқеъият, ки аксари нафарони калидии тими кунунии президент Раҳмон ҷавобгӯи талаботи замони муосир нест, аз қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт хоҳад буд.
Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов, раиси кумитаи амният ва дифоъи парлумон низ дар бораи зарурати тағйирот дар сиёсати давлат баъд аз интихобот сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, як ислоҳоти ҷиддӣ дар пеш истодааст: «Вақте мардум раҳбариашро ба касе бовар кард, раҳбар ба хотири иҷрои ваъдаҳои ба мардум додааш бояд нафаронеро дар паҳлуи худ бигирад, ки ба вазифаи худ содиқ бошанд. Ҳама медонанд, ки баъди интихобот ҳукумат ба истеъфо меравад ва ҳукумати нав таъсис хоҳад ёфт.»

Амирқул Азимов дар бораи самту сӯи ин ислоҳоти ба ақидаи ӯ, ногузир, ҷузъиёти зиёд надод, вале тағйиротеро, ки дар ҷомиа интизор доранд, метавон дар чанд даста тасниф кард.

​Мунтақидон ба як ислоҳоти фарогири сиёсӣ иқдом кардани ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмонро амре лозим ва барои ҷомеа ногузир медонанд ва мегӯянд, ин ислоҳот бояд ба ҳадде фарогир бошад, ки битавонад Тоҷикистонро, ки ҳоло дар дунё як низоми худкома ва таҳти султаи як гурӯҳи маҳдуди манфиатдор муаррифӣ мешавад, таърифи наву мусбаттаре бидиҳад.

Бастаи дигари даъватҳо марбут ба мушкилоти рӯзмарраи мардум аст ва акнун на фақат аз забони мунтақидон, балки аз сӯи мардуми оддӣ ва ба ҳавлу ҳоли сиёсии кишвар аксаран бетараф низ зиёд ба гӯш мерасад. Билохира нуқта гузоштан ба бебарқие, ки дар ин асри 21 ҳам ҳар зимистон Тоҷикистонро ба мушкил рӯ ба ру мекунад, аз ҷумлаи ин талабҳост. Ваъдаи ба як афсона барои наслҳои нав табдил додани лимити барқро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар интихоботи қаблии соли 2006 дода буд ва мебоист лимит дар соли 2009 бардошта мешуд. Аммо нашуд ва ҳоло умеди мардум ин аст, ки оқои Раҳмон иҷрои ин ваъдаро ҳадди ақал то соли 2020 тӯл намедиҳад.

Боздошти муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон, дар базаи меваву сабзавоти "Бирюлёво"-и Маскав

Боздошти муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон, дар базаи меваву сабзавоти "Бирюлёво"-и Маскав

Интизори дигари мардум, албатта, марбут ба таҳияи ҷойи кор бо маоши муносиб барои беш аз 1 миллион муҳоҷири корист, ки рӯзии хонаводаҳои худро дар як шароити пуразоб дар ғурбат ба даст меоранд. Афзоиши таъқиби ин мардум дар Русия талаби ба ватан баргардондан ва дар худи Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин кардани ин артиши бузургро доғтар кардаааст ва ҳарчӣ бештар садоҳое баланд мешаванд, ки Душанбе набояд дигар ба умеди оши ҳамсоя турб битарошад, балки фикри таъмини шаҳрвандонаш бо ҷои кор ва маоши муносибро худаш бикунад. Душанбе, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ.

Хабарнигори тоҷик Нилуфари Карим мегӯяд, «Муҳоҷират як мавзӯъи доғи ҷомиаи мо шудааст ва раисиҷумҳур бояд аз ҳалли ҳамин мушкил шурӯъ кунад. Мо бояд корхонаҳои саноатиамонро гардон карда, ҳамаи муҳоҷирони тоҷикро ба ватан баргардонем.»

Дар тӯли як даҳсолаи ахир президенти Тоҷикистон аз ҳама бештар бар сари ду масъала, непотизм ё хешутаборбозӣ дар ҳукумат ва фасоди фарогири сохторҳои давлатӣ танқид шунидааст. Мардум исми наздикони президентро, ки мақомҳои калидиро соҳиб шудаанд вале аз ӯҳдаи кор намебароянд, ном ба ном медонанд ва ҳамеша суол мегузоранд, ки чаро раисиҷумҳур беҳунарии онҳоро мебинад, вале барои халос шудан аз ин ҳалқа иқдом намекунад? Хотима гузоштан ба ин шеваи кор аз вазифаҳои дигари оқои Раҳмон номбар мешавад, ки дурустии хати машши давлат дар ояндаи наздик ба ҳалли он бастагӣ хоҳад дошт.

Хабарнигори тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, ҳар нав ислоҳот бидуни як поккории ҷиддӣ дар суфуфи ҳукумати Тоҷикистон маъно надорад: «Мо дар тамоми бахшҳо мушкили кадрӣ дорем. Танҳо таъйиноти дурусти кадрӣ метавонад вазъро ислоҳ кунад. Бубинед, агар ислоҳи вазъ дар соҳаҳои буҳронзада, барои мисол, дар риштаи барқро боз ба ҳамон кадрҳои кӯҳна вогузор кунем, натиҷае намедиҳад. Яъне сиёсати кадрӣ бояд иваз шавад ва раҳбаронро аз рӯи донишу малакаи онҳо таъйин кунанд, на аз рӯи маҳаллу хешутаборӣ ва омилҳои дигар.»

Дар баҳсҳои сомонаи Озодӣ ҳатто тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон низ ин нуктаро эътироф мекунанд, ки «Ҷаноби олӣ худаш одами хуб аст, вале баъди интихобот бояд як бор атрофашро ҷиддан тоза кунад.»

Ва пеш аз ҳама аз хешу табори худи ӯ, - илова мекунанд мунтақидон. Мисли Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки мегӯяд, "маҳалгароӣ ва хешбозӣ дар ҷобаҷогузории кадрҳо низ як манбаъи асосии фасоди саросариест, ки ба як таҳдид ба амнияти миллии Тоҷикистон табдил ёфтааст."

Дар баҳсҳои сомонаи Озодӣ бисёриҳо менависанд, ки бештар аз ҳама ҳузури беш аз ҳадди хешу табори президент дар мансабҳои баланди давлатӣ ва бештар аз он беамалӣ ва бепарвоии онҳо ба иҷрои вазифаи худ обрӯи президентро дар ҷомиа коста мекунад ва Эмомалӣ Раҳмон бояд тағйироти кадрии давраи нави раҳбариашро аз тоза кардани командааш аз чеҳраҳои тасодуфие оғоз кунад, ки дар ин муддат ғайри риштаи хешутабориашон бо президент ягон салиқаи дигар зоҳир накарданд.

Акнун, мегӯяд Ҳумайрои Бахтиёр, муҳим ин аст, ки дар сиёсати кадрии Душанбе ҷое барои омилҳое, чун маҳалгароӣ ва хешбозӣ боқӣ намонад.

Тақозои дигар аз президент ҷалби технократҳои ҷавон ба ҳукумат аст, ки аксаран дар кишварҳои ғарбӣ, Русия, Чин ва инчунин дар худи Тоҷикистон таҳсил кардаанд ва ба масоили кишвар аз дидгоҳи тозатар менигаранд. Нисфи вазирони тоҷик синни аз 60 боло дошта, аксар баъд аз соли 1992 аз сатҳи ноҳияву ҷамоат якбора ба сатҳи ҷумҳурӣ омадаанд.

Тоҷикистон, ҳамин тавр, дар пешорӯи ончӣ ки баъди 6 ноябр иттифоқ хоҳад уфтод, чашмбароҳи як тағйироти куллист. Тағйироте ки зарураташро ҳарду ҷониб – ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва ғолибан ояндаи Тоҷикистон – эҳсос мекунанд. Албатта, ҳар кадом ба гунаи худ.

Ин кобина баъди 6 ноябр истеъфо хоҳад дод

Ин кобина баъди 6 ноябр истеъфо хоҳад дод

Амирқул Азимов, узви собиқадори тими Эмомалӣ Раҳмон аз бурдани исмҳои мушаххасе, ки аз ҳукумат хоҳанд рафт ё баръакс хоҳанд омад, худдорӣ кард, вале гуфт, инки баъди интихобот дар ҳукумат тағйирот хоҳад шуд, амре яқин аст: «Албатта, тағйирот мешавад. Албатта, раҳбари давлат дар ҳар як соҳа шахсони вафодору кордида ва кордонро таъйин хоҳад кард. Тағйирот, албатта, мешавад!»

Ба ҳар сурат, баъд аз 6 ноябр рӯшан хоҳад шуд, ки оё Эмомалӣ Раҳмон баъди 21 соли раҳбарӣ билохира ба як ислоҳоти фарогир ҷуръат хоҳад кард ваё чун дафъаҳои гузашта бо як ислоҳи дигари зоҳир қаноат варзида, дар ҳамон ботлоқи худкомагӣ ва хешутаборбозӣ пой хоҳад зад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG