Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВИДЕО-ЧИСТОН: Ронанда ба афсари БДА чӣ дод?


Хабарнигори Озодӣ тасодуфан лаҳзаи "салому алейк"-и афсари БДА бо ронандаи мошини манъкардаашро сабт кардааст. Ронанда баъди ин салом ба роҳаш идома дод, вале суол ин аст, ки оё ин фақат як салом буд ё..?

Дурбини хабарнигори Озодӣ ҳангоми пурсиши назари мардум дар яке аз кӯчаҳои Душанбе тасодуфан лаҳзаи манъ кардани як мошин аз тарафи афсарони БДА ва аз мошин пойин шудану бо яке аз афсарони пулиси роҳ салом кардани ронандаи ин мошинро сабт кардааст.

Ин салом ба андозае дили афсарро нарм кард, ки ӯ дигар ҳатто асноди ронандаро тафтиш ҳам накард ва ӯ оромона ба мошинаш баргашту ба роҳи худ идома дод.

Қазовати ин лаҳзаи пурасрорро ба худи хонандагони Озолӣ ҳавола мекунем ва аз онҳо мепурсем ки:

Ба назари Шумо, ронанда ба афсари БДА чӣ дод?

Ваё ин танҳо як салому алейк буд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG