Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмон ба Чин. Ҷалби ҳимоя ё сармоя?


Ҳангоми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, ки охирин боздидаш дар ин давраи раёсати ҷумҳуриаш аст, қарордодҳои чанд миллиондолларӣ имзо шуд.

Ҷумҳурии Чин шояд ягона кишваре аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳар сафараш ба онҷо қаноатманд ва бо дастони пур бармегардад. Бо қарордодҳои чандсад миллион долларӣ бо ваъдаҳои идомаи кӯмак ва мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, ки бо гузашти муддати кӯтоҳе ҳам иҷро мешаванд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки то кунун бор арзиши 1 миллиард доллар дар Тоҷикистон роҳу шабакаҳои интиқоли барқ ва нақбу дигар зербунёдҳои муҳим сохтааст, дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ҳам саховатмандӣ нишон дод ва миёни ду кишвар қарордодҳо бо арзиши 200 миллион доллар имзо шуд.

Аммо шояд муҳимтарин натиҷаи сафари Раҳмон, ҷалби ҳимояти Чин дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ бошад, ки қарор аст, моҳи ноябр баргузор шавад. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон аз азми худ барои ширкат дар интихобот хабар надодааст, вале сафари ӯ ба Чинро, як аломати ҳимояти ҳамсояи қудратманди Тоҷикистон медонанд, ки қудратҳои бозигар дар Осиёи Марказӣ наметавонанд, манофеъи онро нодида бигиранд. Қубан Абдимен, таҳлилгари қирғиз, ки аз ҷумла ҳамкориҳои Чину Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад, дар ин бора мегӯяд:

“Ба фикрам ин сафар метавонад, барои Эмомалӣ Раҳмон, як қартае бошад, ки нишон бидиҳад, ҳамкориҳо бо Чину Русия хуб рушд мекунад ва раҳбарони ҳарду кишвар, бахусус ҳукумати Чин, ки чанде пеш нав шуд, бо Тоҷикистон муносиботи хуб дорад ва раҳбарияти феълии онро дастгирӣ мекунад.”

Вале муносиботи Тоҷикистону Русия ба он ҳадде ки “хуб” тасвир мешавад, нест ва ихтилофи назар дар бораи созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар кишвар, баёнгари возеҳи он аст. Ин санад, ки моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе имзо шуд, дар Русия аз тамоми марҳилаҳои ҳуқуқӣ гузаштаву тасвиб шудааст, вале ҳанӯз ҳам дар рафи созишномаҳои имзонашудаи ҳукумати Тоҷикистон мондааст. Ин беэътиноии ҳукумат ба созишнома, Русияро нороҳату асабонӣ кардааст, ки онро аз ҳомиёни аслии Раҳмон медонанд. Зоҳиран аз ҳамин аст, ки дар остонаи сафари Раҳмон ба Чин, матбуоти расмиву ғайрирасмии Русия, ки парвои сиёсатҳои дохилии Тоҷикистон надоштанд, ба якборагӣ ба интиқоди ҳукумати Раҳмон пардохта ва навиштанд, ки ба шарофати ӯ Чин “нисфи Тоҷикистонро гирифт” ва Тоҷикистон ба як “музофоти” он Чин табдил шудааст. Манзур аз ин гуфта, ҳузури зиёди иқтисодии Чин дар Тоҷикистон ва имзои созишномаи баҳсбарангези марзӣ миёни ду тараф аст, ки бар асоси он 1 ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон ба ихтиёри Чин гузашт.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Аммо Ҷош Бунстра пажӯҳишгари FRIDE, як муассисаи таҳқиқотии аврупоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари Раҳмон ба Чин бештар аҳамияти иқтисодӣ дорад, зеро ӯ бе ҳимояти Чин ҳам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот “пирӯз” мешавад ва дастгирии онро эҳсос мекунад:

“Чин як бозигари пурқудрати иқтисодӣ дар минтақа аст ва ҳаргуна режим дар Осиёи Марказиро то замоне ки собит бошанд, пуштибонӣ хоҳад кард. Айни ҳол дар Осиёи Марказӣ барои Чин ҳеҷ интихоби дигаре вуҷуд надорад, аз ин рӯ режимҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад.”

Ба гуфтаи ӯ барои Чин муҳим аст, то Тоҷикистон, ки бо вилояти бесуботи Шинҷони Чин ҳаммарз аст, рушд кунаду босубот бошад ва аз ин субот, Чин ҳам баҳра барад ва унсурҳои ифротӣ ба он вилояти мусулмоннишини Чин сироят накунанд. Тоҷикистону Чин 500 километр марзи муштарак доранд. Виктор Дубовитский, таърихшиноси тоҷикистонӣ ҳам мегӯяд, иртибот додани сафари Раҳмон ба Чин ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дуруст нест ва ҳадафи он танҳо ҷалби сармоя аст:

“Барои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ин интихобот, муҳим ҳимояти мардумӣ дар дохили кишвар аст, зеро ба ӯ на чиниҳо балки тоҷикон дар Тоҷикистон раъй медиҳанд. Аз ин рӯ ба фикри ман ин сафар ҳеҷ иртиботе ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ надорад. “

Ба гуфтаи Виктор Дубовитский, Чин дар ҳамкориҳояш бо Тоҷикистон ҳамеша беғаразона амал кардааст ва сару садо дар бораи экспансияи чиниву таҷовузи чинӣ ба Осиёи Марказӣ воҳима аст. Ҷош Бунстра пажӯҳишгари FRIDE ҳам мегӯяд, бо вуҷуди истифода аз ҳамёни Чину васеъ боз кардани дарҳои Тоҷикистон ба рӯи он, ҳукумати кишвар бим дорад, ки беш аз ҳад зери таъсири Чин наравад ва аз ин рӯ саъй хоҳад кард, ки Русияву Амрикову Эрон ва дигар бозигарони муҳим дар Осиёи Марказиро ҳам нараҷонад ва дили онҳоро низ ба даст орад.
XS
SM
MD
LG