Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди пойгоҳи 201 то ҳол ба парлумони Тоҷикистон нарасидааст


Путин ва Раҳмон ҳангоми боздид аз пойгоҳи 201 дар Душанбе. 5 октябри соли 2012
Путин ва Раҳмон ҳангоми боздид аз пойгоҳи 201 дар Душанбе. 5 октябри соли 2012

Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ин санад то ҳол барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ироа нашудааст.

Саттор Холов, муовини раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон дар вокуниш ба имзо шудани қарордоди пойгоҳи 201-уми Русия аз сӯи раиси он ҷумҳурӣ Владимир Путин гуфт, ки ин санад барои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши низомӣ бисёр муҳим аст, аммо ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон ин санадро барои тасвиб ба парлумон пешниҳод накардааст. Оқои Холов афзуд, агар созишнома барои тасвиб ба парлумон ироа шавад, Маҷлиси намояндагон бо назардошти аҳамияташ онро ба тасвиб хоҳад расонд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 8 май қарордоди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-умро имзо кард ва бо ҳамин тамоми мароҳили тасвиби ин созишнома дар Русия тай шуд. Ин қарордод 5 октябри соли 2012, зимни сафари Путин ба Душанбе, ки дар зодрӯзи 60-уми ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ уфтод, имзо шуда буд. Думаи давлатӣ ва Шӯрои федеролӣ – маҷлисҳои парлумони Русия – ин созишнома ва айни қарордод дар бораи шароити ҳузури пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистонро моҳи апрел тасвиб карданд.

Бо тай шудани тамоми мароҳили тасвиб дар Русия қарордоди шароити ҳузури пойгоҳи 201 боз ҳам баъди пурра тай шудани ин мароҳил дар Тоҷикистон ба иҷро хоҳад даромад. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки Душанбе тарафдори дар як баста тасвиб кардани ҳам созишномаи пойгоҳ ва ҳам он сабукиҳоест, ки Русия дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳаш ба Тоҷикистон ваъда карда буд.

Як манбаъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба шарти набурдани исмаш ба Озодӣ гуфт, масъалаи пойгоҳ хеле ҳассос аст ва мавзеъгирии Душанбе дар ин масъала ва ҳатто шеваи муносибат ба раванди тасвиби қарордоди алакай имзошуда ба иродаи раҳбари аввали ҷумҳурӣ бастагӣ дорад.

Таҳлилгари рус Аркадий Дубнов то ҳол мушаххас нашудани мавзеъи Маскав дар қиболи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро далели дигари дар тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 маътал кардани Душанбе меномад ва мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз Маскав ҳимояти рӯшан бигирад, ки дар ин маърака низ рӯи номзадии ӯ ҳисоб хоҳад кард. Дубнов гуфт, ""Ин як масъалаи ҳассос аст. Барои Раҳмон пуштибонии Маскав муҳим аст ва худи инки то ҳол номзадиашро расман эълон накардааст, ба ин бастагӣ дорад, ки то ҳол аз Маскав таъйиди рӯшани номзадиашро ба даст наовардааст. Ин аст ки мегӯяд, дар мавриди пешбарии номзадиаш ҳанӯз ба қароре наомадааст."

Таҳлилгари низомии рус Александр Голтс ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, далели дигар ин аст, ки "бо наздик шудани замони хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон ҳокимони Осиёи Марказӣ вуруди боз як бозигари қудратманд ба саҳнаро эҳсос кардаву бозиеро бо номи шартии "Киро бештар метавон ҷӯшид?" шурӯъ кардаанд. Ин аст, ки онҳо ба Маскав таҳдид мекунанд, ки агар хостаҳояшон бароварда нашавад, ба Ғарб рӯ хоҳанд овард."

Далели дигар, ба ақидаи маҳофил, талоши даст ёфтан ба имтиёзҳои бештар аз Маскав дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201 аст.

Русия дар ивази то соли 2032 тамдид шудани ҳузури низомиаш дар Қирғизистон, 489 миллион доллар қарзи Бишкекро ботил карда, барои сохтани 5 нирӯгоҳ, аз ҷумла нирӯгоҳи азими Қамбар-Ота-1 ба Қирғизистон ваъдаи сармоя дод.

Аммо ба Тоҷикистон, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид кард, дар иваз танҳо баъзе сабукиҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик ва лағви боҷи гумрукии эъмолшуда ба содироти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон ва ҳам ёриҳои низомӣ барои артиши ин кишварро ваъда супурд.

Дар заминаи ин ду масъала моҳи феврали соли равон байни Тоҷикистону Русия ду қарордоди алоҳида ҳам ба имзо расид, ки якеаш 1 миллион тонна маводи сӯхтро дар соли равон бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ маъоф мекард ва дувумӣ ба муҳоҷирони тоҷик имкон медод, ки ба ҷои 3 рӯзи кунунӣ дар Русия то 15 рӯз бидуни сабти ном ба сар баранд. Аммо ба фарқ аз қарордоди пойгоҳи 201, қарордодҳои Маскаву Душанбе дар масоили муҳоҷират ва маводи сӯхт то ҳол дар мароҳили аввали тасвиб дармондаанд.


Гашти низомии асокири пойгоҳи 201-уми Русия
Гашти низомии асокири пойгоҳи 201-уми Русия
Ба назари маҳофил, агар Маскав дар тасвиби ин ду қарордоди муҳим боз ҳам маътал кунад, гумон аст, ки Тоҷикистон битавонад дар соли ҷорӣ 1 миллион тонна маводи сӯхти бидуни боҷ ваъдашударо ворид кунад. Ин дар ҳолест ки баъди имзои қарордоди пойгоҳ бисёриҳо дар Тоҷикистон умедвор буданд, ки дар ивази ин гузашти бузург ҳадди ақал нархи бензину солярка пойин хоҳад рафт.

Дар маҳофил мегӯянд, Русия дар муқоиса бо Қирғизистон ба Душанбе дар ивази тамдиди замони ҳузури низомиаш имтиёзи хеле камтареро қоил омад ва онро ҳам то ҳол ба иҷро надаровардааст. Соҳибназарон як сабаби то ҳол ба тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 иқдом накардани Душанберо ба ҳамин нороҳатиҳо аз “муомилаи нобаробар” ва танишҳои навбанаве, ки дар ин авохир дар равобити Маскаву Душанбе рӯ мезананд, бастагӣ медиҳанд.

Таҳлилгари рус Андрей Грозин ба "Ведомости" гуфтааст, Тоҷикистон низ аз Русия имтиёзҳоеро мехоҳад, ки Маскав ба Бишкек додааст. Ба ақидаи ӯ, Душанбе пеш аз ҳама умедвори анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун аст, ки дар Тоҷикистон ба як ормони миллӣ табдил ёфтааст. Грозин мегӯяд, Душанбе фаҳмид, ки на Ғарб, на Эрон ва на Чин ба ин хотир ки равобиташон бо Узбакистонро хароб накунанд, Роғунро нахоҳанд сохт. Вале, меафзояд ӯ, Русия низ ба ҳамин далел ба сохтани ин нирӯгоҳ даст нахоҳад зад.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои низомӣ дорад. Ин пойгоҳ бо тақрибан 7000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ шинохта мешавад. Тибқи қарордоди моҳи октябри соли 2012, замони ҳузури ин пойгоҳ дастикам то соли 2042 тамдид шуда, имкони тамдиди баъдии замони ҳузураш низ дар назар гирифта шудааст. Аскарону афсарони пойгоҳи 201 низ, тибқи ин тавофуқ, дар Тоҷикистон аз масуният бархӯрдор хоҳанд шуд. Бар асоси ин созишнома, Русия барои пойгоҳаш ба Тоҷикистон пули иҷора нахоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG