Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ҳимояти Русия аз иқдом алайҳи Сурияро "истисно намекунад"


Франсуа Ҳолланд

Франсуа Ҳолланд

Ғарб ба иқдоми низомӣ дар Сурия омода мешавад. Маскав эҳтимоли пуштибониаш аз чунин иқдомро "сарфи назар намекунад", вале ба шарте ки "ҷурм"-и Димишқ собит шавад.

Қарор аст, шоми 4 сентябр парлумони Фаронса дар як иҷлосияи ғайринавбатӣ вазъи Сурияро баррасӣ кунад. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд дар мазҳари омм пешниҳод кардааст, ки Порис дар масъалаи иқдоми низомӣ алайҳи режими Башор Асад ба Амрико бипайвандад.

Ҳукумати Фаронса рӯзи душанбе ба вакилони парлумон шавоҳидеро ироа карданд, ки ба гуфтаи онҳо, истифодаи нирӯҳои Асад аз ҳамлаи кимиёвии “густарда ва ҳамоҳангшуда” болои манотиқи таҳти контроли чирикиҳо дар канораҳои Димишқ дар таърихи 21 августро собит мекунад.



Аммо Ҳолланд рӯзи сешанбе гуфт, ки агар Конгресси Амрико аз даъвати раиси он ҷумҳурӣ Барак Обама барои зарбаҳои маҳдуд алайҳи режими Асад пуштибонӣ накунад, Фаронса низ даст ба иқдоме нахоҳад зад. Маҷлиси намояндагони парлумони Бритониё дар ҳафтаи гузашта пешниҳоди сарвазир Девид Камерон дар мавриди иқдоми низомӣ ба зидди Сурияро напазируфт.

Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико рӯзи сешанбе дар пайи баррасӣ пешниҳоди истифодаи нирӯи низомӣ ба манзури муҷозоти Димишқро пазируфт. Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, қатъномаи тасвибшуда истифодаи нирӯҳои заминии Амрико барои анҷоми амалиёти ҷангиро иҷозат намедиҳад ва барои ҳар навъ иқдом алайҳи режими Асад ҳадди аксар 90 рӯз ҷудо мекунад.

Барак Обама ҳанӯз рӯзи шанбе хостори зарбаҳои маҳдуди алайҳи режими Димишқ шуд, вале гуфт, мунтазири тасвиби Конгресс хоҳад нишаст. Вошингтон мегӯяд, ҳамлаи рӯзи 21 августи нирӯҳои Асад дар канораҳои Димишқ бо истифода аз маводи кимиёвии зарин сурат гирифта, садҳо кушта ба ҷо гузоштааст.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе ба кумитаи равобити хориҷии Сенат гуфт, агар Вошингтон иқдом накунад, обрӯи Амрикову муттаҳидонаш латма хоҳад дид.


Демпсӣ, Керрӣ ва Ҳагел дар кумитаи Сенат

Демпсӣ, Керрӣ ва Ҳагел дар кумитаи Сенат

Вазири дифоъи Амрико Чак Ҳагел аъзои кумитаи Сенатро итминони хотир дод, ки ҳар навъ иқдоми низомӣ дар Сурия аз нигоҳи миқёс маҳдуд хоҳад буд: ”Раисиҷумҳур равшан кард, ки аҳдофи низомии мо дар Сурия ба масъулият кашондани режими Асад, аз байни бурдани имконоташ барои анҷоми чунин навъи ҳамлаҳо ва кӯтоҳ кардани дасти режим аз истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ дар оянда аст. Мо мутмаинем, ки метавонем ба ин ҳадафҳо тавассути иқдоми низомие, ки аз нигоҳи тӯл ва миқёс маҳдуд бошад, бирасем.”

Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Мартин Демпсӣ ба кумитаи Сенат гуфт, Русия – як муттаҳиди Сурия – метавонад дар сурати зарбаи Амрико кумакҳояш ба Димишқро афзоиш диҳад. Русия дар Шӯрои Амнияти СММ чандин дафъа аз ҳаққи ветои худ ба хотири мамониат ба тасвиби қатъномаҳое, ки давлати Башор Асадро маҳкум мекунанд, истифода бурдааст.


Аммо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 4 сентябр гуфт, Маскав эҳтимоли ҳимояташ аз қатъномаи СММ дар мавриди иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро “сарфи назар намекунад.” Вале дар сурате ки истифодаи режими Димишқ аз силоҳҳои кимиёвӣ собит шавад. Путин гуфт, “агар мо дар бораи онҳое ки даст ба ин ҷиноёт задаанд, маълумоти аниқу дақиқ ба даст биорем, он гоҳ вокуниш хоҳем кард. Ҳоло ҳадс задан ва аз пеш гуфтан, ки бале, мо ин ё он корро хоҳем кард, дуруст нест. Вале ман шуморо итминон медиҳам, ки мо як мавқеъи усулиро хоҳем гирифт. Усулияти ин мавқеъ дар он аст, ки истифодаи силоҳҳои қатли ом ҷиноят шинохта мешавад.”

Путин дар мусоҳибаҳояш бо хабаргузории Ассоишиэйтед Пресс ва шабакаи аввали телевизиони Русия дар арафаи нишасти сарони G20 дар Санкт-Петербург ҳамчунин Ғарбро алайҳи иқдоми, ба гуфтаи ӯ, “якҷониба” дар Сурия ҳушдор дод ва гуфт, агар исбот шавад, ки на нирӯҳои давлатии Сурия, балки чирикиҳо аз силоҳи қатли ом истифода бурдаанд, “оё он гоҳ Амрико алайҳи чирикиҳо низ даст ба иқдоми низомӣ хоҳад зад?”

Барак Обама субҳи сешанбе дар пайи музокирот бо раҳбарони аҳзоби ҷумҳурихоҳу демократ дар Кохи Сафед пуштибонии ҷумҳурихоҳони аршадро ба даст овард. Раиси Маҷлиси намояндагон Ҷон Бонер, ки аз ҳизби ҷумҳурихоҳ намояндагӣ мекунад, ва раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Сенат Эрик Кантор гуфтанд, ки онҳо аз даъвати раисиҷумҳур барои истифода аз нирӯи низомӣ ҳимоят мекунанд.


Чанд қурбонии ҳамлаи кимиёвии 21 август дар канори Димишқ

Чанд қурбонии ҳамлаи кимиёвии 21 август дар канори Димишқ

Обама гуфт, умедвор аст, ки ҳафтаи оянда раъйи мувофиқи Конгресс барои “зарбаҳои маҳдуд” ва “мутаносиб” алайҳи Сурияро ба даст меорад.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки ҳар навъ иқдоми “муҷозотӣ” алайҳи Сурия метавонад боиси хунрезиҳои бештар дар ин кишвари алакай гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шавад. Ӯ афзуд, агар дар Сурия аз силоҳҳои кимиёвӣ истифода бурда бошанд, Шӯрои Амнияти СММ бояд ба зидди чунин “ҷинояти ҷангии мудҳиш” иқдом кунад.

Идораи паноҳандагони СММ рӯзи 3 сентябр гуфт, дар як соли охир ҳар рӯз аз Сурия наздики 5000 нафар фирор кардаанд. Дар ҷараёни низоъи Сурия, ки аз соли 2011 ба ин сӯ идома дорад, бино ба ҳисобҳо, даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд.

Раҳбарии Сурия аз солҳои 70 ба ин сӯ дар дасти хонаводаи Асад қарор дорад. Башор Асад соли 2000 дар пайи даргузашти падараш Ҳофиз Асад ба курсии раёсати ин кишвари арабӣ нишаст. Ӯ пайрави равияи алавии мазҳаби шиъа аст, ки ҳудуди 10 дарсад аз 22 миллион ҷамъияти Сурияро ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG