Пайвандҳои дастрасӣ

"Изи русӣ" дар қазияи суқути ҳавопаймои Малайзия


Раҳбари ҷудоихоҳони Украина Александр Бородай "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймои сарозершударо ба мақомоти Малайзия таслим кард.

Раҳбари ҷудоихоҳони Украина Александр Бородай "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймои сарозершударо ба мақомоти Малайзия таслим кард.

Дар ҳоле, ки мадорики эҳтимоли даст доштани Русия дар суқути ҳавопаймои “Boeing 777”-и Малайзия дар фазои Украина бештар мешавад, Маскав низ барои ҷилавгирии ҳарчӣ бештар аз бозҷӯии ин қазия талош мекунад.

Назари муштараке вуҷуд дорад, ки ҳавопаймои ҳомили 298 нафарро бо мушаки навъи “замин ба ҳаво”-и мавсум ба “Бук” сарозер кардаанд. Ин навъи мушакро, ки дар замони Шӯравӣ тарроҳӣ шудааст, ҳам Маскав дорад ва ҳам Киев.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Русия хост, ки мавҷудияти мушаки “замин ба ҳаво” дар артиши Украинаро чун далели даст надоштани худ дар ин садамаи маргбор истифода кунад. Аммо қабл аз сарозер шудани ҳавопаймои Малайзия ҷудоихоҳон дар чанд маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дастёбии худ ба мушаки навъи “замин ба ҳаво”, ки, ба гуфтаи онҳо, то 22 километрро ҳадаф мегирад, худситоӣ кардаанд. Барои намуна, рӯзи 29-уми июн саҳифаи расмии Ҷумҳурии худгардони Донетск дар Твиттер акси мушакбареро нашр кард. Аммо ин акс ба думболи сарозер шудани ҳавопаймои ширкати давлатии Малайзия аз Твиттер бардошта шуд.

Ба ёди қурбониён.

Ба ёди қурбониён.

Ҳоло ҷудоиталабон мегӯянд, онҳо ҳеҷ гоҳ аз тавони задани ҳавопаймо дар баландии 10 ҳазор метр бархӯрдор набуданд. Ин ҳамон баландиест, ки “Boeing 777”-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия аз он сарозер шуд. Аммо то он замон якчанд расонаи русӣ, бо шумули хабаргузории давлатии ИТАР-ТАСС, бо такя ба ҷудоиталабон дастрасии онҳоро ба ин гуна силоҳ тайъид карданд.

Ҳамзамон хабарнигори Ассошейтед Пресс мегӯяд, ки каме пештар аз суқути ҳавопаймо системаи мушакбарро дар наздикиҳои макони садама мушоҳида кардааст.

Хадамоти амниятии Украина навореро пахш кард, ки дар он ҷудоиталабҳо ба думболи сарозер шудани ҳавопаймои Малайзия саҳари барвақт системаи мушакиро ба тарафи Русия бурданд. Гуфта мешуд, ки дар он як мушак намерасид.

Хадамоти амнияти Украина ҳамчунин навори аудиоиро дарёфт кардааст, ки дар он Игор Безлер, раҳбари ҷудоиталабҳо дар Ҳорковка гӯё дар як тамоси телефонӣ бо як мақоми истихбороти Русия мегӯяд, ки ҷангиён як ҳавопайморо сарнагун карданд. Ин гуфтугӯи телефонӣ ба думболи суқути ҳавопаймо сабт шудааст. Дар тамоси баъдӣ ба назар мерасад ҷудоиталабҳо дарк кардаанд, ки ҳавопаймои сарозершуда мулкӣ буд.

Игор Безлер садои худро дар он навор эътироф кард, аммо гуфт, ки дар он сӯҳбат масъалаи ҳавопаймои дигар матраҳ буд. Михаил Козитсин, раҳбари казакҳои маҳаллӣ, ки ба гуфтае ҷангиёни ӯ ҳавопаймои мулкиро суқут додаанд, дар як сӯҳбат бо ҷудоиталабе бо норозигӣ гуфтааст, “ин ҷосусбарҳо (манзур ҳавопаймост) чаро дар ин фазо парвоз мекунанд вақте медонанд ки инҷо ҷанг ҷараён дорад?”

Рӯзи 19-уми июл сафорати ИМА дар Киев бо пахши як изҳорот гуфт, ки хадамоти истихборотӣ наворҳоро имтиҳон карданд ва метавонанд садоҳоро шиносоӣ диҳанд.

Дасти Маскав дар ин ҳодиса

Агар, тавре ба назар мерасад, ҳавопаймои Малайзияро ҷудоихоҳони русгаро бо мушаки “Бук”сарозер кардаанд, пас шубҳае нест, ки ин силоҳро ба онҳо Русия додааст. Аммо чун истифодаи силоҳи мураккабтар аз мушаки

китфии “замин ба ҳаво”, ки ҳадафро дар 10 ҳазор метр пора мекунад, саҳл нест, гумон намеравад, ки он аз ҷониби афроди бетаҷриба ва бидуни кӯмаки Маскав партоб шуда бошад. Киев тахмин мезанад, ки русҳо мушаки “Бук”-ро худашон дар дохили Украина идора мекунанд.

Навори дигар, ки хадамоти амнияти Украина як рӯз баъди сарозер шудани ҳавопаймои Малайзия дар фазои Донетск пахш кард, мегӯяд, корманди Хадамоти Асосии Истихбороти Русия ё ГРУ, ки аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина сарпарастӣ мекард, дар сӯҳбат бо нафаре аз ҷудоиталабҳо интиқоли системаи “Бук” ва низомиёни тамрингари русро хотирнишон кардааст.

Вашингтон фарзияи худро омода мекунад

Рӯзи 20-уми июл вазири умури хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, хадамоти истихбороти Амрико маълумотеро дарёфт кардааст, ки даст доштани ҷудоиталабҳо дар суқути ҳавопайморо собит мекунад. “Мо тасвирҳои моҳвораиро аз макони партоби мушак дидем, мо ин масирро медонем ва он ба лаҳзаи нопадид шудани ҳавопаймоҳо аз радар мувофиқат мекунад. Овозҳое шиносоӣ шудаанд, ки аз задани ҳавопаймо худситоӣ мекарданд."

Тасвирҳои моҳвораӣ, ки Ҷон Керри дар бораи онҳо сӯҳбат мекард, ба маърази тамошои ҳамагон гузошта нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG