Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулназар: “Набераи бародари ман ҳам ба доми тундгароҳо афтод”


Гулназар Келдӣ, шоири тоҷик.

Гулназар Келдӣ, шоири тоҷик.

Баъд аз паҳн шудани ин хабар, ки гӯё писар ё ҷияни муаллифи гимни давлатии Тоҷикистон, шоири тоҷик Гулназар дар сафи тундгароёни исломӣ меҷангад, РО хост, воқеиятро аз худи шоир шунавад.

Дар яке аз нишастҳои мубориза зидди тундгароӣ ин нукта садо дод, ки писар ё бародарзодаи муаллифи гимни давлатии Тоҷикистон, шоири маъруфи тоҷик Гулназар Келдӣ ба сафи ифротгароёни исломӣ пайваста, ҳоло дар Афғонистон аст.

Тафсилоти бештаре дар ин бора дода нашуд, вале худи маълумот такондиҳанда буд, чун аз хонадони як рӯшанфикри кишвар пайдо шудани ситезаҷӯи исломӣ то чӣ андоза реша давондани тундгароиро дар Тоҷикистон нишон медиҳад.

Аммо Гулназар Келдӣ дар як сӯҳбати вижа ба Радиои Озодӣ гуфт, нафаре, ки аз ӯ ном мегиранд, набераи бародараш буда, на дар майдони ҷангҳои мазҳабӣ, балки дар зиндони Кундузи Афғонистон қарор дорад.

Шоир мегӯяд, Иқбол Келдиев, набераи бародараш бе падар ва дур аз хонавода ба воя расидааст ва шахси ӯ ҳеч саҳме дар тарбияи ӯ надоштааст. Бо вуҷуди ин, Гулназар Келдӣ талош кардааст, набераи бародарашро аз роҳи бад гардонад ва барои ин муҳим аст, Иқбол Келдиев аз маҳбаси Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Муаллифи гимни давлатии Тоҷикистон аз ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳоле изҳори нигаронӣ мекунад, ки хабари ҳалокати чандин нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон мерасад. Гуфтугӯи мо низ аз он шурӯъ шуд, ки чаро ин ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мепайванданд ва ҷони худро зери хатар мегузоранд?

Гулназар Келдӣ: Сабабҳои умдатарини ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шудани ҷавонони мо ва дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ ширкат варзидани онҳо, ин аз камбизоатии мост. Иддае аз ҷавонҳои мо, ки дар ғарибиву сахтӣ кору зиндагӣ мекунанд ва онҷо ба таҳқиру ҳақорати миллатгароҳо дучор мешаванд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нафароне

пайдо мешаванд, ки бо ваъдаи маблағи хуб ва ҷаннат дар он дунё, ба роҳҳои ҷиҳод тарғибу даъват мекунанд. Ҷавонони мо, ки аксар вақт побанди чигуна дарёфт кардани маблағ барои зиндагиву таҳсил ва оила барпо кардани хеш ҳастанд, ин ваъдаҳоро шунида зуд ба доми фиреби онҳо меафтанд. Баъзан дар дохили кишвар низ ҳамин гуна ҳолатҳо ба назар мерасанд. Мегӯянд, “шахси гурусна ба шер задааст” ва ман дар яке аз баромадҳоям гуфта будам, ки камбағалии мо душмани ашадии ҷони мост. Ҷанги дохилие, ки тақрибан то соли 2000 доштем, асосаш ҳамин камбизоатии мо буд ва дар ҳамон давр низ бо ваъдаи доллар байни мо шур андохтанд.

Озодӣ: Аммо сабаби асосии ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани ҷавононро коршиносон аз шинохти нокифояи динии ҷавонон медонанд. Шумо чӣ назар доред?​

Гулназар Келдӣ: Албатта, ин низ сабаб шуда метавонад. Ҳатто замоне буд, ки ба хонаи ман низ омада ба мазҳаби Баҳоия, ба дини насронӣ низ даъват карда буданд. Бо ана ҳамин тарз бисёре аз моро ба роҳҳои нодуруст кашонидаанд . Боз мегӯям, ки сарчашмаи асосияш камбағалӣ аст ва камдонишӣ ҳам ҳаст. Лекин шикамгуруснагӣ аз камдонишӣ хатарноктар аст. Сиёсат маҷмӯи иқтисодиёт аст. Вақте дар бораи сиёсат гап занему иқтисодиёт набошад, ун ҳеҷ аст. Ман мехоҳам, ки аз бӯҳрони энергитикӣ бояд зудтар бароем, чунки бо ҳал шудани ин проблема зиёд корхонаву фабрикаҳо ба кор медароянд ва шаҳрвандон аз дохил ризқу рӯзиашонро меёбанд. Хуб аст, ки дар Душанбе хонаҳои баландошёна месозанд, вале аксари онҳо холӣ аст. Ман мехоҳам, ба ҷойи онҳо ҳарчӣ зиёдтар корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ бунёд гарданд, то ҷавонҳои мо кор кунанд.

Озодӣ: Устод, ҳатто сару садоҳое дар байни мардум аст, ки як ҷавони ҳамнасаби шумо низ ба сафи ифротгароҳо пайвастааст. Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки он фарзанди шумост ё нафари наздик ба хонаводаи шумост.

Гулназар Келдӣ: Фарзанди ман буданаш тамоман ғалат аст, вале набераи бародари ман Иқбол Келдиев низ ба доми фиреби онҳо афтидааст. Вай тақрибан 6-7 сол пеш ба Маскав рафта буд ва тарғибгароёни ифротӣ онҷо хостанд ба гурӯҳҳои худашон пайваст кунанд. Онҳо ба таври ногаҳонӣ вайро ба Покистон бурданд ва он ба падараш борҳо занг зад, ки ӯро халос кунанд. Падараш ба мақомотҳои қудратии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале дере нагузашта худаш аз Покистон ба Афғонистон гурехт. Ҳоло вай ба иттилои падараш дар вилояти Кундузи Афғонистон аст.

Озодӣ: Мегӯянд, Иқбол Келдиев яке аз сардорони гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аст, ин иттилоъ то куҷо дуруст аст?

Гулназар Келдиев: Не, ин иттилоъ нодуруст аст. Вай чун аз Покистон марзи Афғонистонро ғайриқонунӣ убур карда гузашт, ӯро боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Иқбол алҳол дар маҳбаси Қундуз аст ва падараш низ якбор ба дидораш рафт, вале гуфт озод карданаш душвор аст.

Озодӣ: Ин ҷавон ба хонаводаи шумо то чӣ андоза наздик буд, масалан кай бори охир ӯро дида будед?

Гулназар Келдӣ: Инҳо аслан ду бародар буданд, Иқбол ва Камол. Мутаассифона, оилаи онҳо ҳанӯз чанд сол пеш аз ин ҳодиса аз ҳам пошида буданд ва Иқбол бо модараш монд ва Камолро падараш гирифт. Азбаски тарбияи падар набуд, шояд аз ҳамин ҷиҳат бероҳ гардид ва чунин сарнавишти талх бо ӯ ҳамроҳ шуд. Аммо Камол Донишгоҳи аграриро хатм кард, ба хизмати ҳарбӣ рафт, вале ҳоло ба ҳайси ронандаи таксӣ дар ширкати “Asian Express” кор мекунад.

Озодӣ: Худи шумо боре кӯшиш накардед, ки барои озодии Иқбол коре бикунед?

Гулназар Келдӣ: Падараш бо маслиҳати ман ба мақомоти қудратии Тоҷикистон муроҷиат кард ва онҳо танҳо як бор иҷозат доданд, ки ба дидорбиниаш равад. Дар сӯҳбат писараш гуфтааст, ки баъди аз маҳбас халос шуданаш ҳатман ба Тоҷикистон бармегардад. Агар ягон гуноҳ дошта бошад ва мақомоти додгоҳии Тоҷикистон онро исбот кунад, бигзор ҷавобашро диҳад. Аммо вай ба ягон ҷабҳа ҳеҷгоҳ напайвастааст ва танҳо барои убури ғайриқонунӣ ӯро зиндонӣ кардаанд. Вай дар баробари набераи бародари ман буданаш, писари ман низ ба ҳисоб меравад, чунки ҳамхуни ман аст ва ман боварӣ дорам, ки дар ин роҳ ба мо созмонҳои қудратӣ барои дубора баргаштанаш ба ватанкумак мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG