Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Падари муноқиша", "Муҳиддин дар Теҳрону Умедҷон дар тобут" ва оё мазори Ҳазрати Одам дар дараи Вахёст? Матбуоти Тоҷикистон дар ин ҳафта асосан ба ҳамин мавзӯъҳо пардохтааст.

Дар нашри дувуми маҷаллаи "Расонаҳо" мо талош хоҳем кард, ки ба фаротари ин матолиб назар кунем ва пеш аз ҳама ҳавлу ҳол дар идораҳои нашрияҳои чопи Душанберо бубинем, ки онҷо чӣ мегузарад?

Ҷанги иттилоотиро кӣ бохт: Душанбе ё Бишкек?

Ин ҳафта суоле борҳову борҳо садо дод, ки оё дарвоқеъ Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ бо Қирғизистонро бохтааст? Бархе аз журналистон ин суолро бо сарони Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон матраҳ карданд.
Муовини раиси ин кумита Саидалӣ Сиддиқ посухи рад дод ва гуфт, "мо мехоҳем воқеият нишон дода шавад ва танҳо хулосаи расмӣ дар робита ба тавофуқи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин қазияро пӯшиш хоҳем дод. Мавқеи Тоҷикистон нисбати мавқеи кишвари ҳамсоя беҳтар аст ва вақт инро нишон хоҳад дод."

Аммо «ҷанги иттилоотӣ» чист ва оё он сар зада буд? Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муаллифи китоби «Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ» Ҷовиди Муқим мегӯяд, бо вуҷуди рӯйдодҳои ногувор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баҳси расонаҳоро ҷанги иттилоотӣ намешуморад, зеро ҳадафҳои аслии ҷанги иттилоотӣ таблиғ ва нашри маълумоти иғовоангез аст, ки дар бозтоби ин рӯйдодҳо дида нашудааст.

Вале худи он ки ду тараф бо истифода аз расонаҳои ахбори ом ҳамдигарро дар аввалин шуда сар кардани низоъ, дар ҳолати мастӣ будани марзбонон ва монанди ин айбдор мекунанд, ба гуфтаи мусоҳибони мо, худ як аломати ҷанги иттилоотист.

Журналисти тоҷик Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, воқеан, Тоҷикистон дар ин ҳаводиси ахир ҷанги иттилоотиро бохт, зеро «расонаҳои давлатӣ дар ин инъикоси ин мавзуъ хомӯш буданд ва танҳо расонаҳои ғайридавлатӣ фаъол буданд.» Аксари нашрияҳо ва журналистон шикоят доштанд, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон то чанд рӯз баъд аз воқеа ҳеҷ гуна иттилои расмӣ пахш накарданд, дар ҳоле ки расонаҳои Қирғизистон ва ҷаҳон бо истифода аз матолиби ҳатто чандрасонаии мақомоти давлатии Қирғизистон манзараро тавре бозтоб доданд, ки гӯё марзбонони тоҷик ба қаламрави ин кишвар ҳамла кардаанд.

Акбари Саттор

Акбари Саттор

Дар зимн, нақли қавли ҳамдигарии расонаҳои ду кишвар хеле кам ба чашм расид, ки низ аз ҳолати хусуматомез гувоҳӣ медиҳад. Раиси иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор мегӯяд, ҳамеша чунин ҳодисаҳои нохуш бохтро ба дунбол доранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, расонаҳои ҳамагонӣ бояд аз ин нооромиҳо сенсатсия насохта, кӯшиш кунанд, ки мушкил бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёбад: «Фаҳмишҳои бурд ё бохт барои ман қабул нест, мо бояд бо ҳам забон ёбем. Ҳам хабарнигорони матбуоти тоҷик ва қирғиз бояд чунин як ҳодисаро бо ҳадафи рафъи он инъикос кунанд.»

Вале журналистон мегӯянд, агар мақомоти давлатӣ сари вақт ва ба таври фаврӣ иттилоъро дар ихтиёри расонаҳо гузоранд, бозтоби воқеаҳо бетарафона анҷом хоҳад ёфт ва аз маълумоти нашркардаи ду ҷониб манзараи умумӣ рӯшан хоҳад шуд.
Аз «Падари муноқиша» то «Устураи Помир»

Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҳисоботи Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар назди падараш ва марги Умедҷон Тоҷиев як узви боздоштшудаи ҲНИТ аз мавзӯъҳои калидии шумораи ин ҳафтаи нашрияҳои чопи Душанбеанд.

Мақолаи меҳварии Фараж «Мамитов - падари муноқиша?» ном дорад ва дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳаводиси чанд рӯз пеш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рухдода бешак ниҳоят нигаронкунанда аст. Ва агар дар муноқишаҳои пештара миёни тоҷикону қирғизҳо фақат мардуми бумӣ ширкат доштанду баҳсҳо аслан ҷанбаи маишӣ доштанд, вале ин дафъа ба назар мерасад, ташкилкунандаи низоъ мақомдори баландпояи мақомоти қирғиз аст.»

Озодагон матлаберо зери унвони "Чигуна бохтҳо бурд мешаванд?" навишта, ки «хадамоти гумрук дар гузашта як ниҳоди матраҳ ба назар мерасид, ҳарчанд сохтори калидӣ буд. Он танҳо барои он «рекламаи бепул» шуд, ки ба курсии №1-аш ҷавони 26- солае такя зад. Ва он ҳам ҷавони одӣ не, писари раиси ҷумҳур.» Дар ин матлаб чанд хабареро таъкид мекунад, ки пас аз ба курсӣ нишастани Рустами Эмомалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар расонаӣ шуданд.

Абдулазизи Восеъ

Абдулазизи Восеъ

Абдулазизи Восеъ, муаллифи ин матлаб гуфт: «Барои мисол, Рустами Эмомалӣ замоне ба курсии раҳбарии ин ниҳод нишааст, ки хабари дар Тоҷикистон пайдо шудани 200 мошини дуздидашуда аз Олмон ва ҳамчунин хабари боздошти миқдори зиёди маводи тарфгарӣ ва «хлопушка»-ҳо дар арафаи соли нави мелодӣ нашр шуд.» Аммо ин нашрия як нуктаи дигарро таъкид карда мегӯяд, муҳимтар аз ҳама ҳисоботи Рустам дар назди падараш буд, ки «дурбини телевизонҳои давлатӣ зуд-зуд ҳам падар ва ҳам писарро нишон медоданд.»

Нигоҳ ин ҳафта матлаберо зери унвони «Муҳиддин дар Теҳрон ва Умедҷон дар тобут» пешкаши хонандаҳо кардааст. Ин матлаб фарогири қазияи Умедҷон Тоҷиев, як узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аст, ки 19 январ дар бемористони маҳбас вафот кард. Ба навиштаи ҳафтаномаи Нигоҳ: «боздошту шиканҷаи Умедҷон Тоҷиев як қазияе буд, ки аз як тараф нотавонии раҳбарияти ҲНИТ-ро дар қиболи наҷоти як ҳамҳазб ва аз ҷониби дигар, бераҳмии мақомоти интизомии Тоҷикистонро нишон дод.»

Дар ин матлаб омадааст, ки «ҳарчанд ҲНИТ аз рӯзи аввал кӯшиш кард, ки худро дар қазияи Тоҷиев бепарво нишон надиҳад, аммо бесамар.» Муаллиф Муллораҷаб Юсуфӣ мегӯяд, ин матлабро ба хотире навиштааст, ки «дар ҷанозаи Умедҷон аз раёсати олии ҲНИТ касе иштирок накард ва худи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин соатҳо дар Эрон қарор дошт.»

Имрӯзнюс ин навбат матлаберо дар бораи қатли як ҷавон дар Душанбе пайгирӣ кардааст. Ин рӯзнома менависад: «Ҷавонеро ба дор овехтанд, ки ӯ он субҳ бояд фарзанди нахустинашро аз таваллудхона мебаровард.» Хабарнигори ин нашрия аз куштори ваҳшиёнаи як ҷавони тоҷик рӯзи 20 январ дар Душанбе нақл мекунад, ки ба иттилоъи ин рӯзнома, ҳоло барои даст доштан ба ин куштор собиқ ҳамсари ин ҷавон гумонбар ва боздошт шудааст.

Рӯзгор як матлаби тадқиқотиро бо номи «Устураи Помир» пайгирӣ кардааст. Муаллиф дар ин матлаб фарзияеро пешниҳод мекунад ва мехоҳад бо овардани далоили мухталиф исбот кунад, ки Бурхи Валӣ, ки дар водии Вахё мазораш қарор дорад, ин ҳазрати Одам алайхиссалом мебошад.

Назари муштариён

Манижа Баҳромова, як хонандаи тоҷик мегӯяд, дар ин ҳафта бештар нашрияҳои мустақил, хабаргузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолтар буданд. Ба гуфтаи Манижа: “барои мисол нашрияи Озодагон матлабҳои хуб менависад ман мехонам. Расонаҳои хабарии маҳаллӣ низ дар ин росто метавонанд иттиллоли бештаре ба ҷомеа расонанд. Барои мисол, ҳафтаи гузашта Озодӣ ва Озодагон дар бораи аз худкунии заминҳо аз сӯи мансабдорон матлабҳое навиштанд, ки барои ман ҷолиб буд.”

Аммо Некрӯз, як сокини пойтахт мегӯяд, бештар шабакаи телевизионии “Сафина”-ро тамошо ва радиои “Ховар”-ро гӯш мекунад ва аз абйни нашрияҳои чопӣ танҳо ҳафтаномаи “Азия Плюс”-ро меписандад: “Медонед, нашрияҳои мустақил ҳамааш бештар ба як мавзӯъ рӯ меоранд ва ба таври худ менависанд, ки ин чандон хуб нест. Бигзор як нашрия як мавзӯъро нависад ва ҳафтаномаи дигар ба таҳлил мавзӯъҳои дигар кор гиранд. Вақте дар шаш расонаи мустақил якбора як мавзӯъро мехонӣ, ба дил мезанад, албатта.”

Борбад, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, барояш дидану шунидани барномаҳои шабакаҳои телевизониву радиоии кишвар чандон писанд нест. Ба гуфтаи Борбад, расонаҳои тоҷикӣ на ҳамеша мавзӯъҳоеро пайгирӣ мекунанд, ки бозгӯи мушкили ҷомеъи Тоҷикистонанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, бештар расонаҳои хориҷиро мехонад ва ба тамошои телевизионҳои русӣ таваҷҷӯҳи бештар дорад: “Барои мисол, мавзӯъе, ки дар ин ҳафта нисбатан диққати маро ҷалб кард, конфронси Женева-2 буд. Ҳамчунин як мавзӯъи дигар, ки хабаргузориҳои арабӣ ба чолиш кашиданд, мавзӯъи “Ҷавоби Путин ба Шарқи Миёна чигуна хоҳад буд?” аст. Ин аз матлабҳоест, ки ман мутолиа кардам.”

Ҳумайро ба ҳосили 2+2-ро хоҳад ҷуст

Хабарнигори ҳафтаномаи “Озодагон” мегӯяд, дар шумораи навбатии ин нашрия мавзӯъи тағйирот дар сохтори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро, ки чанд ниҳод барҳам хӯрдаву чанд бахшу шӯъбаи нав таъсис дода шуд, пайгирӣ мекунад. Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, шояд ин матлаб яке аз мақолаҳои меҳварии нашри навбатии ҳафтанома шавад. Вай афзуд, дар ин матлаби худ зарурати иваз кардани мушовирон ба ёваронро бо таҳлилгарон ба баҳс кашида ва назари худи мушовирони акнун собиқро низ пурсидааст: «Ҳарчанд мегӯянд, ки бо иваз кардани ҷойҳо ҳосили ҷамъ иваз намешавад, ҳадафи аслиии ман низ ҳамин буд, ки то куҷо ин мавзӯъ мантиқӣ буд ва чӣ зарурат дошт, дар ҳоле ки дар ҷомеъаи мо мушкилоти дигару муҳимтар аз ин дорад.»

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода

Аммо Назири Нусрат - сармуҳарири рузномаи «Имрӯзнюс» мегӯяд, мавзӯъи «Ҷанги эшони Нуриддинҷон бо писари муфтӣ» яке аз матлабҳои асосии ин рӯзнома дар нашри навбатӣ хоҳад буд: «Дар ин мақола ҷанҷоли лафзии эшони Нуриддинҷон бо писари собиқ муфтии Тоҷикистон барои хондани як ҷаноза дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шакли шарҳи як ҳодиса нашр хоҳад шуд. Вақте ки як домуллои бонуфуз ба чунин кор даст мезанад ва ҳам чунин як ҳодиса дар ноҳияи наздик ба Душанбе рух медиҳад, пас дар ноҳияҳои дурдаст чӣ мегузарад, Худо медонад.»

Сардабири ҳафтаномаи «Рӯзгор» мегӯяд, дунболи мусоҳибаи ихтисосие бо Асалбек Назриев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст, ки ғолибан пиромуни мушкилоти ҳаҷву танз дар театри тоҷик хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG