Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияи "Ҳафта" аз чоп бозмонд


Tajikistan -- Tajikistan's newspapers on 07Feb2013

Tajikistan -- Tajikistan's newspapers on 07Feb2013

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо дарназардошти чанд нуқс дар оинномаи нашрияи "Ҳафта", чопи онро боздошт.

Абдуқаюми Қаюмзод, корманди ин нашрия рӯзи 17-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки вазорати фарҳанги Тоҷиистон шаҳодатномаи нашрияи «Ҳафта»-ро лағв намуд ва бо ҳамин нашрия аз чоп бозмонд.

Нахустин шумораи ҳафтаномаи «Ҳафта» 15-уми январ бо теъдоди 1000 нусха ба дасти хонандагон расида буд. Ҳикматёри Ҳикматзод, сардабири ҳафтаномаи «Ҳафта» он замон ба "Озодӣ гуфта буд, "Ҳафта" нашрияи мустақили ҷамъиятӣ, сиёсӣ буда, қаблан бо номи «Овоза ва ҳақиқат» нашр мешуд. Ӯ гуфта буд, ки «Ҳафта» идомаи "Овоза ва ҳақиқат" набуда, масоили муҳими ҷомеаро бо мақолаҳои таҳлилию таҳқиқотҳои журналистӣ баррасӣ намуда, дар баробари зикри камбудию мушкилот роҳҳои ҳалли масъаларо низ нишон хоҳад дод.

Дар шумораи аввал ва ҳамзамон охирини худ, ҳафтанома бо шоири тавонои тоҷик Мӯъмин Қаноат мусоҳиба анҷом дода буд. Як навиштае, ки дар шумораи ягонаи "Ҳафта" нашр шуд, «Исфара -2014. Такрори соли 1992?» унвон дошт. Дар саҳифаи дигари он, ки мақолаи таҳлилии рӯзноманигор Раҷаби Мирзо таҳти унвони "Проблема 2022" ҷой дода шуда буд.

Ҳафтаномаи «Ҳафта» дар Вазорати фарҳанги кишвар дар моҳи октябри соли гузашта сабти ном шуда буд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG