Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 17 ноябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” оғоз ёфт. Тайи 4 рӯз ҷавонони тоҷик дар ин марказ бо имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ошно мешаванд.

Зӯҳри 17 ноябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон бо баргузории намоишгоҳи муассисаҳои таълимиии кишварҳои хориҷӣ ифтитоҳ шуд.

Дуглас Ҷонсон, масъули робита бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадаф аз ин иқдомро “муаррифӣ ва ошноии хоҳишмандони таҳсил дар хориҷ, ба хусус донишгоҳҳои амрикоӣ” унвон кард. Ин манбаъ афзуд, ҳар яке аз ин муассисаҳо ба алоқамандон роҷеъ ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Ба таъкиди ин манбаъ, “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” як имконияти хубе барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои мардуми Амрико бо мардумони кишварҳои дигар, нақши бениҳоят муҳим мебозанд.

Зимнан, Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе аз мубтакирони баргузории “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон аст.

“Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон аз 17 то 21 ноябри соли ҷорӣ идома мекунад ва дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ва Маркази Таълимии “Мултикид”ширкат хоҳанд кард.

Тибқи оморҳо, ҳоло беш аз 4 ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Амрико таҳсил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG