Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

АКС: Ақди никоҳи Нуриддин Давронов дар майдони футбол


Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” ва тими мунтахаби Тоҷикистон бо Парвина Қурбонова, сокини ҷавони Душанбе, издивоҷ кардааст.

Аммо баръакси дигар маросими ақди никоҳ онҳо на дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС, балки дар майдони футбол расман зану шавҳар эълон шудаанд.

Саҳифаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Фейсбук бо гузоштани чанд акси Нуриддин Давронов ва Парвина Қурбонова, ки дар либоси арӯсӣ, аммо дар майдони футбол тасвир ёфтаанд, гуфтааст, дар ин маросим дӯстону наздикон ва ҳамкорони бозигар иштирок доштанд.

Нуриддин Давронов, футболбози ҷавону моҳири тоҷик, 16 январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандони маъруф -- Ширинмоҳ Ниҳолова ва Аҳмадбек Давронов ба дунё омадааст. Ӯ аз нӯҳсолагиаш ба футбол шуғл меварзад. Дар дастаҳои ҷавонони “Локомотив”-и Маскав, “Минск”-и Беларус, “Амкар”-и Перм ва “Энергетик”-и Душанбе бозӣ кардааст.

Нуриддин феълан нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад. Давронов дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Ӯ соли 2007 дар сабқати ниҳоии ҷаҳонии футбол миёни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар сабқати гурӯҳӣ) ва Перу (даври ҳаштякниҳоӣ) ду гол задааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG