Пайвандҳои дастрасӣ

Арӯсу домод аз ду сангар дар авҷи ҷанги Тоҷикистон (ВИДЕО)


Дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон, вақте хусумати байни маҳалҳоои гуногуни кишвар ба авҷи худ расида буд, арӯсу домоде ба ҳам расиданд, ки гӯё аз ду тарафи даргир намояндагӣ мекарданд

Ҷанги солҳои 1992-97-и Тоҷикистон на танҳо ҳамсояҳоро зидди ҳам гузошт, балки оилаҳоро ба ҳам зад ва дӯстони деринаро душмани якдигар кард. Рӯёрӯие, ки аз ихтилофоти сиёсӣ сар зада буд, аз ҷониби шатранҷбозони хунин ба сатҳи маҳаллу минтақа фуроварда шуд, то тоҷикон ба ҷони ҳамдигар афтанд ва талабҳои сиёсию иқтисодии умумимиллии худро фаромӯш кунанд. Дар ҳоле ки бозсозии горбачёвӣ кишварро ба коммунистҳову демократҳо ва миллигароёну исломиҳо ҷудо карда буд, раванди ҷанг хатҳои ҷудоиро байни маҳаллу минтақаҳо кашид. Ҳукумат дар ҳифзи ягонагии миллӣ кӯтоҳ омад ва нерӯҳои нави сиёсӣ низ дар ин росто бетаҷрибагӣ нишон доданд.

Ба ҳар тартиб, тарафҳои вориди ҷанги Тоҷикистон зимни пойгоҳҳои асосии худ намояндагони ин ё он маҳалли он дониста шуданд. Вале ҳатто дар он давра низ мардуми одӣ ҳамдигарро ба чунин сангарҳо ҷудо намекард. Ғармиҳо кӯлобиҳоро дар манзилҳои худ пинҳон мекарданд ва кӯлобиҳо дар навбати худ бо баҳои ҷон бадахшониҳоро наҷот медоданд.

Дар водии Вахш намояндагони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд ва зане ҳанӯз пеш аз оғози ҷанг духтареро "сӯз медод", ки оянда арӯси худ мекунад. Духтар рад мекард, ки "бачаи сиёҳаки туро намегирам". Ҷанг сар шуд ва оилаҳо ба гуреза табдил ёфтанд. Онҳо на танҳо аз ҳам ҷудо шуданд, балки яке намояндагони ин ва дигаре аз аҳли он тарафи ҷанг буданд.

Аммо нахустин имконият ва аввалин нафаси нисбатан ором дар соли 1993 онҳоро водор кард, ки домоду арӯсро ба висоли ҳам расонанд. Модари домод мегӯяд, барои ӯ муҳим набуд, ки арӯсаш аз маҳалли дигар аст, "ҳама тоҷик ва ҳама одаманд". Ин издивоҷ ба рамзи тафоҳуму хешовандии намояндагони ду ҷабҳа табдил ёфт ва бори дигар ҳамдеҳагонро сарри як дастархони, бигзор фақирона, аммо пур аз самимият ва одамгарӣ ҷамъ овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG