Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ҳакерҳо ба сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса


Сомонаи ҳамлашудаи сафорат

Сомонаи ҳамлашудаи сафорат

Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифтааст. Ҳакерҳо дар ин сомона шиореро овехтаанд, ки "Мусулмонам ман, на Шарли".

Cомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса дар пайи ҳамлаҳои ахири террористӣ дар ин шаҳр мавриди ҳамлаи ҳакерҳое қарор гирифтааст, ки бо аз байн бурдани тамоми маълумоти нашршуда дар саҳифаи асосии сомона шиореро ба ин мазмун овехтаанд: Op France Musulman Еt je Рas Charli” (Мусулмонам ман, на Шарли).

Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса рӯзи 13 январ дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар воқеъ сомонаи сафорат - tajembfrance.fr/ - рӯзи якшанбе таҳти ҳамла қарор гирифтааст. Ҳомидҷон Назаров ин ҳамлаи ҳакериро ба ҳаводиси ахири Фаронса марбут кард ва гуфт: “Нафақат сомонаи мо, балки чандин сомонаҳои дигар, ҳатто сомонаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамла шудаанд. Мо ҳам дар ин радиф дучори ҳамла шудем. Сафорат алакай бо ширкати провайдерии мо, ки дар Душанбест, мавзӯъро дар миён гузоштааст ва бояд дар рӯзҳои наздик ин мушкил бартараф карда шавад.”

Баъди ҳамлаҳои рӯзҳои 7-9 январ дар Порис ва атрофи он, ки 17 кушта ба ҷо гузошт, дар саросари Аврупо мавҷи раҳпаймоиҳои тарафдорони озодии баён таҳти шиори “Ман Шарлиам” доир шуд. Тазоҳургарон бо ин шиор ҳамраъйии худро бо хабарнигорони кушташудаи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” баён мекарданд.

Силоҳбадастони исломгаро ҳангоми ҳамла ба идораи маҷалла изҳор кардаанд, ки аҳли онро барои нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ҷазо медиҳанд. Ин маҷалла дар соли 2006 тасвирҳои танзомези Паёмбари Исломро аз як нашрияи Дания бознашр карда, солҳои баъд низ ин корро давом дод.

Ҳакерҳо, бино ба иддаои худи онҳо, 28 нафаранд. Дар сомонаи ҳамлашудаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса лақаби ҳамаи онҳо оварда шудааст. Аммо Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Порис мегӯяд, ҳанӯз дар ин бора ки оё дар пушти ин ҳамла мушаххасан кадом гурӯҳ истодааст ва чаро маҳз ба сомонаи сафорати Тоҷикистон ҳамла кардаанд, чизе гуфтан барвақт аст.

Ҳомидҷон Назаров дар мавриди ҳаводиси ахире, ки дар Фаронса мегузаранд, гуфт, ӯ ба ҳайси сафир бо даъвати вазорати хориҷаи Фаронса дар гирдиҳамоии рӯзи 11 январ дар маркази Порис бо ҷамъи даҳҳо тан аз раҳбарони дунё ширкат кардааст. Оқои Назаров гуфт, онҳо ҳамчунин дар китоби ёдбуде, ки дар вазорати хориҷаи Фаронса кушода буданд, аз номи мардуми Тоҷикистон ба мардуми Фаронса ба далели кушта шудани 17 нафар дар ҳамлаҳои охир изҳори ҳамдардиашонро китобат кардаанд.

Ҳомидҷон Назаров нахустин сафири мустақими Тоҷикистон дар Фаронса аст, ки аз 3 майи соли 2013 дар ин мақом ифои вазифа мекунад. То таъсиси сафорати мустақил дар Порис умури равобити дипломатии Тоҷикистон дар Фаронсаро сафорати Душанбе дар Брюссел бар дӯш дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG