Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз пешниҳоди Тоҷикистон ҳимоят кард, Ӯзбакистон -- зид баромад


Вазорати хориҷии Тоҷикистон аз пазируфта шудани ибтикори ин кишвар дар масъалаи “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” хабар дод.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 24 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо судури қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” бо иттифоқи оро қабул гардид. Ба таъкиди ҷаноби Атоев, қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ин иқдоми Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Венгрия, Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман, Япония ба рӯйхати ҳаммуаллифони он дохил гардидаанд.

Ба таъкиди ҷаноби Атоев, “тибқи қатъномаи мазкур ҷиҳати арзёбии раванди иҷрои Даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт 2005-2015” ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) ва дигаре дар Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шудааст.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, "бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷӯҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифтааст.”

Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳо хабар додаанд, ки бо вуҷуди пуштибонии беш аз 50 кишвари ҷаҳон аз ин қатънома, Узбакистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз ибтикорони Душанбе ҷонибдорӣ накардааст. Пуштибонӣ наёфтани ибтикорони Тоҷикистон аз ҷонби Узбакистон ба ин маънист, ки Тошканд дар масоили захираҳои обии минтақа бо Душанбе мушкил дорад ва ба хусус дар чанд соли ахир бар сари сохтмони ниругоҳи барқӣ – обии “Роғун” мухолифат меварзад.

Мақомоти Узбакистон борҳо мухолифати худро дар сатҳи нишастҳои СММ низ матраҳ кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси байналмилалии сохтмони “Роғун” –ро мусбат арзёбӣ кард ва то кунун корҳои барқарорсозӣ дар ин нӯрӯгоҳ ҷараён дорад. Давлати Тоҷикистон низ ҳар сол аз ҳисоби будҷа маблағи муайянеро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ихтисос медиҳад.

XS
SM
MD
LG