Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб аз пардохти 500 ҳазор сомонӣ қарзаш ба Идораи “Обу корез”-и ин шаҳр сарпечӣ кардааст.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб аз пардохти 500 ҳазор сомонӣ қарзаш ба Идораи “Обу корез”-и ин шаҳрсарпечӣ кардааст.

Сафар Мардонов, як масъули Идораи “Обу корез”-и Кӯлоб, рӯзи7 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “500 ҳазор сомонӣ қарзи пойгоҳ аз соли 2012 то инҷониб ҷамъ шуда ва онҳо аз супурдани ин маблағ саркашӣ доранд”. Ин аст, ки ба гуфтаи Мардонов, идораи онҳо ба ҳама мақомоти дахлдор дар ин замина муроҷиат карда, аммо то кунун ҳеч натиҷае ба даст наомадааст.

Сафар Мардонов таъкид кард, дар ин сурат охирин ниҳоде, ки онҳо маҷбуранд ба он муроҷиат кунанд, ин додгоҳ аст. Ӯ гуфт, “Ба роҳбарияти шаҳр ва ҳатто ба кумитаи амният расонидем, ки аз соли 2012 то ин вақт пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб 500 ҳазор сомонӣ қарздоранд, вале бо вуҷуди дархостҳои батакрор ҷавобе аз сӯи пойгоҳ шунида намешавад. Ҳатто ба наздикӣ ба роҳбарияти пойгоҳ расонидем, ки об дигар ба шумо дода намешавад ва мо обро маҳкам мекунем, аммо онҳо бо таҳдид гуфтанд, ки чигунае, ки маҳкам мекунед, боз ҳамонгуна боз мекунед!”

Дар ҳамин ҳол, масъулони пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон аз посух ба ин қазия худдорӣ карда ва гуфтаанд, ки дар ин мавзӯъ танҳо Вазорати дифои Русия метавонад изҳори назар кунад.

Аммо дар мактуби ҷавобии Б. Ковылин, фармондеҳи воҳиди низоми 54306- и пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар шаҳри Кӯлоб ба идораи идораи «Обу корез», маблағи 446 ҳазору446 дирам қарзи ин пойгоҳ то моҳи апрели соли 2015 эътироф карда шудааст. Ҳатто фармондеҳи қисми низомии пойгоҳи 201 – Русия дар Кӯлоб навиштааст, ки ба манзури ҳалли ин масъала унвонии фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, раҳбарияти ширкати “Стройинтеграл” ва додситонии низомии Русия низ нома задааст.

Масъулони идораи «Обу корез» - и шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки номаи фармондеҳи қисми низомии пойгоҳи 201- и Русия дар Кӯлобро ҳанӯз дар моҳи апрел дарёфт карда буданд, аммобо гузашти беш аз панҷ моҳ мушкили мавҷуд ҳал нашудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки худи идораи «Обу корез» - шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби андоз ва истифодаи нируи барқ ҳудуди 5, 5 милион сомонӣ қарздор мебошад.

Ҳоло қисми низомии 201- Русия дар шаҳри Кӯлобдар майдони 40 ҳектар дар маркази ин шаҳр ҷойгир аст. Соли 2010 дар дохили қисми низомӣ барои афсарон ва кормандонаш хонаҳои баландошёнаи чортабақа бунёд шуда ва аксари кормандоне, ки дар иҷора ба сар мебурданд, дар ин хонаҳо ҷой карда шудаанд.

Қарздор будани пойгоҳ 201 аз идораи «Обу корез» дар ҳолест, ки даҳҳо корманди маҳаллии он низ аз пардохт нашудани маоши ҳафтмоҳашон шикоят карда будандва пас аз эътирозҳои мукарар маблағи 4 моҳаи онҳо пардохт карда шуда ва онҳо аз кор ронда шуданд.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар 3 шаҳр - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гарнизон дорад. Ин пойгоҳ бо ҳудуди 6000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, ахиран нақшаеро эълон кард, ки то соли 2020 то ба 9000 расондани шумори нерӯҳои пойгоҳи 201 ва навсозии таслиҳоти онро дар назар дорад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати Русия замони будубоши пойгоҳи 201-ро ба камияш то соли 2042 тамдид кард. Душанбе, бар асоси он қарордод, аз талаби пули иҷора аз ин пойгоҳ даст кашид ва ба тамоми афсарону аскаронаш аз ҳар навъ таъқиби ҷиноӣ дар қаламрави Тоҷикистон масунияти монанд ба масунияти дипломатӣ дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG