Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарияти КВД Хоҷагии манзилию коммуналӣ аз боло будани ҳаҷми қарзи аҳолӣ аз об ва мушкили дастрасӣ ба об изҳори нигаронӣ кард.

Раҳбарияти КВД Хоҷагии манзилию коммуналӣ аз боло будани ҳаҷми қарзи аҳолӣ аз об ва мушкили дастрасӣ ба об изҳори нигаронӣ кард.

Мақомоти Хоҷагии манзилию коммуналӣ мегӯянд, андозаи қарзи аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи об аз марзи 14 миллион сомонӣ гузашт, вале пешрафте дар ин масъала ба чашм намерасад. Сардори шӯъбаи иқтисодии ин корхона Ёрҳусейн Ғуломҳусейнов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки то санаи 1-уми июли соли 2015 қарзҳои хизматрасониҳои коммуналӣ барои дастрас кардани оби нӯшонӣ дар маҷмӯъ 26,9 миллион сомониро ташкил дод, аз ин ҳисоб қарзи аҳолӣ 14,2 миллион сомонӣ, корхонаву ташкилотҳои буҷавӣ 5,8 миллион сомонӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо 6,9 миллион сомониро ташкил додааст. Ғуломҳусейнов гуфт, ки бо ҳамин сабаб ин корхона дар баробари Кумитаи андоз дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

“Беш аз 43 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд”

Раиси КВД Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон мегӯяд, дар қаламрави кишвар танҳо каме бештар аз 56 дар сади аҳолӣ бо оби ошмиданӣ таъмин ҳастанд.

Алимурод Исломзода, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” рӯзи панҷшанбеи 9 июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарчанд шумори сокиноне, ки ба оби нушокӣ дастрасӣ доранд, тадриҷан афзоиш меёбад, ҳануз ҳам мушкилри зиёд дар ин самт мавҷуд аст.” Ба гуфтаи ӯ, дар давоми 4 соли охир ҳаҷми дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ 8 дар сад афзудааст, вале

ҳанӯз ҳам ин нишондод кофӣ нест. "Яъне имруз 43 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби дастрасӣ надоштан ба обҳои нушокӣ, аз обҳои борон ва обҳои чашма истифода мекунанд”, гуфт бо нигаронӣ Исломзода. Ба гуфтаи ӯ, ҳисоб шудааст, ки беш аз 4800 маҳаллаи аҳолинишини кишвар, асосан деҳоти дурдаст ва манотиқи кӯҳдоман бо оби пок таъмин нестанд. Барои таъмини мардуми Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ дар тамоми қаламравҳои ин ҷумҳурӣ ҳудуди 2 миллиард доллари амрикоӣ лозим аст. Вале дар ихтиёри мақомот, ба гуфтаи ӯ, ҳудудан 50-54 миллион доллари амрикоӣ ҳаст, ки аслан басанда нест. «Ба ин шева агар кор идома ёбад, барои мо 85 соли дигар лозим аст, ки 43 дарсади аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин намоем”, гуфт Исломзода.

Дар нишасти хабарии рӯзи 9 июл, раиси Хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамзамон дар бораи 30 дар сад боло рафтани нархи об барои аҳолии кишвар хабар дода шуд. Ин тасмим, ба гуфтаи мақомот, бо Оҷонсии зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз нархи як мукааби оби нушокӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ба ҷуз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Норак ва Шоҳкант (собиқ Чкалов), аз 80 дирам то 1 сомониро ташкил медиҳад.

Масъалаи об барои Тоҷикистон то рафт ба як мушкили ҷиддӣ табдил мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ҷалби сармояи бештар ба ин бахши Тоҷикистон дар форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Куриёи Ҷанубӣ моҳи апрели имсол гуфт, агарчи дар қаламрави кишвар тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо "инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молӣ имкон намедиҳанд,

захираҳои мавҷудаи об ба андозаи пурра ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд." Вай гуфт, ки дастрасии сокинони деҳот ба оби тоза ё бехатари ошомиданӣ боз ҳам мушкилтар буда, ҳамагӣ ба 40 дарсад баробар аст. Ба қавли раисиҷумҳур, на зиёда аз 10 дарсади сокинони деҳот ба хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ доштаанд.

Мушкили об ахиран дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ба фоҷеа бадал шуд. 10 сокинони маҳаллӣ, ки барои таъмири қубури обашон дар фосилаи се километр аз деҳаашон кор мекарданд, зери ярч монда ҷон доданд. Баъда аз ин ҳодиса, Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мақомоти ноҳияи Файзободро муваззаф кард, ки оби сокинони ин русторо то дари хонаашон биёрад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG