Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони як русто дар ноҳияи Рӯдакӣ то ҳанӯз ба об дастрасӣ надоранд ва ҳар зимистон аз барфу борон барои худ оби ошомиданӣ захира мекунанд.

Сокинони деҳаи Ҳасанобод дар ноҳияи Рӯдакӣ, 30-километрии Душанбе, хатти оби ошомиданӣ надоранд ва танҳо боридани барфу борон “чашма”-ҳои муваққатиро болои боми ин мардум ба вуҷуд меорад. Новдонҳои хонаи сокинони Ҳасанобод ҳангоми боридани барфу борон ба хатти интиқоли об ба зарфҳои захираи обгирӣ бадал мешавад.

Мастона Маҳмадуллоева, сокини 29-солаи ин деҳа, бар ивази 2 ҳазору 500 сомонӣ зарфи дувунимтоннагӣ харида ва дар он об захира мекунад. Ин миқдор об барои хонаводаи иборат аз чор нафари ӯ барои як моҳ кофӣ аст. Барфи аввал, ки шаби 9 ба 10 декабр борид, ҳадди ақалл мушкили харидани обро барояш осон кардааст.

"Агар борону барф набошад ва роҳҳо хушк шаванд, бо мошин об меоранд ва як мошинобро ба қимати 90-100 сомонӣ мехарем," -- мегӯяд Мастона.

Дар деҳаи Ҳасанобод нафаре нест, ки аз усули одии ҷамъ овардани оби барфу борони рӯи боми хонааш истифода накунад. Захира кардани об кори чандон мушкил нест. Мардум чанд метр лӯлаи пластикиро ба

новдонҳои бом пайваст кардаанд ва вақте ки барф об мешавад, аз тариқи ин лӯлаҳо мустақим ба обанбори сохта мерезад ва ҷамъ мешавад.

Толиб Юсуфов, панҷ соли ахир чанд дафъа бо ронандаҳои мошинҳои обкаш даст ба гиребон шудааст. Сабаби ҷанҷолашон ҳам оби олуда будааст, ки барои нӯшидани онҳо меовардаанд. “Ҳоло зимистон аст, оби ҳамин барфу боронро менӯшем. Ин тоза ҳаст ё не, шукр мекунем. Лекин тобистон зарф занг мезанад. Обро аз дарё меоранд. Ҳамин сол тобистон дар ивази 80 сомонӣ як мошин об оварданд, даруни об як гунҷишки мурдаро пайдо кардам. Аммо маҷбур шудем обро истифода бибарем. Чун ронанда ба олудагии об кор надорад,” -- шикоят кард ин мусоҳиби мо.

Наздики 10 сол аст, ки ҳудуди 100 хонаводаи деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рудакӣ чунин мушкили сангини дастрасӣ ба обро доранд. Дар ҳар хонавода на камтар аз 4-5 нафар зиндагӣ мекунанд. Аммо масъулони деҳа мегӯянд, талошҳои обрасониашон ба сокинон то кунун номуваффақ буд. Маҳмад Сайвалиев, раиси як маҳалла дар деҳаи Ҳасанобод мегӯяд, “дар поёни деҳ як нафар аз чуқурии 96 метр об баровардаст. Ӯ ваъда кард, ки худаш обро бароварда манора месозад ва барои мардум хатти об мекашад. Ҳоло мо ҳама интизерем,” -- афзуд Сайвалиев.

Бино ба арзёбиҳо, Тоҷикистон аз назари захираҳои об яке аз сарватмандтарин кишварҳои дунёст ва сари ҳар як нафар аз сокинаш бештар аз 13 ҳазор метри мукааб об рост меояд, вале бо вуҷуди ин кишвар фақат тавонистааст, ки камтар аз 60 дарсади аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Бақия ночор аз ҷӯю кӯлҳо ва наҳрҳои боз ва ё ифлос об мехӯранд ва ё маҷбуранд, оби покро бо мошин ва ё хару ароба аз чашмаву рустоҳои ҳамсоя биёранд.

Бар асоси омори ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 4 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон аз оби лӯла истифода мебаранд, 650 ҳазор нафар оби чашма мехӯранд, бештар аз якуним миллион нафари дигар аз оби ҷӯву наҳр ва ҳавзу кӯлҳо баҳра мебаранд, ки покиза нест ва аксар вақт сабаби бемориҳои сироятӣ мешавад.

Бехатарии оберо ҳам, ки сокинони деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рудакӣ аз барфу борон менӯшанд, то кунун дар ҳеч лаборатория ё озмоишгоҳҳо санҷида нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG