Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони нотамоми нахустин парки обии маъруф ба "Аквапарки Душанбе" баъди 12 соли таваққуф дубора ба роҳ монда шуд. Ҳоло масъулияти сохтмони ин аквапарки чандин сол бекорхобидаро як ширкати итолиёии мавсум ба "Престон барбиери" бар уҳда гирифтааст.

Парвиз Аминов, масъули Раёсати сохтмони асосии Душанбе, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "маблағи умумии ин сохтмон 83 миллион сомонист. 28 миллионашро ҷониби Тоҷикистон ва 55 миллиони дигарашро ҷониби Итиолиё фароҳам хоҳанд кард."

Тибқи лоиҳа ин маҷмааи фароғатӣ дорои шаш ҳавзи бузурги шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон ва 34 намуди воситаҳои дилхушӣ, як бинои сеошёнаи иборат аз ҷойи нишасти маъмурияти маҷмаа, ошхона ва утоқҳои тафреҳиву либосивазкунӣ барои меҳмонон иборат аст. Парвиз Аминов мегӯяд, ин ягона аквапарки бузург дар кишвар аст, ки масоҳаташ наздик ба 2 гектар мерасад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Сохтмони ин маҷмааи фароғатӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт воқеъ буда, 12 соли пеш аз сӯи ширкати туркии “Эмек Иншоот” шуруъ шуд. Аммо ин ширкат кори сохтмонро дар нимароҳ гузошту кишварро тарк кард.

Ин ширкати туркӣ, ки низ дар соли 2004 дар як озмуни бунёди парки обии Душанбе ғолиб шуд, аз ҳукумати шаҳр беш аз 2 миллион доллар гирифта буд. Вале баъдан пас аз овардани васоили сохтмон аз ҳукумат боз хостори ҳудуди се миллион доллари иловагӣ шуд, ки ин боиси ба миён омадани баҳсҳо байни ду ҷониб гардид.

Ба гуфтаи масъулон, ба корҳои сохтусози ин аквапарк беш аз 200 коргар ҷалб шудааст. Ҳамакнун ин коргарон харобаҳои чандинсолаи боқимонда аз ширкати сохтмонии туркиро аз рӯи тарҳи комилан нави ширкати итолиёии “Престон барбиёрӣ” обод мекунанд.

Қарор аст, кори сохтмон то моҳи феврали соли 2017 ба итмом расад ва парки обӣ ба пуррагӣ аз моҳи марти соли оянда дар ихтиёри сокинони пойтахт гузошта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG