Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камобии рӯди Сир - камобии Қайроқум


Имрӯзҳо сатҳи оби рӯди Сир дар қисмати вилояти Суғд ба таври бесобиқа поин рафта, обанбори Қайроқум низ ба сурати барои 13 соли охир бесобиқа камоб шудааст.

Имрӯзҳо сатҳи оби рӯди Сир дар қисмати вилояти Суғд ба таври бесобиқа поин рафтааст. Мақомоти тоҷик пеши обро дар обанбори Қайроқум то ҳадди ниҳоӣ баста, ба захираи об барои фасли зимистон шурӯъ карданд.

Файзулло Авазов, раҳбари идораи обанбор ва нирӯгоҳи Қайроқум ба Озодӣ гуфт, ки соли равон ба ин обанбор ба таври аз соли камоби 2000-ум ба ин сӯ бесобиқа оби кам ворид мешуд ва сатҳи обаш то ҳудуди 342 метр паст рафт. Ҳамакнун дар фасли тирамоҳ мақомот мехоҳанд бо бастани пеши об сатҳи онро то зимистон ҳадди ақал 5 метр боло баранд. Бо ин меъёр нирӯгоҳи Қайроқум, ки ягонаи манбаъи бузурги тавлиди нерӯи барқ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба шумор меравад, метавонад дар фасли сармо ҳам як меъёри ҳадди ақали тавлиди барқро ҳифз кунад.

Камобии Қайроқуму Сир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00
Линки мустақим


“Ҳоло аз обанбор дар ҳар сония то 200 метри мукааб об хориҷ шуда ва 320 метри мукааб ворид мешавад. Ҳоло ки фасли обёрӣ ба охир расид ва талаботи кишварҳои поёноби Узбакистон ва Қазоқистон – истифодабарандагони аслии оби обанбори мо - низ кам шуд, хуруҷи обро то ҳадди ниҳоӣ кам кардем. Агар ин тавр накунем, зимистон беоб ва бебарқ мемонем. Ин обе, ки ҳозир ҷорист, умдатан барои нигаҳдории беҳдоштии ҳавзаи рӯди Сир, ҳифзи макони ҳастии моҳиву дигар ҷонварон ва рустаниҳои обӣ зарур аст,” – гуфт Файзулло Авазов.

Тобистон Тоҷикистон ҳудуди 3,5 миллиард метри мукааб оби дар фасли баҳор дар обанбори Қайроқум захиракардаашро барои заминҳои зироати кишварҳои поёноби Узбакистону Қазоқистон сар медиҳад ва табиист, ки имконоташ барои захира кардани об ба хотири идомаи тавлиди барқ дар зимистон коҳиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир, дар обанбори нирӯгоҳи Қайроқум, ба гуфтаи масъулинаш, ҳудуди 1,5 миллиард метри мукааб об боқӣ мондааст, ки барои се моҳи зимистон кофӣ нест.

Ба гуфтаи масъулони идораи нирӯгоҳи барқиву обии Қайроқум, ҳоло ин нерӯгоҳ ҳар шабонарӯз ҳудуди 1,5 миллион киловатт / соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Вале дар фасли зимистон, ки Тоҷикистон бо норасоии шадиди барқ рӯ ба рӯ мешавад, он бо тамоми иқтидори худ ба кор медарояд ва ҳудуди 3 миллион киловатт / соат нерӯи барқ дар шабонарӯз истеҳсол мекунад.

Бо ин вуҷуд, ин миқдор барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои минтақа кофӣ нест ва ҳра зимистон дар вилояти Суғд, чун дар боқӣ манотиқи Тоҷикистон, барои 6 ило 7 моҳ режими шадиди нирӯи барқ ҷорӣ мешавад. Шиддати ин режим бахусус дар манотиқи рустоӣ хеле маҳсус аст ва мардуми русто дар шабонарӯз ҳадди аксар то 5 соат барқ мегиранду халос.


Кам шудани оби Сирдарё
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG