Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Путин дар бораи "Роғун" ҳарфе нагуфт?


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия. дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аслан дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳарфе назад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия. дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аслан дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳарфе назад.

Бар хилофи умедвории сокинони Тоҷикистон, Владмир Путин рӯзҳои сафараш (4-5-уми октябр) дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори назаре накард.

Бар хилофи интизории сокинони Тоҷикистон, Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия дар ҷараёни сафараш ба Душанбе дар бораи истифода аз захоири оби минтақа, бахусус, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳарфе нагуфт. Аксарият гумон доштанд, Путин ҳамчуноне, ки дар ҷараёни сафараш ба Қирғизистон аз бунёди нерӯгоҳи Қамбарота пуштибонӣ карда буд, аз сохтмони "Роғун" ҳам ҳимоят мекунад.

Дар анҷоми мулоқот бо Владимир Путин рӯзи панҷуми октябр раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи истифода аз захоири оби минтақа ва ҳаққи Тоҷикистон сӯҳбат кард, аммо зоҳиран акси садое аз ҳамтои русаш нагирифт. Ҷаноби Раҳмон дар ин сӯҳбати худ гуфт, "Тоҷикистон тибқи Оинномаи СММ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳаққи мусаллам дорад, то аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла захоири гидроэнергетикии худ ба манфиати тамоми мардум истифода кунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо соҳаи гидроэнергетикаро тараққӣ дода, фақат манфиатҳои худро дар назар дошта бошем. Тоҷикистон дар муносибатҳои худ ҳамеша мавқеъҳои риояи мувозинати оқилонаи муносибатҳои миллию минтақавиро ба инобат мегирад."

Таҳлилгарони рус мегӯянд, сукути Маскав дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сабабҳои гуногун дорад. Яке аз ин сабабҳо, ба қавли онҳо, ин аст, ки ба фарқ аз нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистон, Роғуни Тоҷикистон масъалаи бузургтари геополитикӣ ва экологист.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Аммо коршиносони тоҷик ба ин масъала аз зовияи дигар нигоҳ мекунанд. Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик, мегӯяд, баҳси Роғун аслан сиёсист, то он ки экологӣ ва ё иқтисодӣ бошад. "Аз ин хотир, натанҳо Русия, балки кишварҳои дигари абарқудрат намехоҳанд бо пуштибонӣ аз як ҷониби баҳс бар сари оташи баҳсҳои минтақаӣ равған резанд. Зеро аксари абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои хоси худро доранд ва наметавонанд дар зимн манофеи худро бо дохил шудан ба ин баҳс аз даст диҳанд",-гуфт ӯ.

​Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, "он ки баҳси Роғун дар сафари охири Путин ба Душанбе баррасӣ нашуд, маънии онро дорад, ки ҷонибҳо сари ин масъала ба тавофуқ нарасиданд ва дар ин мавзӯъ мавқеи муштарак надоранд. Яъне, Русия дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз нақшаи пешниҳодии Тоҷикистон пуштибонӣ намекунад."

Вале муовини раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳазб дар порлумон, Исмоил Талбаков, мегӯяд, рӯйирост ҳимоят накардани Путин аз тарҳи Роғун ба маънии он нест, ки Маскав дар ин масъала зидди Душанбест. Ба қавли Талбаков, "изҳори омодагӣ кардани раисиҷумҳури Русия ҷиҳати сохтмони чанд нерӯгоҳ дар Тоҷикистон як навъ пуштибонӣ аз тарҳҳои энержии кишвар, аз ҷумла Роғун аст."

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Вай илова кард, "Роғун ин танҳо масъалаи Тоҷикистон ё Русия нест. Бунёди нерӯгоҳи Роғун дар ҳалли мушкилоти обиву энержии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва кишварҳои минтақа мусоидат мекунад. Маҳз ба ҳамин далел, Путин паёмадҳои пуштибонии худ аз як ҷонибро ба назар гирифта, дар бораи Роғун изҳори назар накард."

Ба қавли бархе дигар аз коршиносон, Тоҷикистон бо нақши феълии тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун набояд ба пуштибонии Русия умед бандад. Зеро ба қавли онҳо, Русия ҳанӯз фаромӯш накардааст, ки Душанбе чигуна ширкати Русалро бо тарҳи алтернативии сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун аз кишвар хориҷ карда буд.

Бо ин ҳол, Тоҷикистон дар баробари ихтилофҳои сахти Узбакистон умед ба натиҷаи ташхиси Бонки ҷаҳонӣ бастааст. Натиҷаи ташхисе, ки аз ин моҳ ба ин моҳ тӯл кашида, зоҳиран интиҳо надорад...
XS
SM
MD
LG