Пайвандҳои дастрасӣ

"Як бому ду ҳаво" дар сиёсатҳои муҳоҷирпазирии Путин


Владимир Путин.

Владимир Путин.

Рӯзномаи амрикоӣ менависад, дар ҳоле ки раҳбари Русия аз истирдоди Эдвард Сноуден худдорӣ мекунад, Русия садҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёнаро ба ватанҳояшон бозмегардонад, ки дар натиҷа онҳо мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор мегиранд.

Ахиран дар ҷавоб ба суоли эҳтимоли истирдоди Эдвард Сноуден ба ИМА, президенти Русия Владимир Путин гуфт, “Русия ҳеҷ гоҳ касеро ба кишваре бозгардон накардааст ва нахоҳад кард”. Аммо рӯзномаи "Вашингтон пост" ба ин ҷавоби Путин аз худ илова кардааст, ки “агар ин шахс қазоқ ва ё узбак набошад”.

Қасри Сафед собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуденро бо ифшои асрори барномаҳои пинҳонии назорати ин кишвар муттаҳам намуда, тақозо дорад, ки ӯ ба ватанаш истирдод шавад. Расонаҳои амрикоӣ дар ин робита хотирнишон мекунанд, ки Русия садҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро ба ватанҳояшон истирдод намудааст.

Рӯзномаи Вашингтон пост (Washington Post) менависад, минтақаи Осиёи Марказӣ, ки замоне дар маркази роҳи бостонии абрешим қарор дошт, ба як гӯшаи гумноми минтақаи Авруосиё табдил ёфта, баъди 22 соли фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба худ наомадааст ва зиёда аз он панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо ақибмонии иқтисодӣ ва диктатураҳои фасодзадаашон маъруф шудаанд.

"Вашингтон пост" илова мекунад, ки мақомоти ин кишварҳои худкома аз хушунат кор гирифта, онро ҳамчун василаи мубориза бо терроризм қаламдод мекунанд. Ба қавли муаллифи мақола дар соли 2005-ум ҳукумати Узбакистон бар зидди эътирозгарон аз силоҳ истифода бурда, бидуни огаҳии пешакӣ садҳо нафарро ба ҳалокат расонд. Ҳамин гуна соли 2010-ум муноқишаи байниқавмӣ дар водии Фарғона беш аз 400 ҳазор нафарро ба тарки макони доимии зисташон водор кард. Ба қавли "Вашингтон пост" дар Осиёи Марказӣ ҳар хабарнигор ва ё сиёсатмадоре, ки мехоҳад истиқлоли худро ҳифз кунад, бо таҳдиди доимӣ, хавфи боздошт ва бадрафторӣ мувоҷеҳ аст.

Ба навиштаи рӯзномаи амрикоӣ, шароити ногувори буду бош дар Осиёи Марказӣ афроди зиёдеро ба ҷустуҷӯи паноҳгоҳ дар хориҷа ва ба хусус ҷамоҳири собиқ шӯравӣ, водор намуд. Вале аъзои гурӯҳҳои манъшудаи исломӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва тарафдорони мухолифин дар рӯйхатҳои сиёҳ ҷой дода шудаанд ва ҳар лаҳза имкон дорад, ки онҳоро ба ватанҳояшон баргардонанд.

Вашингтон пост менависад, Русия, Чин ва чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ( Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) аъзои Созмони ҳамкориҳои Шангҳай буда, бар пояи Созиши Шангҳай дар мавриди мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва эктремизм истирдоди афроди муттаҳамро иҷозат медиҳанд.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар мушкилӣ ин ҷост, ки аксаран афсарони амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ кадрҳои даврони шӯравӣ буда, ба ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун зиёд эҳтиром надоранд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел (Афви байналмилал) дар гузориши ахираш, ки ибтидои моҳи июл ба табъ расид, навиштааст, ки мақомоти кишварҳои минтақа бо баҳонаи “амнияти миллӣ” ба истирдоди афроде муваффақ мешаванд, ки бо ягон ҷурм муттаҳам нестанд, вале ба шарофати шиканҷа ва бадрафторӣ ҳар ҷинояти кардаву нокардаро бар дӯш мегиранд.

Гузориши Амнести Интернешенел “Бозгашт ба шиканҷа: истирдод, бозгардони маҷбурӣ ва интиқол ба Осиёи Марказӣ” номгузорӣ шудааст.
Ҷон Далҳулсен, раиси барномаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International мегӯяд, ки созмон “аз ҳамкории кишварҳои шӯравии собиқ дар бозгардони ғайриқонунии шаҳрвандон шадидан нигарон аст, зеро ин афрод баъди истирдод бо хатари воқеии шиканҷа рӯ ба рӯ мешаванд”.

Ба гуфтаи Ҷон Далҳулсен, бештари дархостҳо ба истирдоди гумонбарон дар ифротгароӣ, аз ҷумла, ифротгароии исломӣ ва узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар дархостҳои боздошту истирдод аз сӯи Узбакистону Тоҷикистон ироа мешавад – мақомоти ин ду кишвар мехоҳанд, ки гумонбарони дар Русияву Қазоқистон паноҳёфтаро ба кишвар баргардонанд.

Дар гузориши Амнести Интернешенел саргузашти шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Аҳадов оварда шудааст, ки соли 2007 дар вилояти Маскав боздошт ва баъд аз қарори Додгоҳи олии Русия дар бораи истирдод рӯзи 29-уми сентябри соли 2008 дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон супурда шудааст.

17-уми ноябри соли 2010 Муҳаммад Аҳадов ба Додситони кулли Русия шикоят кард, ки баробари расидан ба Душанбе ӯро ба Шӯъбаи шашуми вазорати умури дохилӣ бурданд ва ба латукӯбу таҳқираш шурӯъ карданд. Ӯ навиштааст, ки “як бегаҳ ду мансабдор маро урён карда дасту поямро бастанд. Онҳо маро ба таври ваҳшиёна таҷовуз карданд. Дар ҳоле, ки яке аз онҳо маро таҷовуз мекард, дигарӣ акс мебардошт”.

Муҳаммад Аҳадов хабар додааст, афсарон таҳдид карданд, ки агар ба таври хаттӣ ба ҷинояти содиркардааш иқрор нашавад, аксҳоро дар тамоми Тоҷикистон паҳн мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони полис ӯро маҷбур кардаанд, ки як ҷинояти дигарро ҳам ба гардан гирад. Амнести Интернешенел менависад, Додситонии кулли Тоҷикистон бар пояи шикояти Муҳаммад Аҳадов моҳи октябри соли 2008 алайҳи ду афсари шӯъбаи шашуми вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард ва аммо, бар пояи хабарҳо, онҳо кишварро тарк намуданд. Худи Муҳаммад Аҳадов ба нӯҳ соли маҳбас маҳкум шуд.

Дар гузориши Амнести Интернешенел гуфта шудаст, ки моҳи сентябри соли 2010 Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар қазияи бозгардони иҷбории Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Ин ҳодиса моҳи апрели соли 2005 ба вуқӯъ пайвастааст. Додгоҳ ҳукм кард, ки мақомоти Русия банди 3 Конвенсияи Аврупоиро нақз кардаанд ва онҳо эҳтимоли дар Тоҷикистон ба азобу шиканҷа мувоҷеҳ шудани гумонбарро сарфи назар кардаанд.
XS
SM
MD
LG