Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мн, вом, вим” ва дигар латифаҳои даврони ҷанг


аксе аз водии Рашт
аксе аз водии Рашт

Аз латифаҳо ҳам умед ба сулҳу осоиш меомад...

Пурсиши сарсарӣ нишон медиҳанд, ки дар миёни латифаҳои даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамон қиссаи маъруфи ба Рашт расидани Фронти Халқӣ аз маъруфтарин шӯхиҳои миёнаҳои соли 1990-ум будааст.

Ба чанд касе, ки дар ин бора муроҷиат кардем, аз ин латифа ёдовар шуданд: “Силоҳбадастони Сангак Сафаров ба Ғарм мерасанд ва вориди ҳавлие мешаванду кӯдакеро дар саҳни он меёбанд, ки танҳо будааст. Мегӯянд, “Дар хона кӣ ҳаст?”. Мегӯяд, “Мн, вом, вим”. Яке мегӯяд: “А бача, қафо бгард, ки мо Хитойда расидем.”

Ҳар латифа бозгӯкунандаи ҳолат, шароит, давраи муайяни иҷтимоиву таърихӣ аст, ки мушкилоту нуқси ҷомеа ва шароити зисти мардумро мавриди хандаву интиқод қарор медиҳад. Латифаҳо, ки аз ҳаёти оддӣ гирифта мешаванду зуд мардумӣ мешаванд, дар сурати муваффақ будан аз даҳон ба даҳон гузашта, умри дароз мебинанд. Ба бовари як муҳаққиқи тоҷик, аксар латифаҳои даврони ҷанги дохилии Тоҷикистонро мешавад “ақоидӣ” номид.

Сайфуллои Мурод мегӯяд: "Бештар дар бораи ҳамин ду гурӯҳе, ки ба ду сангар тақсим шуда буданд, латифа мегуфтанд, яъне дар бораи, ба истилоҳ, "юрчик"-ҳову "вовчик"-ҳо. Латифаҳо ҳам ҳолу ҳавои ҷанг ва ҳамон фазоро доштанд."

Намунаи ин латифаҳо қиссаҳои ба истилоҳ боевикҳо буда метавонад, ки хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзои Салимпур ин гуна ёдоварӣ кард: “Дар байни силоҳбадастони нерӯҳои мухолифин дар заминаи мазҳабӣ дар масоили шиаву суннӣ танише ба миён омада буд. Як фармондеҳи нерӯҳои мухолифин бо лақаби Лёшка-Горбун гӯиё ба Толуқон назди Абдуллоҳи Нурӣ даъват мешавад ва Нурӣ ба Горбун дар бораи Ислому таърихи дин хеле маълумот медиҳад. Горбун аз мулоқот берун меояд ва хабарнигори “Тоҷикистони озод” аз ӯ мепурсад, ки “Чӣ таассуроте аз ин мулоқот гирифтӣ?” Лёшка-Горбун мегӯяд: “Нав фаҳмидам, ки ҳазрати Алӣ подчиненнии ҳазрати Муҳаммад буд. Ман ҳам дигар подчиненнии ҳазрати Нурӣ”.

Нависандаи зиндаёд Имом Назар дар китоби “Аҷаб замоне” чанд латифае овардааст, ки баёнгари вижагиҳои ҷанг ва лаҳзаҳои ҳассоси мардум дар баробари тиру аслиҳа ва маргу зиндагӣ будааст. Латифае бо номи “Шарофат” чунин аст: “Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ камондорон дар деҳае як гурӯҳ сокинонашро саф ороста, пурсуҷӯ мекунанд. Сардори даста аз зане мепурсад, ки номат чист? - Шарофат, - мегӯяд вай.
- Ин каса ҷавоб диҳед, - мегӯяд командир ба зердастон. – Ҳамноми очаи ман будааст. Аз марди ҳампаҳлӯи ӯ мепурсад:
- Номи ту чист?
Мард тарсону ларзон мегӯяд:
- Номи ман, аслан, Рустам аст, лекин дар қишлоқ ҳама Шарофатум меган”.


Муҳаққиқ Сайфуллои Мурод мегӯяд, латифа ҳам баёнгари он аст, ки дар ҳамон шароити ҷангу хун ва тарсу ноумедӣ ташнагии одам ба зиндагӣ боло мегирад ва дар як ҳолати фоҷеабор ҳолатҳои шӯхиву ханда ҳам пайдо мешавад: "Аҳамияти латифаҳо дар ин аст, ки инъикосгари воқеиятҳои талхи ҳамон рӯзгор аст, ки ҳам механдонад ва ҳам дар авҷи ханда талхиҳое ҳам дар худаш дорад."

Дар ниҳоят, тавре бисёриҳо таъкид мекунанд, аз латифаҳои даврони ҷанг ҳам мешуд танҳо ормони мардум барои зиндагии осоиштаву сулҳомезро дарёфт кард. Маҳбуби Ганҷаалӣ, яке аз муаллифони сайти латифа.ти ҷей як чунин латифаи маъруфи он солҳоро ёдовар шуд: “Дар минтақаи Рашт ҷангиёни мусаллаҳи ҳукуматӣ вориди як манзиле мешаванд. Баъди он ки соҳиби хона охирин гӯсфандашро кушта онҳоро меҳмон мекунад, фармондеҳи ҷангандаҳо мепурсад, ки “оппозитсия хуб аст, ё мо?”. Соҳиби хона мегӯяд:
- Шумо ҳам хубен, оппозитсия ҳам хуб аст. Лаънат ба мо, ки дар сари кӯча хона кардаем..."
XS
SM
MD
LG