Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар амалиёти Ғазза аз 500 нафар гузашт


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи чаҳоршанбе, 23 июл, дар робита ба авзоъ дар борикаи Ғазза нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.

Бар пояи изҳороти ин ниҳоди СММ, ки рӯзи душанбе нашр шуд, аз даъвати Миср барои баргузории нишасти вижаву изтирорӣ 16 кишвари узви Шӯрои ҳуқуқи башар, аз ҷумла, Русия, Чин ва Арабистони саъудӣ, пуштибонӣ карданд. Шӯрои амнияти СММ аз афзоиши қурбониён дар борикаи Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва хостори оташбаси фаврӣ шуд. Аъзои Шӯрои амният қатъномаро дар ин бора дар ҷаласаи пушти дарҳои баста шоми якшанбе пазируфтанд.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун қабл аз ҷаласаи Шӯрои амният куштори садҳо фаластиниҳо бар асари амалиёти заминии артиши Исроил ва бараҳмӣ дар даргириҳоро маҳкум намуд. Ӯ баргузории амалиёт дар минтақаи сераҳолиро “ваҳшоният” номид. Изҳороти Бан Ки Мун рӯзи душанбе дар Қатар баён гардид, ки сафараш ба кишварҳои Ховари Миёна аз он ҷо шурӯъ шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, теъдоди қурбониён бар асари амалиёти артиши Исроил алайҳи гурӯҳи ҲАМОС дар Ғазза, ки ду ҳафта боз боз идома дорад, аз марзи 500 нафар убур кард. Фақт рӯзи якшанбе дар ин амалиёт сад фаластинӣ, аз ҷумла, даҳҳо зану кӯдак ва 13 низомии исроилӣ кушта шуданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи душанбе изҳор намуд, амалиёт дар Ғазза то рӯзе идома хоҳад кард, ки мардуми Исроил худро дар вазъи амн эҳсос кунанд.

Дар ҳоле, ки хабаргузориҳои гуногун аз кушта шудани беш аз 70 тан фаластинӣ дар навори Ғазза фақат дар як рӯз хабар додаанд, хабаргузории Франс-пресс мегӯяд, ки манбаъҳои фаластинӣ талафоти худ дар рӯзи якшанберо то кунун 97 тан эълом кардааст, ки шумораи кушташудагони фаластинӣ аз оғози ҷанги чаҳордаҳрӯза то кунун ба 430 нафар расидааст.

Бештари талафоти рӯзи якшанбе дар минтақаи Шуҷоия, ки байни шаҳри Ғазза ва марзи Исроил аст, рӯй дода ва гузориш шудааст, ки 62 нафар дар онҷо бар асари бомбаборони нимашабии нерӯҳои исролилӣ ҷони худро аз даст додаанд. Шумораи захмиҳои ин рӯз бештар аз 250 нафар гузориш шуда ва ҳамин таври омори маҷрӯҳон дар 14 рӯзи гузашта ба се ҳазор нафар расидааст.

Артиши Исроил рӯзи якшанбе 13 низомии худро талаф дод, ки шумораи кушташудагони он аз рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузаштаро ба 18 нафар расонидааст. Ин болотарин мизони талафоти артиши Исроил аз замони ҷанги Лубон дар соли 2006 аст. Ду ғайринизомии исроилӣ низ рӯзҳои гузашта ҷони худро бар асари партоби мушакҳои ҲАМОС ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол як сухангӯи шохаи низомии Ҳаракати муқовимати исломӣ (ҲАМОС) рӯзи якшанбе эълом кард, ки ин гурӯҳ дар ҷараёни даргириҳо як сарбози исроилиро ба асорат гирифтааст. Ба гузориши Ройтерз, Абу Убайда дар телевизиони ҲАМОС гуфт, ки "мо як сарбози саҳюнистро ба асорат гирифтаем ва режими ишғолгар хабари онро эълом накардааст".

Аммо сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид хабари асорати сарбози исроилӣ дар навори Ғаззаҳро рад кард. Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи душанбе, ба хотири баррасии коҳиши танишҳо миёни Исроилу Фаластин, вориди Қоҳира шавад

XS
SM
MD
LG