Пайвандҳои дастрасӣ

Walt Disney ширкати Lucasfilm-ро ба даст овард


Боб Айҷе (аз чап) ва Ҷорҷ Лукас (аз рост) созишномаро имзо мекунанд

Боб Айҷе (аз чап) ва Ҷорҷ Лукас (аз рост) созишномаро имзо мекунанд

Ҳамакнун ин ширкат ба тавлиди бахшҳои нави филмномаи "Ҷанги ситораҳо" машғул мешавад, ки қаблан моли Lucasfilm будааст.

Ширкати Walt Disney хабар дод, ки бо арзиши беш аз 4 миллиард доллар ширкати филмсозии Lucasfilm-ро ба даст меорад. Ин ширкат тавлидгари филмҳои маъруфи “Ҷангҳои ситораҳо” мебошад. Дар изҳороти мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки бахши навбатии ҳафтуми филми “Ҷангҳои ситораҳо” соли 2015 ба бозор арза хоҳад шуд.

Ҷорҷ Лукас, муаллифи “Ҷангҳои ситораҳо” ва танҳо моликдори ширкати Lucasfilm гуфт, фурсати он расидааст, ки масъулияти эҷоди қиссаҳои нави “Ҷангҳои ситораҳо” ба насли нав вогузор шавад. Нахустин бахше аз ин филмнома ҳанӯз соли 1977 сохта шуд ва базудӣ маъруф ва ҷаҳонгир гардид.

Шаш бахши ин филм дар тамоми муддати баъд 4,5 миллиард доллар даромад овардааст. Тибқи созиши мазкур, ҳамчунин ширкати Walt Disney инчунин моликдори Lucasfilm’s Industrial Light & Magic production company ва ҳам Ҷорҷ Лукас ва қаҳрамонҳои филми "Ҷангҳои ситораҳо"

Ҷорҷ Лукас ва қаҳрамонҳои филми "Ҷангҳои ситораҳо"

филмномаи “Indiana Jones” мешавад.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон баъди имзои қарордод масъулини ҳарду ширкат қаноатмандии худро аз созиши ҳосилшуда пинҳон надоштанд. Боб Айҷе, раҳбари иҷроияи ширкати Walt Disney гуфт, вақте Ҷорҷ Лукас барои чунин як иқдом розӣ шудааст, “мо ба ваҷд омадем”. Дар заминаи барномаҳои идомаи эҷоди бахшҳои дигари филмномаи “Чангҳои ситораҳо” ӯ гуфт:


  • Мо тамоми масъулияти азхудкунии чунин як мероси рамзиро, ки маҳбуби садҳо миллион нафар аст, дарк мекунем.
Ҷорҷ Лукаси 68-сола ҳамоиши ин ду ширкатро “як ҷуфти муносиб” хонду гуфт, ки умедвор аст, Walt Disney дар ҳақи ширкати эҷодкардаи ӯ ғамхорӣ зоҳир мекунад.

Филмномаи маъруфи “Ҷангҳои ситораҳо”, ки аз замони сохта шудани нахустин бахши он 45 сол мегузарад, қарор аст аз нӯҳ бахш иборат шавад. Масъулини Disney мегӯянд, ки баъди эҷоди бахши навбатии ин филм дар фурсати се соли дигар, тавони эҷоди қисматҳои баъдии онро ҳам хоҳанд дошт. Дар таърихи синамои ҷаҳон, филмномаи мазкур дар маъруфияту даромаднокӣ баъди саргузаштҳои “Ҳарри Поттер” ва “Ҷеймс Бонд” аз муваффақтарин корҳо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG