Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Паштун Папа” ба Ҳелловин роҳ наёфт


Сарулибоси ҳелловинии "Паштун Папа"-и Walmart
Сарулибоси ҳелловинии "Паштун Папа"-и Walmart

Баъд аз он ки корбарони Twitter моли нави танзомези ширкати Walmart-ро барои ҷашни Ҳелловин “нажодпарастӣ” ва “таҳқиромез” номиданд, ин ширкат фурӯши онро қатъ кард.

Дар остонаи ҷашни Ҳелловин ё иди чеҳраву симоҳои ваҳшатафкан ширкати Walmart ба нархи 40 доллар сарлибосеро бо номи “Паштун Папа” ба фурӯш баровард. Дар торнамои ширкат зери акси он гуфта мешуд, “Ҳеч чиз дар ин Ҳелловин муқаддас нест. Дӯстони худро такон диҳед!”

Сарулибоси нави тарсовари ширкати Walmart аз пироҳани дароз ва тунбон ё эзори афғонӣ, нимтана ва саллаи сиёҳ ва ҳам риши дарози мошубиринҷ иборат буд.

Аммо бархӯрди корбарони Twitter ширкатро водор кард, аз ин моли худ даст кашад ва фурӯши онро қатъ намояд. Ин корбарон либоси навро “нажодпарастона”, “тавҳиномез”, “масхараомез” ва “исломбадбинона” номиданд.

Бо қатъи фурӯши ин либос ширкати Walmart аз ҳамаи онҳое, ки бо дидани он худро ноҳинҷор ҳис кардаанд, узр хост.

Ба эҳтимоли зиёд андешаи таҳияи чунин либоси идона ҳанӯз замоне рӯ задааст, ки чанд сол пеш яке аз ширкаткунандагони Ҳелловин ба қасри салтанатии Бритониё бо сару либоси Усома Бин Лодин омада ва посбонҳои кохро нороҳат карда буд.

Сарулибоси ҳеллуинии "Паштун Папа"-и Walmart
Сарулибоси ҳеллуинии "Паштун Папа"-и Walmart

XS
SM
MD
LG