Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Wall Street Journal: "Эрон ба Ироқ нерӯ фиристодааст"


Рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal дар гузориши нави худ мегӯяд, ки Эрон барои ҳимоят аз Бағдод ва шаҳрҳои Карбало ва Наҷаф нерӯ фиристодааст.

Ин хабар бар пояи нақли қавл аз "манбаъҳои амниятие", ки бо ин рӯзнома гуфтугӯ кардаанд, мунташир шудааст. Ба гузориши ин рӯзнома ба нақл аз "мақомҳои амниятии Эрон", қисмҳои нерӯҳои Қудс, воҳиди берунмарзии Сипоҳи посдорон рӯзи чаҳоршанбе аз Урумия ва Луристон, ба кишвари ҳамсоя фиристода шудаанд.

Ба гуфтаи Wall Street Journal бо такя ба як мақоми артиши Эрон, ин кишвар нерӯҳои худро дар марзҳои Ироқ низ дар ҳолати омодабош қарор додааст ва ба нерӯҳои ҳавоии худ дастур додааст, агар ҷангҷӯёни ДОИШ (Давлати исломии Ироқ ва Шом) ба 100 километрии марзҳояш расанд, онҳоро бамборон кунад.

Мақомҳои эронӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки агар лозим шавад барои ҳимоят аз давлати Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, дар назар дорад "нерӯҳои довталаб"-и худ дар Сурияро низ ба Ироқ интиқол намоянд.

Ҳушёр Зиборӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, ки дар ҳоли ҳозир дар Лондон аст, дар тамос ба Wall Street Journal дар ин маврид посух додааст, ки "ҳақиқатан ман ҳеҷ чизе намедонам, ман ҳоло дар Лондон ҳастам."

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико низ гуфтааст, дар ҳошияи музокироти дуҷонибаи ҳастаӣ бо Эрон, мавзӯи бӯҳрон дар Ироқ матраҳ нашуд. Вай гуфтааст, "мо онҳоро (Эрон) ташвиқ кардем, ки нақше созанда дар Ироқ бозӣ кунанд."

Эрон ва Амрико дар мавриди Сурия, ба вижа ҳукумати Башор Асад бо якдигар ихтилофи амиқ доранд, аммо дар мубориза бо гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом назари яксон доранд.

Хабаргузории "Тасним"-и эронӣ рӯзи гузашта аз қавли Ҳусайн Исломӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони Эрон дар робита ба ҳодисаҳои Эрон гуфтааст кардааст, ки "Сипоҳи посдорон ҳамеша омодаи посух додан ба ҳар гуна таҳдид аст."

Амрико низ гуфтааст, он кишвар барои кӯмак ба "раҳбарони мунтахаб"-и ин кишвар ҳамаи гузинаҳо, аз ҷумла аксуламали низомиро дар назар дорад.
Бо ин ҳама мақомҳои Теҳрон ва Бағдод ба таври расмӣ хабарҳоро дар мавриди фиристони нерӯҳои низомии Эрон ба Ироқ таъйид накардаанд.

Марзия Афхам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 11 июн гуфта буд, ҳукумати Ироқ аз Эрон барои муқобила ба шӯришиёни ДОИШ дархосте накардааст. Ҳарчанд дар ҳамон рӯз Ҳусйн Амир Абдулилоҳиён, муовини арабӣ-африқоии вазорати умури хориҷии Эрон ба хабаргузориҳои гуфта буд, ин кишвар "бо тамоми нерӯ аз Ироқ дар муқобили террористон ҳимоят мекунад."
XS
SM
MD
LG