Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

FIDH ва «Мемориал»: «Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар шудааст»


Ду созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз гузашта бадтар шудааст ва ин тамоюл идома дорад.

Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон ё FIDH ва созмони «Мемориал». Дар як гузориши муштарак гуфтаанд, дар қиёс бо гузашта вазъи муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо дар Русия бадтар шудааст. Ба ақидаи муаллифони ин пажӯҳиш, сахттар шудани қоидаҳои будубош бисёре аз онҳоро ба ҳолати ғайриқонунӣ дароварда, дар баробари истисмори беназорат ба як қишри осебпазир табдил дод. Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон ахиран чораҳои ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирон дар Русияро эълом доштааст, онҳо ҳамоно ба гунаи фавқулода осебпазир боқӣ мемонанд.

Шиддат гирифтани қоидаҳои будубош дар Русия сабаби он гашт, ки мавридҳои ихроҷи муҳоҷирон афзоиш ёфт ва даҳҳо ҳазор нафар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд.

Ин дар ҳолест, ки зиёда аз 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар Русия кор мекунад ва маблағе, ки онҳо ба ватан мефиристанд, 47 дарсади Маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар сӯҳбат бо намояндагони FIDH ва «Мемориал» муҳоҷирон хабар додаанд, ки полис ва марзбонони Русия аз онҳо маблағ меситонанд, онҳоро беасос боздошт мекунанд ва ҳодисаҳои зӯроварии полис бар сари онҳо низ зиёд аст.

Дар пасманзари хитобаҳои бегонаситезонаи сиёсатмадорон, ки расонаҳои ахбори ом паҳн мекунанд, шумори ҳамлаҳо ба муҳоҷирон афзоиш ёфт ва аксари онҳо бе пажӯҳиш ва ҷазо боқӣ мемонанд. Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки мавридҳои пардохт нашудани музди кор, зиндагӣ дар вазъи сангин ва маҳрумият аз кӯмаки тиббӣ низ таъкид шудаанд.

«Шумораи афзояндаи маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ, ба монанди амалиёти «Мигрант-2014» дар моҳи ноябри соли равон ба густариши бегонаситезӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи муҳоҷирон. Мо аз рӯйдодҳои ахири зӯроварӣ бар сари муҳоҷирон аз тарафи полис ва ҳамлаҳои бегонаситезона нигаронем, ба хусус ки чунин аъмол беҷазо мемонад,» -- гуфт Карими Лоҳиҷӣ, раиси FIDH ва афзуд: “Дар моҳи декабр маълум шуд, амалиёти «Мигрант-2014» хислати доимӣ гирифтааст ва ҳабси оммавии муҳоҷирон дар Маскав ва Санкт-Петербург идома дорад.»

Дар гузориш ҳамчунин ба вазъи занон диққати махсус дода шудааст. Аз як сӯ садҳо зан дар Тоҷикистон бино бар муҳоҷирати мардҳо тани танҳо фарзандонро ба воя мерасонанд, дар киштзор ва бозолрҳо кор мекунанд ва аз мадади хешовандони шавҳар вобастаанд.

Муҳоҷироне ҳастанд, ки фиристодани пулро ба оилаҳои худ қатъ мекунанд ва ё умуман бенишон мешаванд. Дар чунин ҳолат зан ва кӯдаконаш бе як пора нон мемонанд. Аз сӯи дигар теъдоди ҳарчӣ бештари занон дар ҷустуҷӯи кор рӯ ба муҳоҷират меоранд. Ба навиштаи муаллифони пажӯҳиш занон дар артиши бузурги муҳоҷирони тоҷик 15 дарсадро ташкил медиҳанд.

Занони танҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон эътибори худро аз даст медиҳанд ва ҳамчун вайронкунандагони тақсими суннатии нақшҳо дар оила ва ҷомеа мавриди маҳкумият қарор мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар Русия низ пеш аз ҳама онҳо ба қурбониёни истисмор ва зӯроварӣ табдил меёбанд.

Вазъи масъала дар Тоҷикистонро дар соли 2012 Кумитаи СММ дар ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо баррасӣ намуд.

Ин кумита аз сатҳи баланди фасоду ришва дар миёни бархе аз марзбонон ва кормандони хадамоти консулӣ ва ҳамчунин камбуди механизмҳои баррасии шикоятҳо дар ин маврид изҳори нигаронӣ карда буд.

Сарвари созмони «Мемориал» дар Санкт-Петербург, Стефания Кулаева, мегӯяд: «Ҳимояи консулии муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия бо мушкил рӯбарӯ шудаанд, ҳамоно нокифоят аст ва Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз тартиби босамари арзу шикоятро ба роҳ намояндааст. Мавридҳои истисмори муҳоҷирон аз тарафи кордиҳандагон ва миёнаравон, аз ҷумла меҳнати ғуломона, ба гунаи бояду шояд аз тарафи ҳеч давлате таҳқиқ намешаванд.”

Созмонҳои FIDH ва «Мемориал» аз соли 2011 ба ин сӯ вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд ва ҳамасола тавсияҳои худро ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия пешниҳод мекунанд. Бо вуҷуди он ки на ҳамаи пешниҳодҳои онҳо амалӣ мегарданд, онҳо ба бархӯрди ин мухотабҳо дар ҳалли мушкил таъсири муайян доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG