Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург шиносномаи биометрӣ медиҳад


Дар шаҳри Санкт-Петербург идораи Консули ифтихорӣ барои омода намудани шиносномаи биометрӣ ба кор шурӯъ кард. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 28 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҳам дар Хонаи Миллатҳо мавсуф дар хиёбони Моховая, бинои 15 ва хам дар дафтари консули фахрии Тоҷикистон суроғаи: кӯчаи Фонарная бинои 3, бо ташаббуси сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вохӯрии намояндагони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба фаъолони ҷамъиятхои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯриҳо консули ифтихори Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Муҳаммадназар Мирзода, раиси хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Ашраф Гулов, намояндаи вазорати корхои хоричии Тоҷикистон Садбарг Ғаниева, намояндаи вазорати шуғли аҳолӣ меҳнат ва муҳоҷирати Точикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Қурбоналӣ Расулов роҷеъ ба таҳияи хуҷҷатҳои зарурӣ барои омодасозии шиносномаҳои биометрӣ сӯҳбат карданд. Сар аз соли нави милоди шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни шиносномаи хориҷӣ наметавонанд ба қаламрави Русия сафар намоянд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар бештар аз 100 нуқта дар дохили Тоҷикистон ва ҳамчунин дар чанд шаҳри Русия барои шаҳрвандон заминаи ба даст овардани шиносномаҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG