Пайвандҳои дастрасӣ

Ин навбат наворбардори “Озодӣ” аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки “Чаро таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ришмонӣ афзудааст?”

Ҳарчанд гурӯҳе дар посух ба ин савол аз ришу ришмонии ҷавонон ҳимоят карданд, аммо бархеи дигар, аз ҷумла чанде аз духтарон, гуфтанд, ки риш барояшон мақбул нест. Бо ин ҳол, яке аз назардиҳандагон ришро суннати паёмбари Ислом донист, ки аз дидгоҳи ӯ иддае бо пайравӣ аз ин суннат риш мегузоранд ва он ҷои нигаронӣ надорад. Як нафари дигар ришмонии ҷавононро ба таъсири бештари дину диндорон рабт дод.

Дар ин қатор ҷавоне ҳам буд, ки гуфт, риш мондан барои мардон, махсусан ҷавонон, як навъ мӯд шудааст. Зеро ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, “духтарон бештар ба он ҷавононе таваҷҷӯҳ доранд, ки ришашон зебост.”

Аммо дар ҳоле ин назарпурсӣ анҷом гирифт, ки масъалаи риш ва андозаи он дар солҳои охир борҳо мавриди баҳси натанҳо сатҳи поёнӣ, балки болоии мақомоти кишвар қарор гирифтааст. Ду моҳ пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта буд, ки бо дархости Кумитаи дин андозаи ришро муайян кардааст ва он бар асоси таълимоти ҳанафӣ як мушт ё як қабза мебошад. Вале Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, ахиран дар як нишасти матбуотӣ ин хабарро рад кард ва гуфт, онҳо бо андозаи риши мардон коре надоранд.

Ришмонӣ агарчӣ хоси мардон аст, вале дар чанд соли охир он боиси дарди сари бархе аз мардон шудааст. Зеро мақомот дар солҳои гузашта ришдоронро боздошт ва мансубияти онҳо ба ин ё он гурӯҳи диниро мепурсиданд. Илова бар ин, бо риши дароз кор кардан дар идораҳои давлатӣ мисли ҳиҷобу рӯсарии занон мамнӯъст. Ҳатто донишҷӯён ин ҳақро надоранд, ки бо риш вориди синфхонаҳо шаванд.

Бо ин ҳама, хонандаи азиз, назари Шумо ба масъалаи ришу ришмонӣ чист? Фикр мекунед, чаро таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ришмонӣ афзудааст?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG