Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Нерӯи зиёд" - дар роҳи Донетск. Нерӯҳои Русия?


Донетск, 2 ноябр

Донетск, 2 ноябр

Дар қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина интихоботи зиддунақизи раҳбарон ва "шӯроҳои мардумӣ"-и ин ду ба ном "ҷумҳурӣ" оғоз ёфт.

Сухангӯи мақомоти низомии Украина Андрий Лисенко рӯзи 2 ноябр гуфт, Русия дар минтақаҳои таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина "таҷҳизот ва нирӯи зиёди низомӣ мустақар кардааст." Ба гуфтаи ӯ, ин нирӯву таҷҳизотро аз дохили Русия ба ин манотиқ овардаанд.

Ин баёния дар ҳолест ки рӯзи 2 ноябр дар ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” дар шарқи Украина раҳбарон ва вакилони ба ном “Шӯроҳои мардумӣ”-и ин ду “ҷумҳурӣ”-и худхондаро интихоб мекунанд.

Хабарнигорони Франс Пресс мегӯянд, дар наздикии Донетск корвони ибора аз ҳудуди 20 мошинро дидаанд, ки ҳомили мушакҳои зиддиҳавоӣ ба самти фурудгоҳи маркази ин вилоят мерафтанд. Ба фарқ аз худи шаҳр фурудгоҳ то ҳол таҳти назорати нирӯҳои давлатии Украина қарор дорад. Ҳоло маълум нест, ки ин нирӯҳои нав дар ниҳоят ба куҷо рафтаанд.

Чандин расонаи дигари ғарбӣ низ аз ҳаракати нирӯҳои низомии фаровон дар атрофи Донетск гузориш медиҳанд. Аз ҷумла хабарнигорони сомонаҳои хабарии buzzfeed.com ва mashable.com тавассути Твиттер хабар додаанд, ки онҳо шоҳиди гузаштани корвони бузурги низомӣ шудаанд. Макс Седдон, хабарнигори Buzzfeed аз ҷумла навиштааст: "31 мошини бидуни шумораи КАМАЗ (мошинҳои низомӣ) ҳамин ҳол ба сӯи Донетск рафтанд. Бо силоҳҳои зиддиҳавоӣ, қуттиҳои либоси низомӣ, шабакаҳои радар ва автобуси пур аз силоҳбадастон."

Хабарнигорон ҳамчунин мегӯянд, ҳавзаҳои раъйгирӣ дар интихоботи раҳбарони ва “шӯрои мардумӣ”- и ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” дар маркази ин минтақа – шаҳри Донетск, ки таҳтии назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дорад, пур аз афроди силоҳбадаст аст.

Хадамоти амнияти Украина – СБУ – рӯзи 2 ноябр гуфт, ин интихоботҳо Қонуни асосии Украинаро зери по мекунанд ва ҳамчун “ғасби ғайриқонунии қудрат” шинохта мешаванд. Ин ниҳод гуфт, алайҳи ташкилкунандагони интихоботҳои имрӯза “тафтиши ҷиноӣ” оғоз шудааст.

Раъйдиҳӣ дар интихоботҳои зиддунақиз дар қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина субҳи 2 ноябр оғоз ёфт.

Оғози "интихобот"-ҳо дар Донетску Луҳанск

Ҳукумати Украина ва ҳамин тавр, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфтаанд, ки интихоботҳо дар шарқи Украина қонунӣ нестанд.

Барои мақоми раиси “ҷумҳурии мардумии Луҳанск” 4 нафар, бо шумули раҳбари кунуниаш Игор Плотнитский, ва барои курсиҳои ба ном “шӯрои мардумӣ”-и ин “ҷумҳурии мардумӣ” номзадҳо аз 3 “ҳаракати ҷамъиятӣ” мубориза мебаранд.

Александр Захарченко - дар марказ

Александр Захарченко - дар марказ

Дар як интихоботи алоҳида, 3 нафар, бо шумули раҳбари кунунии “Ҷумҳурии мардумии Донетск” Александр Захарченко, барои мақоми раҳбари ин ба ном “ҷумҳурии мардумӣ” вориди мубориза шуда, длар интихоботи вакилони “шӯрои мардумӣ”-и қисматҳои таҳти назорати ҷудоиталабон дар ин вилоят номзадҳо аз ду ҷунбиш сабти ном шудаанд.

Захарченко ин интихоботро "нуқтаи ҳалкунанда"-е номид, ки "ба давлати мо қонунмандӣ" медиҳад." Ӯ рӯзи 31 октябр дар Донишгоҳи техникии Донетск гуфт, онҳое ки биноҳои давлатӣ ва идораҳои пулисро ишғол карданд, "инқилобиёни нотарс буданд вале амалан худхонда ба ҳисоб мерафтанд." Аммо ӯ таъкид кард, ки ин интихобот ба ин мардум ҷомаи машрӯъият мепӯшонад.

Мақомоти ҷудоиталаби ин ду минтақа рӯзи 1 ноябр гуфтанд, ки беш аз 3 миллион баргаи раъй чоп кардаанд ва раъйгирӣ аз тариқи Интернет алакай оғоз ёфтааст.

Ниҳодҳое, чун САҲА, ба ном интихоботҳо дар Донетску Луҳанскро сарфи назар карданд, вале ҷудоиталабон иддао доранд, ки ин ду раъйгириро аз 30 то 70 нозир аз чанд кишвар, назири вилояти худхондаи Абхозистони Гурҷистон назорат мекунанд.

Таблиғи зидди интихоботҳо дар минтақаҳои ҷудоиталабон

Таблиғи зидди интихоботҳо дар минтақаҳои ҷудоиталабон

Маскав аз қабл тавассути вазири хориҷааш Сергей Лавров изҳор дошт, ки омода аст, то натиҷаҳои ба ном интихоботҳо дар Донетску Луҳанскро бипазирад. Ин изҳорот ба мавҷи интиқодҳо аз сӯи Киев ва кишварҳои ғарбӣ рӯбарӯ шуд, ки алайҳи Маскав ба далели пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар Украина алакай 4 навбат таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Русия дар моҳи марти соли равон, як моҳ баъд аз барканории раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Украина Виктор Янукович дар натиҷаи эътирозҳо ва дар Киев ба қудрат омадани сиёсатмадорони тарафдори Ғарб вилояти аксари аҳолиаш русзабони Қрим дар ҷануби Украинаро ишғол кард ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ “часпонд.”

Ба дунбол, дар моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар вилоятҳои аҳолиаш низ умдатан русзабони Донетску Луҳанск сар бардоштанд ва бо забти қисматҳое аз ин ду вилояти аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Украина алакай дар моҳи май бо баргузории ду раъйпурсии алоҳида аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд.

Баъдан ин ду “Ҷумҳурӣ” дар як “иттиҳодия” бо номи “Новороссия” гӯё муттаҳид шуд, то дар оянда ба ҳамин ҳайс ба Русия бипайвандад. Вале сохтори идорӣ дар қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабон чунон мубҳаму нофаҳмост, ки маълум нест, оё “Новороссия” ҳамчун сохтори идорӣ то куҷо амал мекунад.

Таблиғи интихобот дар Донетск

Таблиғи интихобот дар Донетск

Ба фарқ аз тасарруфи Қрим, ки тақрибан бидуни хунрезӣ ба Русия ҳамроҳ карда шуд, қазияи Луҳанску Донетск ба ҷангҳои шадиде печид, ки то имрӯз, ба ҳисоби СММ, беш аз 4000 кушта ба ҷо гузоштааст. Дар моҳи сентябр дар Минск қарордоди оташбасе имзо шуд, ки ба ҷангҳои густарда дар шарқи Украина асосан хотима гузошт, вале даргириҳои пароканда бахусус дар атрофи фурудгоҳи Донетск, шаҳри Мариупол ва чанд рустои атрофи маркази вилояти Луҳанск то ҳол идома доранд ва тақрибан ҳаррӯз аз ин манотиқ дар бораи кушта ё захмӣ шудани ҷанговарон аз ҳарду тараф ва ҳам аз ҳисоби мардуми мулкӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Дар Киев ва ҳамин тавр, дар Аврупову Амрико бар инанд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабиро дар Донетску Луҳанск ва вилоятҳои дигари Украина аз Маскав таҳрик ва бо силоҳу пул ва нирӯ таъмин мекунанд. Маскав инро рад мекунад ва аз Киев тақозо дорад, то бо намояндагони ҷудоиталабон вориди музокироти мустақим шавад.

Дар вилоятҳои Луҳанску Донетск, ки ду маркази асосии саноатии Украина ба шумор мераванд, тақрибан 6,5 миллион нафар аз 46 миллион аҳолии ин кишвар ба сар мебаранд. Тақрибан нисфи онҳоро русзабонҳо ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG