Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии раҳбари муваққати Украина аз "аломатҳои ҷудоихоҳӣ"


Олександр Турчинов

Олександр Турчинов

Раҳбари муваққати Украина аз "аломатҳои ҷудохоҳӣ" ва таҳдидҳо ба якпорчагии ин кишвар дар пайи ошӯбҳои ахир изҳори нигаронӣ кард.

Раиси парлумон ва кафили раёсатҷумҳурии Украина Олександр Турчинов дар вокуниш ба эътирозҳои ахир дар нимҷазираи Қрим, ки бисёре аз сокинонаш аз Русия ҳимоят мекунанд ва мухолифи ҳокимони нави Украинаанд, гуфтааст, нигарони "аломатҳои ҷудоихоҳӣ" ва таҳдидҳо ба якпорчагии ин кишвар аст.

Ҳам Русия, ки аз ҳукумати раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович ҳимоят мекард, ва ҳам кишварҳои Ғарб, ки аз мухолифони ӯ пуштибонӣ карданд, низ аз таҳдиди бесуботӣ ба далели ҷудоӣ байни ғарби Украина ва вилоятҳои русзабони ин кишвар ҳушдор медиҳанд.

Ихтилофоти ахиир сиёсӣ Украинаро ба ду қисмат ҷудо кард. Вилоятҳои шарқ ва ҷануби кишвар бештар майл ба Русия доранд ва ин дар ҳолест ки вилоятҳои ғарби Украина бештар ба сӯи Аврупо мегароянд ва ба ин далел, дар эътирозҳо алайҳи давлати Янукович фаъолтар буданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, як мушовири Янукович тир хӯрда, захмӣ шудааст. Андрей Клюев то рӯзи якшанбе раҳбари дастгоҳи Янукович буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25 феврал дар Киев хотираи беш аз 80 қурбонии даргириҳои ахирро гиромӣ доштанд:



Ташкили ҳукумати нави Украина ба таъхир афтод

Парлумони Украина раъйгирӣ дар масъалаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро то рӯзи панҷшанбе ба таъхир гузошт. Интизор мерафт, ки раъйгирии масъалаи такшили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Верховни Рада – парлумони Украина – рӯзи сешанбе, 25 феврал сурат бигирад. Аммо Олександр Турчинов, раиси парлумон ва кафили раёсатҷумҳурии Украина ба вакилон гуфт, раъйгирӣ ба хотири ироаи фурсати бештар барои машваратҳо ба таъхир андохта шуд.

Турчинов аз рӯзи 22 феврал, дар пайи барканории Виктор Янукович аз мақоми президентии Украина муваққатан аз тарафи парлумон кафили раёсатҷумҳурии Украина таъин шуд.

Рӯзи 25 феврал Кумиссиюни марказии интихоботи Украина ҷадвали замогӣ барои интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ин ҷумҳуриро, ки қарор аст, рӯзи 25 май доир шавад, нашр кард. Тибқи ин ҷадвал, сабти номзадҳо барои ширкат дар ин корзор то 4 апрел давом хоҳад кард.

Парлумони Украина рӯзи шанбе дар пайи барканории Виктор Янукович аз мақоми президентӣ ва таъин кардани Олександр Турчинов ба ҳайси кафили раёсатҷумҳурӣ интихоботи пеш аз мӯҳлати президентиро даъват кард. Янукович ҳамон рӯз ҳанӯз қабл аз раъйгирӣ Киевро тарк кар ва макони кунуниаш маълум нест. Бино ба охирин гузориши расида, Януковичро дар ниҷазираи Қрим, ки мақомоташ аз ӯву аз Маскав ҳимоят мекунанд, дидаанд.

Сергей Лавров

Сергей Лавров

Маскав аз тағйироти сиёсие ки дар Украина пеш омадааст, ҳамчунон башиддат интиқод мекунад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 25 феврал тасмими баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Украинаро ба боди интиқод кашид. Лавров гуфт, ин иқдом бар хилофи созишест, ки рӯзи 21 феврал бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо ба хотири ҳалли буҳрони сиёсии Украина имзо шуда буд. Ин созиш аз ҷумла қабл аз интихобот анҷом додани ислоҳоти Қонуни асосиии Украинаро дар назар дошт.

Сергей Лавров, ки дар Маскав дар нишасти муштараки хабарӣ бо вазири хориҷаи Люксембург Жан Асселборн сӯҳбат мекард, гуфт, Украинаро набояд ба интихоб байни Ғарбу Русия маҷбур кунанд. Ӯ афзуд, “талоши дар пешорӯи интихоби усулие, мисли “Шумо ё бо моед, ё ба зидди мо” талоше хатарнок ва беҳосил аст.”

Кетрин Эштон ва раҳбари муваққати Украина Олександр Турчинов. Киев, 24.02.2014

Кетрин Эштон ва раҳбари муваққати Украина Олександр Турчинов. Киев, 24.02.2014

Бо ин ҳол, дипломатҳои ғарбӣ мулоқотҳоеро бо раҳбарони нави Киев ба манзури даъвати онҳо ба ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ба нақша гирифтаанд. Муовини вазири хориҷаи Амрико Вилям Бёрнс рӯзи 25 феврал вориди Киев мешавад. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон субҳи имрӯз бо сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко, ки дар пайи суқути давлати Янукович аз зиндон раҳо ёфт, мулоқот кардааст.

Амрико дирӯз гуфт, ки Янукович дигар амалан раисиҷумҳури фаъоли Украина нест. Аммо Кохи Сафед аз изҳори назар дар ин бора ки оё киро дар ҳоли ҳозир раҳбари қонунманди Украина мешиносад, низ худдорӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, ба қонунмандии ҳукумати нави Украина шак дорад.

Мақомоти нави Украина мегӯянд, амри боздошти Виктор Януковичро бо иттиҳоми “куштори дастаҷамъӣ” содир кардаанд. Дар ҳафтаи гузашта дар даргириҳо байни эътирозгароне, ки истеъфои Януковичро мехостанд, ва нирӯҳои пулис беш аз 80 кас кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG