Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Украина аз Душанбе дидан мекунад


2 сентябри соли 2011, Душанбе

2 сентябри соли 2011, Душанбе

Эҳтимолан Раҳмон ва Янукович мавзӯи истирдоди Абдуллоҷоновро баррасӣ кунанд.

Охири ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон бо як сафари расмии дурӯза президенти Украина Виктор Янукович сафар хоҳад кард. Қарор аст рӯзҳои 17-18 март президентони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович мулоқоти дуҷонибае барпо карда дар паи он як бастаи созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ имзо шавад. Бори охир Янукович аз Тоҷикистон сентябри соли 2011 дидан кардааст.

Маълум нест, ки оё дар ин сафар сарнавишти нахуствазири собиқи боздоштшудаи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов баррасӣ мешавад, ё на. Абдуллоҷонов 5 феврал ба ҳангоми расидан ба фурудгоҳи “Бориспол”-и канори Киев аз ҷониби Интерпол боздошт шуд. Дар Тоҷикистон ӯро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои сангин гунаҳгор мекунанд. Айни замон, тибқи иттилои ҳуқуқшиносон, Украина ҳақ надорад шахси дорандаи мақоми паноҳандаи сиёсиро ба зодгоҳаш истирдод кунад. Ба ҳимояи ӯ ахиран СММ ва Амнести Интернешинал садо баланд карданд.

То ҳол ҳамкории Тоҷикистон бо Украина дар бахши энергетика, аз ҷумла бо корхонаи “Турбоатом” муассир будааст. Соли гузашта ба нирӯгоҳи Нораки Тоҷикистон аз ин корхонаи воқеъ дар шаҳри Харкови Украина чархаи сеюми генератор, ки арзишаш на камтар аз 5 миллион доллар мебошад, оварда шуд. Душанбе умедвор аст, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Украинаву Тоҷикистон густариш меёбанд ва инчунин, шумори донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Украина афзоиш хоҳад ёфт.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG