Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 16-ум то 25-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин Бозиҳои осиёии наврасон баргузор мешаванд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар шомиланд, ки 5 нафарашон духтаронанд. Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар 5 ришта – вазнабардорӣ (1 нафар), варзиши сабук (2 нафар), дзюдо (5 нафар), тирпарронӣ (3 нафар) ва шиноварӣ (1 нафар) рақобат хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин Бозиҳо барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014 дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд.”

Дарвоқеъ, варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст оварда буданд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг барандаи медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до ВТФ дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буданд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои осиёии наврасон шаби 14-ум ба 15-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Нанҷинг озими Чин мешавад.

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон дар Нанҷинг рӯзи 16-уми август доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG